ГУРЎҲИ ТАБЛИҒОТӢ ДАР НОҲИЯ КОРБАРӢ НАМУДА ИСТОДААНД

 

         Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар ҳамбастагӣ бо шӯъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш,  бахши кор бо занон ва оила ва  шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИҲХДТ дар ноҳия бо аҳолии деҳаҳои Варзоб, Ғажне, Хоҷаобигарм, Ҳушёрӣ, Зимчуруд, Ғусғарф, Пурзобод, Лучоб ва Ҷангалак ва байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии №1, 2, 3, 4, 6, 8, 53, 33, 50 ва волонтёрони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия корҳои фахмонидадиҳӣ гузарониданд.

      Мавзўи корҳои фаҳмонидадиҳӣ расонидани муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26  январи соли 2021, гиромидошти муқаддасоти миллӣ аз ҷумла забони давлатӣ, таблиғи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон –Ватани азизи ман”, “Илм –фурўғи маърифат”, пешгирии  унсурҳои номатлуб, аз қабили экстремизму терроризм, нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, пошхўрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, зўроварии хонаводагӣ, иҷрои Ќонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи  танзими анъана ва љашну маросим дар ҶТ” иборат буда, њамзамон оид ба омодагӣ ба истиқболи сазовори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз ҷониби масъулин мавриди таблиғу ташвиқ қарор гирифт. Дар рафти баргузории вохўриҳо оид ба пешгирии бемории коронавирус, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва муҳофизатӣ махсусан таъкид гардида, 650 варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуданд.

          Гурўҳи таблиғотии ноҳиявӣ тасмим гирифтааст, ки дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ин гуна корҳои таблиғотиро баргузор намояд.

 Мудири бахши рушди иљтимої ва робита бо љомеа                Т. Шокирова