Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷавонон хатар пайдо мекунад.

    Дар таблиғи фикру ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногун ва давлатҳо  корбарӣ намуда, андешаҳои ҷавононро тавассути таблиғҳои бардурӯғ тағйир дода ба сӯи худ мекашанд. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии ин гурӯҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист. Махсусан барои гирифтани нуқтаҳои коркарди нафту газ ва дигар сарватҳои зеризаминӣ, ки миллиардҳо арзиш доранд ҷаҳд мекунанд. Лекин пеш аз гирифтани боийгариҳои ҳар як сарзамин, аввал ҳамон минтақаро хароб гардонида, ба ҷангҳои бародаркушӣ, бесарусомонӣ ва поймолкунии ҳуқуқҳои инсонӣ оварда мерасонанд. Рӯҳониён ва исломшиносон дар чорабиниҳои  динӣ бисёр таъкид кардаанд, ки рафторҳои ин ҳайати ифротгароӣ ва дигар гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд бо дини исломи ҳақиқӣ ягон алоқамандие надоранд. Дар натиҷаи амалиётҳои нопоки худ онҳо хуни ҳазорҳо нафар шаҳрванди бегуноҳро мерезанд, кӯдакон бесарпаноҳ мемонанду занон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе нафарон бошанд барои халос ёфтан аз ин  нопокиҳо даст ба гурезагӣ мезананд.

     Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷангу хунрезиҳоро дар кишварҳои Шарқи Наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

    Ба ҳамагон маълум аст, ки гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

    Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

      Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Африқо ба мисоли Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.

     Дар Тоҷикистон ҳизби террористии исломӣ бо номи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон  бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ фаъолият мекард ва нафарони зиёдеро низ дар оғоз тавонист ба узвияти худ шомил намояд. Аз аввал  чеҳраи сиёсӣ ва манфӯри ин ҷоҳталабон барои ҳамагон равшан набуд . Вале бо мурури замон  мақсаду мароми  онҳо  миёни мардум ошкор гардид. Сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва қурбони беадолатӣ гардидани 150 ҳазор нафар шаҳрвандон  ҳамин ҳизби бо ном исломӣ буд. Тайи чанд соли охир хушбахтона бо амри Прокрори генералӣ фаъолияти ин ҳизб боздошт гардида  ва саркардагони он қисман ба ҷавобгарӣ кашида шуда гурӯҳи дигарашон дар хориҷи мамлакат ба тӯҳмату дасисабозӣ машғуланд.

    Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз зери қаноти хоҷагонаш ба сӯи роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он санги ғаразнок партофта мехоҳад, ки мамлакати амну оромро боз аз нав бо дасисаҳои худ ба коми оташ кашад. Вале дигар халқи тоҷик кайҳост, ки ҷои худро шинохтааст ва он дигар ҳаргиз гумроҳ нахоҳад шуд.  Ту Кабирии бадаъмол дигар наметавони ақлҳои ин мардуми тамаддунофар ва фарҳангиро бо пардаи сиёҳи ғаразҳои шахсият тира гардонӣ. Мо ҳаргиз ба ту дигар бовар намекунем ва Тоҷикистонамонро ба дасти ту ва ту баринҳо нахоҳем дод.

    Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Ш.Бобоев, М.Ғаниев, М.Шарипов, сокинони н. Варзоб.