Ислом комилан зидди терроризм аст. Зеро ин дин раҳмате барои башарият мебошад. Дар Қуръон ояте наметавон ёфт, ки зулму ситам ва хушунатро ҷонибдорӣ намуда бошад. Ислом баробарию бародарӣ ва меҳру шафқатро миёни пайравонаш ташвиқ мекунад ва Расули Акрам, ки пешво ва даъватгари ин дин мебошанд, барои густариши сулҳ, оромиш ва раҳмат байни мардум машҳур гардидааст.
Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷа истода, тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳои моҳвораӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу суббот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳаракатҳо, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиребанд ва онҳоро муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Мо танҳо дар бораи терористони хориҷӣ намегӯем. Дар дохили кишвар низ нафароне ҳастанд, ки ба ҳар роҳу восита мехоҳанд сиёсати пешгирифтаи давлатамонро танқид кунанд ва барои ин аз дини мубини ислом истифода баранд.
Бовар кунед, ин дини бузург, имрӯз бозичаи афроди бадхоҳ ва баъзе гурӯҳу ҳизбҳои ба ном исломӣ шудааст. Мо хуб солҳои 90-умро дар ёд дорем. Дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис ва тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши мардум мешуд, ки дар натиҷа мардум чунон аз хоб хестанд, ки қариб буд, ки миллату давлат аз байн равад.
Дар ин маврид мехоҳам суханони таърихии Ҷаноби Олиро ёдовар шавам, ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён иброз намудаанд:
«Ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Мубориза бо экстремизм, терроризм ва ҷинояткориро ҳаргиз чун мубориза бар зидди дин муаррифӣ набояд кард».
Имрӯз олами ислом ба қатл, талаву тороҷ, ваҳшату даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ ва аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешаванд.
Дар ҷаҳони муосир ташкилотҳои террористии бешумор амал мекунанд, ки хунхортарини онҳо «Давлати исломии Ироқу Шом» мебошад. «ДИИШ» худро ҳомии дини ислом меномад ва ҳамеша аз номи ин дини муъбин сухан мегӯяд.
Ин ташкилот созмони мусаллаҳи террористӣ аст, ки зери ақидаи Салафияи ҷиҳодӣ фаъолият карда, ҳадафи аъзоёни он гӯё ташкили Хилофати исломӣ дар ин минтақа ва тадқиқи шариати дини Ислом аст.
Тамоми уламои исломӣ имрӯз муқобили «Давлати исломии Ироқу Шом» баромада, изҳор намуда буданд, ки «халифаи мусулмонҳо бояд аз ҷониби тамоми пайравони ин дин ё намояндаи онҳо, аз қабили ходимони дину донишмандон ва ҷамъиятҳои исломӣ интихоб шавад. Аммо ин, ки як гурӯҳ имрӯз халифаро интихоб мекунаду аз ташкили хилофати исломӣ хабар медиҳад, зидди тамоми меъёрҳои шаръӣ аст».
Моҳи июни соли 2014 Абӯтуроби Мақсидӣ, яке аз роҳбарони ДИИШ изҳор дошт: «Бо изни Аллоҳ ва бо роҳбарии шайх Абӯбакри Бағдодӣ мо Хонаи Каъбаро вайрон мекунем ва ҳамаи ҳоҷиёнро ба қатл мерасонем …»
Мо аз Қуръони карим медонем, ки яке аз душманони Худо-Абраҳа низ мехост Хонаи Худоро вайрон кунад, аммо Соҳиби Хона-Худои тавоно ҷазояшро дод (Сураи «Фил»).
Ҳамин ниятҳои палиди ДИИШ буд, ки чанд сол пеш хабари марги пешвои ДИИШ Абӯбакри Бағдодӣ пахш шуд, ки аз интиқом ва ҷазои Худованд дарак медиҳад.
Биёед назар кунем, ки ташкилоти ДИИШ чи ҳаракат аст ва чаро аз номи ислом сухан мегӯяд? Барои шумо якчанд «Қаҳрамониҳо»-и онҳоро баён мекунем:
1.Такфир-кофир эълон намудани нафароне, ки ҳамақидаи онҳо нестад. Ҳамин тариқ ҷоиз донистани рехтани хуни мусулмонон, иззату обрӯ, таҷовӯз ба номуси занону духтарони онҳо;
2.Қатли ом;
3.Бераҳмона сар задании занону духтарон
4.Аз байн бурдани миллатҳо
5.Оташ задании хонаи мусулмонон
6.Тарконидани масҷидҳо
7.Ѓулом намудани занону кӯдакон
8.Ҳалол шуморидани зино
9.Истифодаи тамоми намудҳои аслиҳа бар муқобили мусулмонон
10.Талаву тороҷи мардум
11.Аз номи ислом даъват ва гумроҳ намудани ҷавонон ва садҳову ҳамкорӣ ва беадолатиҳои дигар…
Мисолҳое, ки барои исбот кардани ин гуфтаҳо ҳаст ин аст: Террористон дар Покистон 500 нафар кӯдаконро гаравгон гирифта, дар мактаб нигоҳ дошта буданд. Дар натиҷаи таркиш ва тирпаррониҳо зиёда аз 150 тифли бегуноҳ кушта ва нафари дигар захмӣ гаштанд, ки дар Ироқ 150 занону духтарон бо ҷурми сарнафаровардан дар назди золимон бераҳмона ба қатл расонида шуда буданд. Дар Яман якбора якчанд таркиш рух дода буд, ки дар натиҷа мусулмонони бегуноҳ кушта ва маҷруҳ гаштанд.
Оё рехтани хуни ноҳақ ҷиҳод аст, оё сар задани занони ҳомиладор ҷиҳод аст? Ҳаргиз чунин нест.
Пешвоёни «Давлати исломии Ироқу Шом» боисти фодаи ниқоб (маска)-и ҷавоноро гумроҳ намуда, онҳоро ба сафи худ шомил мекунанд, ваъдаи биҳишт медиҳанд, ризогии Худоро кафолат медиҳанд, агар нафаре кушта шавад, ба хонадони ӯ «хушхабар» медиҳанд, ки шод бошед фарзанди шумо шаҳид шуд.
Мафҳуми терроризм ва экстремизм то ҳол мафҳуми мушаххас надорад. Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад . Ифротгароӣ ё худ экстремизм маънои истифода аз василаву абзхорҳои номуносибу мамнӯъ барои ба даст овардани аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад. Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба марзиниҳоии худ расидааст. Ҳарду низ боиси аз байн рафтани субботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд. Имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботи амнияти ҷаҳонист. Ин падида, инчунин бо қавм, фарҳангва дини мушаххасе рабте надорад.
Мо бояд ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намуда, фарзандони худро аз доми фиреби чунин «исломгароён» эмин нигаҳ дорем.
Моро лозим аст, ки хатои Ироқу Либияро такрор накунем, балки аз хатои онҳо ибрат гирем, ба иғвоҳо дода нашуда, дар атрофии Сарвари давлат-пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шавем, дар ҳимояи дину ватани азизамон ҳамачун як танпойдор бошем. Мо бояд ҳаминро дарк кунем, ҳар иқдоме, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ мешавад, танҳо ба хотири сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва осудаҳолии мардум буда, Сарвари давлат ҳама чораҳоро меандешанд, ки Тоҷикистони азиз аз воқеаҳои олами ислом эмин бошад, зеро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кафили сулҳанд! Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон таъкид доштанд. Мо бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ истифода намоем.
Ҳар фарди бедордилу солимфикр, агар шароити дирӯзу имрӯзи кишварро бо вазъи имрӯзӣ қиёс намояд, возеҳу равшан мебинад, ки ваҳдати комил, амнияти саросарӣ, пешрафти иқтисодӣ ва ободиву шукуфоии ватани маҳбубамон дар ҳар гӯшаву канори он ба назар мерасад. Маҳз ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту тавсеаи Ватанамон мо бояд аз низом ва роҳбари давлат ҷонибдорӣ кунем.