Ифротгароӣ падидаи нав набуда он солҳои сол аст, ки амал карда истодааст. Он нафақат дар доираи дин аст, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Солҳои охир тибқи маълумотҳо ҳолатҳои рӯ овардани ҷавонони тоҷик ба гурӯҳҳои ифротӣ ба мушоҳида мерасад. Якчанд омилҳоеро метавон зикр кард, ки сабабгори шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротианд. Аз ҷумла надоштани дониши қазоии диннӣ ва дунявӣ, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ сатҳи бекорӣ сабабгори шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Мутаасифона имрӯз ҷавонон ба манбаҳое даст меёбанд, ки барояшон маълумоту фатвои бардуруғ дода онҳоро гумроҳ мекунанд. Дар асл мақсади онҳо ҳам гумроҳ кардани ҷавонон ва шомил намудани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мебошад. Бояд гуфт, ки аксари таҳлилгарон дар он назаранд, ки сатҳи дониши диниву маърифатии ҷавонон хело поён рафтааст, ки дар бисёр маврид онҳо ба оддитарин масъалаҳои хурофоту дин, ақидаҳои ботилу воқеъӣ фарқ гузошта наметавонанд.

Терроризм - ин содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидан ё расонидани таъсир мебошад.

Ман ҳамчун як ҷавони даврони соҳибистиқлоли кишвар таманои онро дорам, ки ҳамеша ватану миллати худро дӯст доранд ва ҳимоятгари ин сарзамини аҷдодӣ бошанд. Мо ҷавонон имрӯз ифтихор аз он мекунем,  ки дар чунин давлати озоду зебо зиндаги намуда истодаем.

Бинобар ин мо ҷавонон бояд ба он фатвоҳое, ки имрӯза чалламуллоҳо баровардаанд бовар накарда, ҳамеша дар фикри оромиву осудагӣ ва пешрафти кишвари азизи худ саҳмгузор бошем. Бо дарназардошти ин мо ҷавононро зарур аст, донишу малакаи худро барои боз ҳам ободу зебо ва ба як мамлакати тараққӣ карда табдил додани ҷумҳуриамон саҳми арзанда худро гузошта тавонем.