Печать
Диданд: 1007

Яке аз масъалаҳои чиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмиллалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои чаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксари ин амалҳо зери инқилоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд суръат мегирад.

Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурeҳҳои номатлуб шомил шуда ба роҳи чалби пинҳонӣ ва тадричан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери     ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гуруҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо чавононе кор мекунанд, ки тачрибаи кофии рузгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон сатҳӣ буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашоқӣ, бекорӣ, муҳочират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди чалбшаванда, тадричан ноаён суръат мегирад ва зериниқоби асосҳои диние, ки батарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натича фурсатеро, ки дахолат карданд ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Дар мавриди тадбирҳои пешгирӣ дер намудан ва беаҳмияти зоҳир намудани чомеа боиси вусъат пайдо намудани радикализм, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни чавонон мешавад.

Бо мақсади тавзеҳи бештари масъала бояд сараввал мафҳумҳои асосиро шарҳ диҳем:

«Тундгароӣ – дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммул нопазир. Тундгароиро метавон ба динӣ, сиёсӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ва ғайра чудо намуд. Раванди тундгароии чомеа -  назари дигарро таҳамул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намекунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд».

Ифротгароӣ – зоҳир гардидан ё амалиёти ифротгароёнаи чомеа, ки бештар мустақиман ба сохти сиёсии чомеа, гурeҳ ё фардҳои алоҳида хатар ба вучуд меоваранд. Ифротгароӣ ба ичтимоӣ, миллӣ, сиёсӣ ва динӣ чудо мешаванд. Амалиётҳои сиёсии ифротгароӣ дар шаклҳои гуногуни фаъолият, аз зуҳуроти аз кониститутсия берун нараванда, саршуда, ба шаклҳои шeриш, фаъолияти исёнгарона, терроризм суръат мегирад.

Даҳшатафканӣ (терроризм) – шакли ниҳоии хеле хатарноки ифротгарой дар миқёси чаҳонӣ ва динӣ мебошад ва пеш аз ҳама ба одамони бегуноҳ таҳдид менамояд.

Даҳшатафканӣ аз руи моҳияти худ истифода ва таҳдиди мунтазами истифодаи зуроварист, ки аз нигоҳи ичтимоӣ, сиёсӣ ё идеологӣ асоснок шудааст.

Даҳшатафканӣ як чанд унсури ба ҳам марбутро дар бар мегирад:

Ифротгароӣ ва шакли он – даҳшатафканӣ ҳам барои чомеаи чаҳонӣ ва ҳам барои чомеаи мо хатари чиддии воқеӣ доранд.

Интернет бо даъватҳои дар тамоми чаҳон паҳншавандаи иштирок дар чиҳод, дастурамалҳои тайёр кардани бомба ва қоил шуданҳои машҳури шаҳидон, дар паҳншавии босуръати экстремизим нақши калон мебозад.  Он ба воситаи чат ва форумҳои мубоҳисавӣ барои муошират имкон муҳайё менамоянд, ки тамоми мучоҳидони оламро пайванд месозад.

Чор марҳиллаи тундгароишавӣ:

Танҳо гузоштани инсон.

Ҳаммонанд шуданд бо таълимоти ифротгароёни гурeҳ. Одам аз одату муносибатҳои пештараи худ даст мекашад, кушиш менамояд, ки зиндагӣ рафтор ва тарзи либоспушии худро бо зиндагии чамоаи нави худ мувофиқ намояд. Раванди тундгароӣ метавонад ноаён бошад ва хеле оромона суръат гирад. Дурӣ xустан аз чомеа, тағйири рафтор, қатъӣ муносибат бо оила метавонад ҳамчун огоҳӣ хизмат намоянд, вале бар сари худ наметавонанд нишонаҳои аниқи тундгароӣ бошанд.