Чуноне, ки қайд намудаанд  «Терроризму экстремизм ватан, дин, мазҳаб надорад», балки он хатари воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист. Терроризм чун вабои асри  ХХ1 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳамулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд.

       Хусусан  дар шароити имрӯза қайд намудан зарур аст, ки терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷои аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба падидаи мудҳиши умумибашари табдил ёфтааст. Аз ин лиҳоз вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Чунки тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона, ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳангӣ миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Бахусус имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспушии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари беиттилоотӣ ва бехабари аз асли масъала мебошад.

       Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои нодурусти   худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳангӣ  миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳи надоранд, ба сӯи ифроту ифротгарои ҷалб намоянд. Бинобар ин бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти диниро пурра дарк намуда, кушиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд

       Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳасос ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарбия намуда, шукри истиқлоли Ватану давлатро намоем. Шукри суботу оромии кишвари азизамонро карда, барои ваҳдати ҷомеъа талош намоем ва ба бегонапарастӣ ва дигар омилҳои носолим роҳ надоданро вазифаи муқаддасӣ худ шуморем.

Мутахассиси шӯъбаи                    

Агентии меҳнат ва шуғли        

аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб

Бобоев Шамшод Қурбоналиевич