«Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама, ба зиммаи Шумо ҷавонони баору ғаюр ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба қадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед».

                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонӣ зиннату зеби ҳаёт аст. Аммо, аз ҳама ҷиддитар, ҷавонӣ айёми захира кардан ё ба қавле, хӯшачинии ҳар як инсон аст. Аз  ин лиҳоз ҷавонон ва наврасон бояд аз пайи донишомӯзӣ ва илмазбаркунӣ бошанд, на думболи чизи дигар. Агар имрӯз мо ҷавонон наҷӯему наомӯзем, мафкураи хешро аз донишҳо васеъ насозем, фардо дер хоҳад шуд. 

Дониш чун чароғи равшан аст, агарчӣ бисёр чароғҳо аз ӯ барфурӯзанд, вале ҳеҷ нури ӯ кам намешавад.

Ҷавонон ва наврасони азиз мулоҳизакор бошед. Ҳамчунин бадро аз нек, дӯстро аз душман фарқ кунед ва гармию сардии ҳаётро ҳамаҷониба дар тарозуи ақл ба хубӣ ва уҳдабароёна баркашед, шахсияти худро поймол накунед, ба қадри илму дониш, меҳнати падару модарони худ расед.

Ҷавони комил ҳеҷ гоҳ пайи хислатҳои номатлуб равона нест. Ҷавони комилу соҳибхирад аз бадон худро канор мегирад. Дар ҷамъомаду нишастаҳои номатлубон иштирок намекунад.

Дар ҷомеаи имрӯзаи мо баъзе аз ҷавонону наврасон ба баҳонаи паст будани шароити оилавиашон даст ба ҳар гуна амалҳои номатлуб мезананд. Ҳамчунин, аксари волидон ҳам  бошанд, боре фикри ояндаи фарзандонашонро накарда, дар бештари маврид онҳоро барои иҷрои ҳар гуна корҳо равона мекунанд. Дар натиҷа баъзеи онҳо, аз соддагиву зудбовариашон ба доми ҳамсолони ҷинояткори хеш гирифтор шуда, қонуншиканӣ мекунанд.

Маъмурияти муассисаҳои олӣ ва таълимӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеа, волидон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот рисолати худро, ки ба роҳи дуруст ҳидоят намудани ҷавонону насли наврас ва пешгирӣ кардани ҳамагуна амалҳои ношоиста дар байни ҷавонону ноболиғон мебошад, бо салоҳияти баланд иҷро намоянд, олам гулистон ва ҳам сафи ҷавонону ноболиғони душвортарбия дар ҷомеа кам мешаваду ҳам теъдоди ҳуқуқвайронкунӣ дар байни онҳо.

Ҳамин гуна камбудиҳои ҷойдошта дар масъалаи таълиму тарбияи баъзе аз ҷавонону наврасон дар бештари маврид боис мегардад, ки баъзеи ҷавонону наврасони беҳудагард ба гуруҳҳои ғайриқонунии ҷинояткор ҳамроҳ гардида, даст ба дуздиву ғоратгарӣ ва роҳзанӣ мезананд.

Воқеан, агар сари вақт паҳншавии чунин амалҳои номатлуб дар ҷомеа гирифта шавад, ҳуқуқвайронкуниву қонуншиканӣ миёни ҷавонону ноболиғон кам мегардад. Гузашта аз ин, агар дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст, ҳамагон саҳмгузорӣ намоем, дар андак муддат мебинем, ки ин саъю талошҳои мо самараи дилхоҳ медиҳад. Муҳим аз ҳама мо ҳамагон бояд дар масъалаи тарбияи ҷавонону насли наврас бетарафӣ зоҳир накунем.

Чуноне, ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз  суханронияшон қайд карда буданд, ки: «Ҷавонон ҳамчун давомдиҳандагони татбиқи ҳадафҳои олии мо имрӯзҳо бо азму иродаи қавӣ ба хотири пешрафти ояндаи Ватани маҳбубамон саъю талош карда, бештари соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд».

Дунё бо ҷавонон ва наврасон зебост. Бинобар ин бояд ҷавонон ва наврасон ҳамеша солим бошанд.

Бояд қайд кард, ки дар ин ҷо бемасъулиятии баъзе аз волидон нисбати тақдири фарзандон баръало ба чашм мерасад, зеро онҳо худ фарзандонашонро маҷбур месозанд, ки ба ҳар гуна роҳ пули бедарду миён ба даст оранд. Падару модарони онҳо намеандешанд, ки фарзандони эшон бояд дар ин синну сол дарс хонанд, забон омӯзанду аз навигариҳои илми замон бохабар гарданд. Ин гуна беаҳамиятии волидон боис мегардад, ки фарзандони онҳо даст ба ҷиноят мезананд.

Агар дар ин ҷамъият ҳар як падару модар ва масъулин вазифаи аввалиндараҷаи худро росту дуруст иҷро намоянд, бисёр камбудиҳо бартараф мегарданду сатҳи ҷинояткорӣ паст мешавад.

Сабабу омилҳои баландшавии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон ин пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани маърифати ҳуқуқии бархе аз падару модарон, тарбияи дуруст нагирифтан дар мактаб ва ахлоқи бад пайдо кардан дар ҷамъият мебошад.

Яке аз сабабҳои сар задани ин гуна ҳолатҳо аз инҳо иборат мебошад, аз ҷумла:

_ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар;

_ дар сатҳи паст баргузор кардани корҳои тарбиявӣ дар кули муассисаҳои таълимӣ;

_ зиёд гаштани марказҳои компютерӣ;

_ малакаи пасти саводнокии баъзе ҷавонону наврасон;

_ дар оилаҳои носолим тарбия гирифтани ноболиғон ва ғайраҳо.

  

Олимзода Орифљон Олим

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб