БАРОМАДИ  РАИСИ  НОҲИЯИ ВАРЗОБ

МУҲТАРАМ  ШЕРАЛИЗОДА

МУҲАМАДУЛО  УМАР 

БАХШИДА  БА

РЎЗИ  ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ 

ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

 

 

Дўстони азиз!

Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

 

Парчами давлатии Тоҷикистон рўзи 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бори нахуст чоли 2009 санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

Боиси сарфарозиву ифтихори миллати тоҷик буд, ки истифода аз ҳуқуқи ташаббускории қонунгузории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар сол 24-ноябр Рўзи Парчами давлатӣ таҷлил гирифта мешавад.

Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

Бинобарин бо камоли самимият Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шаафманди ноҳия самимона табрик гуфта, муваффақияту комёбиҳои шоиста орзу менамоям.

 

Ҳозирини гиромӣ!

 

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории замони мо, таҷассумгари асосҳои  таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Миллате, ки Нишону Парчам ва Суруди миллии худро надорад, аз арсаи таърих ғайб мезананд.Рамзҳои давлатӣ аломатҳое мебошанд, ки як миллатро дар байни мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд ва таърих тамаддун , гузашта имрўза ва ояндаи миллатро таҷассум мекунанд.

Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва фарҳанги бой, соҳиби давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои муттамарказ ва рамзу  рукнҳои худ буд. Агар ба таърих нигарем аксарияти муҳаққиқон ва олимон ба хулосае омаданд, ки дар давоми бештар аз чорҳазор соли  маълуми таърихӣ дирафшҳо, ки аввалии онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст, дирафши давлатиро ба вуҷуд овардаанд, ки ба олматҳои имрўза шабоҳат доштанд.

 

Ҳозирини гиромӣ!

Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба кадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддасоти Ватани соҳибистиқлол аз ҷумла вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандони аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.

Парчам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон буда, дар баробари дигар муқаддасот аз ҷумла нишони давлатӣ ва акси сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи толорҳо, Вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаю консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар утоқҳои хизматии ашхоси мутассадию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун гузошта шуда, партавафшонӣ мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди  бинои Созмони Миллали Мутаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи дигар давлатҳои олам  Тоҷикистони соҳибистиқлолро муаррифӣ месозад, ки боиси ифтихори мардуми тоҷик мебошад.

Парчами имрўзаи давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Он рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода менамояд. Бо дидани Парчам ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди ватан боло мегирад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз ҷониби шаҳрвандон нисбат ба Парчами давлатӣ садоқату эҳтиром ба ҷо оварда мешавад.

Рангҳои сурх, сафед ва сабз ва расми тоҷу ҳафт ахтар дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари рамзҳои барои миллати мо муқаддас, соҳибихтиёрии давлатии Тоҷикистон  мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки ҳангоми сурудани Суруди миллӣ, зимни бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну намоишҳои пурнуфузи баландпояи байналмиллалию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ ғурур  ва хисси миллиро баланд мебардоранд, ҳатто то андозае, ки аз чунин ифтихорот дар чашмҳо ашки шодӣ халқа мезанад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун таҷассуми  умеду ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон ҳамеша партавфишон хоҳад монд ва зери ин ливо мо дар роҳи ободониву гул-гулшукуфонии Ватани азизамон ба дастовардҳои бузург ноил хоҳем гашт.

Дар ҳамин замина Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид менамоянд, ки «Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рўҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад.

Аз ин рў ҳар як фарди ҷомеа бахусус насли ояндасози миллат бояд аз Парчами миллии худ ифтихор намояд ва эҳтироми онро ҳамчун рамзи пойдории давлату миллат ба ҷо оварад. Зеро эҳтирому арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа ва сарчашмаи ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ мебошад».

 

Ҳозирини гиромӣ! 

Бо ҳамин орзуҳои нек, бори дигар ҳамаи шумоёнро ба ин рўзи фирўз ва хотирмон табрику таҳният гуфта, ба Шумо сиҳатию саломатӣ, рўзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами миллӣ чун меҳру муҳаббат ба ватанамонро таманно дорам. Бигзор Парчами  давлатии Тоҷикистон ҳамеша парафшону човидон монад!

 

Саломату сарбаланд бошед!