Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
- Мутахассиси пешбари бахши фарҳанг-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари шуъбаи кишоварзӣ-1 ҷой, маоши мансабӣ – 768 сомонӣ.
- Мутахассиси шуъбаи аттестатсионии Раёсати маориф-1 ҷой, маоши мансабӣ – 630 сомонӣ.
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳия
- Сармутахассиси (муҳандис – заминсози) Ҷамоати деҳоти Зидеҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷамоати деҳоти Зидеҳ–1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Зидеҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассиси (муҳандис – заминсози) Ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассис (сармуҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Деҳмалик – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти Деҳмалик-1 ҷой, маоши мансабӣ – 732 сомонӣ.
- Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Деҳмалик- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ.
- Сармутахассиси (муҳандис – заминсози) Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Мутахассиси пешбари (робита бо ҷомеа)-и Ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа- 1 ҷой, маоши мансабӣ – 600 сомонӣ.
- Сармутахассиси (муҳандис – заминсози) Ҷамоати деҳоти Чорбоғ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассис- омори Ҷамоати деҳоти Чорбоғ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
- Сармутахассиси (муҳандис – заминсози) Ҷамоати шаҳраки Такоб– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 894 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд
- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли №038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби сармутахассис
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар
- таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансаби мутахассис
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Ноҳияи Варзоб, мавзеи Зоғар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб, ошёнаи 1-ум. Телефон: (8-31-53) 52-11-98, Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ё дар сомона http://varzob.tj/tj/