Печать

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иҷрои супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 2019, №16/10-236 ва аз 10 октябри соли 2019, №16/10-229 оид ба таъмини ғолибони даври ноҳиявӣ дар баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, ки рӯзҳои 27-29 ноябри солӣ ҷорӣ дар Қасри фарҳангии шаҳри Ҳисор баргузор гардид, тадбирҳои мушаххас андешид.

Лозим ба ёдоварист, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019, №АП1165 бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 06 марти соли 2019, №70 ба роҳбарӣ ва иҷро гирифта шуда, даврҳои аввали озмуни мазкур дар ноҳия тибқи муқаррароти тартиби баргузорӣ гузаронида шуданд. Дар баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ғолиби озмун Меликшоева Шоҳбегим дар номинатсияи аз ёд кардану хондани адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 1-ум, Ҷалилова Фараҳноз донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти классики тоҷик дар ҷойи 2-юм ва Нигораи Наврӯз хонандаи муассисаи таълимии №44 дар номинатсияи аз ёд кардану хондани адабиёти муосир ҷойи сеюмро ишғол намуд. Раҷабова Миҷгона хонандаи муассисаи таълимии №5 ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни мазкур дар ноҳия низ шоистаи таҳсину офарин гардид.

 Омодасоз Таманно Шокирова