Таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон

   Рӯзи 31-уми май дар ноҳияи Варзоб бахшида ба Рӯзи байналмилалии ќӯдакон дар Қасри фарҳанг чорабинӣ доир карда шуд. Раиси ноҳияи Варзоб мӯҳтарам Муҳамадулло Шерализода зимни сухани табрикии хеш кӯдакону наврасонро табрик намуда, ҳамзамон аз ғамхориҳои давлату Ҳукумат ва Пешвои муаззами миллат  ҷиҳати пуштибонӣ аз ҳуқуқи кӯдакон ва бунёди муассисаҳои таълимию томактабӣ, муҳайё намудани шароити мусоид барои таҳсилу фароғати насли наврас ёдоварӣ намуд.

   Ба чанде аз наврасони фаъоле, ки дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ бо ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ шарафи ноҳияро ҳифз мекунанд аз тарафи раиси ноҳия Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд.

   Барномаи консертие, ки дар толор мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд , бо ташаббуси роҳбарияти  МТМУ-и №46 ва мактаби санъати бачагонаи ноҳия бо ширкати наврасону ҷавонон дар дили ҳар иштирокчӣ таассуроти нек боқӣ гузошта, хотирмону диданӣ буд. Дар фарҷоми барнома Раиси ноҳия М. Шерализода ба ташаббускорон барои омода сохтани чунин барномаи ҷолиб изҳори сипос намуд.