Печать
Диданд: 240

     Яке аз масъалаҳои доғе, ки имрӯз тамоми ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва экстремизм  мебошад. Ба назари муҳаққиқон ва коршиносон, терроризм - сиёсат бар асоси истифодаи мунтазами террор ба ҳисоб меравад.

     Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки қариб ҳар рӯз дар ҳар гӯшаю канори дунё амалҳои даҳшатноки террористӣ бо истифода аз моддаҳои тарканда, аслиҳаи оташфишон, яроқи сард ва шахсони худкуш ба амал меояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки худ ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва ин даҳшатро батамом эҳсос менамояд, дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон алайҳи  терроризм ва экстремизм мубориза мебарад.

    Ҳодисаҳои  Шарқи Наздик, Осиё ва Африқо аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм имрӯз ба масъалаи рақами як табдил ёфтааст. Зиёд шудани амалҳои террористӣ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон, боз ҳам вазъи ҷойдоштаро мураккаб месозад. Терроризм ва экстремизм ба ҳар як кишвар ҷиддӣ таҳдид мекунад ва аз ин лиҳоз бо ин зуҳуроти номатлуби асри XXI бояд якҷоя мубориза бурд. 

    Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин вабои аср аз тамоми имконот истифода мекунад. Ҳангоми суханронии худ дар кушодашавии конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизм” Президенти кишвар қайд карданд, ки яке аз омилҳои паҳншавии терроризм  интернет мебошад. Бар ин асос ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона мавриди истифода қарор медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо шабакаҳои интернетиро барои ташвиқу тарғиби экстремизм, ҷалби насли наврас ва ҷавон ба сафҳои худ, омода ва роҳбаладии онҳо барои амалҳои зишт ва харобиовар истифода мебаранд. Қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм буда, аз соли 1994 то соли 2018 аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти қудратӣ зиёда аз 120 тонна маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Маҳз фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба шумор меравад.  

      Ҳодисаҳои нангини чанд соли охир, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон иттифоқ афтодааст, аз вуҷуд ва ҳузури фарогири терроризм ва экстремизм дар зиндагии рӯзмарраи мардуми сайёра дарак медиҳад. 

     Аз сӯйи ғайримусулмонон мавриди ҳадаф қарор гирифтани мусулмонон далели он аст, ки терроризм ва экстремизм дар доираи як дин ва ё мазҳаб маҳдуд намешавад ва дар ҳама ҳолат таҳдиди ҷиддиест барои инсоният.

     Тақрибан ҳар рӯз тариқи васоити ахбори  омма  хабарҳо дар бораи амалҳои террористӣ дар давлатҳои мусулмон, ба монанди Афғонистон, Покистон ва амсоли инҳо паҳн мешаванд, ки ин ҳам хеле нигароникунанда аст.

     Маҷаллаи англисии “Economist” қайд мекунад, ки байни солҳои 2000 ва 2004 дар натиҷаи 240 ҳуҷуми дорои характери динӣ 620 нафар ҳалок шуд. Аз он марҳила то ин замон сатҳи чунин намуди амалҳои террористӣ якбора боло рафта, байни солҳои 2013 - 2017 шумораи онҳо ба 1400 расида, бар асри ин навъ ҳаводиси номатлуб зиёда аз 4 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод. 

     Аз лаҳзаи созмон ёфтани ба ном “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) дар соли 2014 ҷуғрофиёи терроризми динӣ тавсеа ёфт. Агар пештар террористон тамоми ғазаби худро нисбати “душмани дур” (ИМА ва Ғарб) равона мекарданд, имрӯз бошад, пайравони онҳо тибқи дастури хоҷагони худ ба масҷидҳо, калисоҳо, синагогаҳо ва дигар маҳали ҷамъшавии мардум ҳуҷумҳои марговар анҷом медиҳанд. Асосан, ҳадафи террористон одамони бегуноҳ қарор мегиранд ва мақсади онҳо паҳн намудани ваҳму даҳшат ва нооромӣ дар кишвар мебошад.  Вале ин амалҳои нанговар ба ягон дин ва мазҳаб рост намеояд ва онро наметавон бо ягон далел сафед кард.  Чунки ба қатл расонидани инсон бо ҳар шаклу услуб ин худ ҷиноят ҳисоб мешавад,  новобаста аз он ки он аз ҷониби намояндаи кадом дин ва равияи динӣ амалӣ шудааст.  Аз ин ҷост, ки террорист душмани тамоми башарият ҳисобида мешавад. 

     Пас аз пош хӯрдани халифати исломӣ дар Сурия,  пеш аз ҳама,  дар натиҷаи амалиётҳои ҳарбии Федератсияи Россия, тақрибан панҷяки урдуи 40- ҳазорнафараи зархаридон ба кишварҳои худ баргаштанд,  ки ин ҳам бошад,  зиёда аз 80 давлати дунёро дар бар мегирад.  Алоқа, таҷриба ва кӯшишҳои онҳо дар мубориза бо “кофирон” амалҳои онҳоро басе хатарнок менамояд.   

     То ба имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти муваффақонаи мубориза бурданро бо терроризми байналмиллалӣ надорад.  Сурия,  Ироқ,  Ливия, Яман,  Миср,  Алҷазоир, Мали, Афғонистон – аз ҷумлаи кишварҳое маҳсуб меёбанд,  ки имрӯз аз фаъолияти густурдаи террористон ва экстремистон ранҷ мебаранд.  Ҳодисаҳои мудҳиши террористӣ дар ҳар гӯшаю канори ҷаҳон аз фаъолияти густурдаи шабакаҳои террористӣ ва экстремистӣ гувоҳӣ медиҳад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳама неруи худро барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муттаҳид созад, то ин ки роҳи сар задани дигар амалҳои террористӣ гирифта шавад.

     Таҷрибаи кишварҳо ва халқҳои гуногун нишон медиҳад: агар одамон дар хотир дошта бошанд, ки дар зиндагӣ терроризм ва терррористҳо вуҷуд доранд,  рафтори онҳо худ аз худ бо тарзи автоматӣ таҳти таъсири таҳдидҳои потенсиалӣ қарор мегирад.  Он вақт одамон бодиққат, эҳтиёткор, ҳушёр мешаванд. Дар ҳеҷ ваҷҳ, сухан дар бораи воҳима, тарси доимӣ, ки бо он зиндагӣ кардан номумкин аст,  намеравад. Вақти он расидааст, ки аз одатҳои номураттабӣ, беаҳамиятӣ, саҳлангорӣ, бепарвоӣ ва амсоли инҳо даст кашем ва ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор бигирем.

    Тавре ки болотар ишора кардем,  шинохти терроризм ва экстремизм тақозои замон аст ва бехабарию  ноогоҳӣ аз ин навъ таҳдидҳои ҷиддӣ зиндагиро дар сайёраи инсонӣ мушкил месозад.  Зеро ки террористон ва экстремистон дар  миёни ҳар қавму миллат ва ҷомеа вуҷуд доранд ва илова бар ин,  гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ аз ҷониби иддае аз қудратҳои ҷаҳонӣ ва хадамоти махсуси иттилоотии баъзе кишварҳо пуштибонии молию пулӣ ва сиёсию мафкуравӣ меёбанд. Ин ҳолат моро водор месозад, ки пайваста ҳушёру зирак бошем ва дар иттиҳоду ҳамбастагии равонӣ, фикрию иҷтимоӣ ва сиёсию мафкуравӣ алайҳи ҳама гуна фишору тааррӯз ва террору ифротгароӣ муборизаи беамон бубарем.

 Иззат Сармисоқов,

ходими  илмӣ