Интихобот-ҳуқуқ ва вазифаи шаҳрвандон

    Дар асоси нақша-чорабинии Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр дар ноҳияи Варзоб семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “     ” бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ,  занон ва ҷавонон баргузор гардид. Мақсад аз доир намудани семинари мазкур баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳию хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона иштирок варзидан дар маъракаи интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ ва экстреместӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, сафарбарии дружиначиёни ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ  дар давраи интихобот  буд. Дар семинар муовини раиси ноҳия оид ба корҳои идеологӣ Қосимзода Моҳтоб иштирок ва суханронӣ намуд.

   Узви КМИР ҶТ Азизова Муистон Бердиевна дар мавзӯи “Омилҳо ва роҳҳои фаъолгардонии занон дар ҳаёти сиёсии ҷомеа”, Холиқзода Сарвар Ҳотамӣ-муовини сардори сарраёсати қонунгузорӣ-сардори Раёсати қонунгузории асосҳои сохтори конситутсионӣ, мудофиа ва амнияти ВА ҶТ дар мавзӯи “Зан ва интихобот: вазъи муосир ва дурнамои рушд” баромад намуданд.