Зуҳуроти даҳшатноку нафратоварӣ терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонии сайёра зарар мебинанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиаборӣ муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябри соли 2015, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳануз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро ба дасти зархаридону гумроҳгаштагонашон амалӣ гардонида ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд.
Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромуш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву бунёдкорӣ берун созад.
Ҳамин буд, ки бо дастгирии фаъолонаи мардуми кишвар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонистанд, ки нақшаҳои ҷинояткоронаи террористонро барҳам зада, оромии Ватани азизамонро ҳифз ва таъмин намоянд.
Бинобар ин мо бояд кӯшиш намоем, ки пеши роҳи ин хоинони миллатро дар якҷоягӣ гирифта, ҷавононро дар рӯҳияи Ватандӯстиву ватанпарастӣ, хештаншиносӣ тарбия намоем, то ки гумроҳу фирефтаи хоинони миллат ба мисли Кабирӣ ва ин гурӯҳҳои дасисабоз ҳамроҳ нашаванд, нагузорем, ки ҳеҷ гоҳ хоинони миллат ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.