Ба маълумоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон,  аз ҷумла, муҳоҷирони меҳнатие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, расонида мешавад, ки дар давраи аз 18 март то 1 майи соли 2020 воридшавии шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Федератсияи Россия манъ гардидааст. Дар ин давра  муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар бе убури сарҳади давлатии он ба кишварҳои дигар тамдид карда мешавад, аз ҷумла:

  1. Муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муҳлати буду боши қонуниашон дар асоси патент дар ин давра, яъне аз 18 март то 1 майи соли ҷорӣ ба охир мерасад, метавонанд бе убури сарҳади давлатӣ ба марказҳои бисёрсоҳавии муҳоҷиратӣ(МФЦ) муроҷиат намуда, барои барасмиятдарории патент ва тамдиди он ба мўҳлати як соли дигар муроҷиат намуда, муҳлати буду боши худро тамдид намоянд.
  2. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсадҳои сафари шахсӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва ғайра ба мўҳлати 3 моҳ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд дар ҷойи қайди муҳоҷиратиашон дар шуъбаҳои кор бо муҳоҷират, қайди муҳоҷиратии худро тамдид намоянд.
  3. Дар ин давра бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ва сохторҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Россия нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ барои вайрон намудани муҳлати будубош маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода нашавад.
  4. Ҳангоми мавҷудияти эҳтимоли сироятёбӣ аз ин беморӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз доштани полиси суғуртаи тиббӣ барои ташхис ва табобат дар беморхонаҳои махсуси сироятии Федератсияи Россия имкон доранд.

Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия қарор доранд, хоҳиш карда мешавад, ки дар давраи то 1 майи соли ҷорӣ қоидаҳои муқарраршударо оид ба пешгирӣ аз бемории мазкур дар ин кишвар қатъиян риоя намуда, бе зарурат аз макони зисташон берун набароянд.

Барои гирифтани маълумоти  иловагӣ  ва машварати зарурӣ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия ва кормандони он дар минтақаҳои ин кишвар тавассути  рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:

  1. Дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба муҳоҷират дар Федератсияи Россия. тел.: +7 (495) 745-01-90; +7(495)967 98 44; +7(903) 597 12 13; +7 (925)123 62 04.
  1. Ҳавзаи федералии Урал, шаҳри Екатеринбург. тел.: +7 (982)739 89 98.
  1. Ҳавзаи федералии шимолу ғарбӣ, шаҳри Санкт – Петербург тел.:+7(967) 271 02 02.
  1. Ҳавзаи федералии Приволжье, шаҳри Уфа. тел.:+7(926) 591 51 08, +7(915) 488 32
  1. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, шаҳри Новосибирск. тел.:+7(977) 272 00 01.