Аз моҳи январи  соли 2018 намояндагони мақомоти иҷроия дар ҳамбастагӣ бо намояндагони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Варзоб, шуъбаи кумитаи Амният дар ноҳия бо сокинони Ҷамоатҳо ва шаҳраку деҳотҳо  оид ба расонидани  мазмун ва муҳтавои Пайёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои экстремистиву террористӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гиромидошти муқадасоти миллӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанги  миллӣ, рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешгирии ҷавонон аз нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ вохуриву мулоқотҳо гузаронида шуда истодааст.