Хатари умумиинсонии терроризм ва экстремизм

   Ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як сокини ин сарзамин буда, он кафили сулҳу оромӣ, ҳувияти миллӣ ва суботи кишвар мебошад. Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст. 

   Дар замони муосир яке аз ҷиноятҳое, ки ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат хавфи ҷиддӣ ба миён меоварад, ин ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта мебошад.

   Ба муқовимати ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар замони ҳозира ин намуди ҷиноятҳо ҳамоно зиёд шуда истодаанд, ки онҳо метавонанд ба истиқлолият ва амнияти ҳар давлат хатар эҷод кунанд. Имрӯзҳо дар чандин кишвари мусулмонӣ бар асари дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ манзилҳои зисти аҳолӣ, шаҳрҳо ва ёдгориҳои чандинҳазорсола сӯхтаву валангор шуда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ қурбон мешаванд.

   Борҳост, ки Пешвои миллат вобаста ба низоми нави ҷаҳонӣ ва масъалаҳои глобалии ҳалталаб, аз ҷумла терроризму экстремизми динӣ дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат ва суханронӣ намуда, ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намудаанд. Натиҷаи таъкид ва огоҳии саривақтии Сарвари давлат буд, ки садҳо нафар волидони ғофил аз ҳолу аҳволи фарзандонашон, ки дар таълимгоҳҳои ифротгароии динӣ ва террористии кишварҳои хориҷӣ қарор доштанд, ба изтироб афтода, барои бозпас омадани онҳо чораҳои қатъӣ андешиданд. Аммо боиси таассуф аст, ки ҷавонони гумроҳ ва бехабар аз аслу нажод ва эътиқоди динии ростгаро дар байни ҷомеаи мо аҳён-аҳён пайдо гашта истодаанд. Онҳо ба доми фиреб афтода, беҳтарин атои Офаридгор – ақли худро ба ҳилаю найрангҳои муғризона ва хоинонаи душманони миллату давлат бохтаанд. Заъфи зиракии сиёсии ҷавонон, арҷ нагузоштан ба арзишҳои миллӣ, расму оини миллӣ, муқаддасоти динӣ ва ғайра ба бадхоҳон имкон медиҳад, ки сафи тарафдорони худро афзун намоянд. Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд: “Дар ҷомеаи муосир терроризму ифротгароӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни олам торафт доман густурда, боиси ҳар рӯз ба ҳалокат расидани садҳо нафар аҳолии осоишта ва сарсону овора шудани ҳазорҳо одамони бегуноҳ гардида, зуҳуроти мазкур бар асари сиёсӣ намудани дини мубини Ислом ҳоло ба таҳдиди бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба номи дини мубини Ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст”.

   Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизм (ифротгароӣ) гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад. Дар чунин шароит Тоҷикистон дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад.

   Имрӯз дар ҷаҳон садҳо ҳизб, созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ номи исломӣ гирифта, барои ба сари қудрати сиёсӣ ва ҳокимияти давлатӣ омадан неруҳои имониро дар ҳамин самт суиистифода мекунанд. Худованд дар Қуръони карим мусалмононро ба ваҳдат, ягонагӣ ва дур будан аз парокандагиву нифоқ даъват намудааст. Аммо бар хилофи ин маънии Қуръон дастгоҳ, гурӯҳ, ташкилот ва афроди мансабхоҳ садҳо созмон ва ҳаракатҳои фитнаангезро дар байни уммати исломӣ таъсис дода, ба онҳо номҳои исломӣ гузоштаанд, то аҳли имон аз нақша ва барномаҳои ҷаҳонсӯзашон воқиф нагарданд. Ҷавонони ноогоҳу ғофил ба доми пешвоёни каззоб, воизони нопок ва мубаллиғони созмон ва ҳаракатҳои иртиҷоӣ афтида, қурбони дасиса ва ақидаи ботили онҳо мегарданд.
Имрӯз мушкилӣ дар он аст, ки бинобар бехабарӣ ва заъфи иттилооти динӣ-мазҳабӣ баъзе аз ҷавонон андешаҳои заҳрогин ва хатарзои ифротгароёнро ҳамчун ормонҳои исломӣ ва роҳи наҷоту саодати худ пазируфтаанд. Бисёре аз ҷавонони камтаҷриба ва бехабар аз дин барои дарёфти ормонҳои исломӣ ва имонии худ ба равияҳои “Салафия”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Ансоруллоҳ” ва “Рофизия” ворид гаштаанд.

   Ба хотири ҳифзи Истиқлолият, Ваҳдат, Ватани азизамон ва муқаддасоту арзишҳои инсонмеҳварии фарҳанги миллию мазҳабӣ имконият дорем, ки сирру асрори ҳаракатҳои тахрибкор ва ҳадафҳои ботил ва афкори номашрӯъашонро дар ҷомеа ошкор созем, то шаҳрвандони азизамон аз оқибатҳои хатарноки онҳо дар амон бошанд.

   Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Пӯшида нест, ки тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси чаҳонӣ ба мавҷудияти кишварҳо хатарҳои ҷиддӣ эҷод намудаанд. Терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад.Терроризм ва экстремизм дар ҳақиқат имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш гузоштааст. Зеро мо шоҳиди он ҳастем, ки пайваста дар ин ё он гӯшаи олам ҳодисаҳои террористӣ ба қайд гирифта шуда, бо оқибатҳои нороҳаткунанда суботу оромӣ ва низоми давлатдориро вайрон менамояд.Танҳо фарди муғризу иғвогар, нохалафу ватангадо фикрҳои ифротии худро берун аз Ватан ишфо месозаду гурӯҳи нобакор ба монанди Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ онро дастгирӣ менамоянд. Ин ифротиён, ки худ риояи меъёрҳои қонунро то ин дам сарфи назар намуда, ҷиноятҳо содир кардаанд, боз як гумроҳу фиребхӯрдаро дастгирӣ менамояд. Ҳол он, ки ҳар шахсе, ки зидди кишвари худ таблиғоти мебарад, таблиғгари ғайриқонунӣ асту ҳаракатҳои ӯро қонунҳои амалкунанда чун экстремизм маънидод мекунад. Ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аллакай садҳо чунин нафарони муғризу нобакорро аз байни душманон ошкор кардаасту ононро чун душмани халқ маҳкум намуда аст. Алҳол, ҳар як тоҷикистонӣ дарк намудааст, ки сарзамини ободу ҳаёти осоишта неъмати бебаҳои даврони истиқлолияти давлатӣ мебошаду мардум ҳамеша омодаанд, ки бар зидди нохалафон истодагарӣ намоянд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.