Дар доираи татбики ислохоти замин дар асоси 7 хочагии дехконии шакли коллективи дар нохия мувофики маълумотхои омори соли 2014, 1003 хд шакли инфироди таъсис ёфтааст. Шумораи умумии хочагихои хонаводаги (оилахо) дар нохия 10600 адад, хочагихои дехкони инфироди 1003 адад, кооперативхои истехсоли 5 ададро ташкил медихад. Аз шумораи умумии рохбарони хочагихо 362 нафарашонро занон ташкил медиханд. Аммо дар нохия ягон Ассосиатсияи хочагихои дехкони ташкил нагардидааст. 
Майдони умумии заминхое, ки ба хочагии дехкони ва кооперативхои истехсоли таалук доранд 61292 гектарро ташкил медихад. Шумораи умумии сахмдорон беш аз 1300 нафарро ташкил медихад. Мушкилоти асосие, ки кишоварзони нохия ба он бештар дучор мешаванд, ин норасогии оби полези, фарсудаю корношоям гаштани иншооти обрасони ва пайгоххои обкашии Лучоб, Паси Тег ва Бакавули нав, дастрасии нокифояи хочагихо ба нурихои минерали, сузишвори, техникахои кишоварзи ва бозори фуруши махсулот махсуб меёбад. 
Илова дар ин, айни замон шакли хисоботдихи ва пешниходи он барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзи (дар омор, нафака ва андоз) хеле мураккаб буда, вакт ва маблаги зиёдро талаб мекунад. Хамзамон дастраси ба сарчашмахои карзгири (махсусан бонки) аз чумла баланд будани фоизи карзхо ва кутох будани мухлати баргардонии он низ, масоили халталаби соха ба хисоб мераванд.
Дар  баробари нисбатан бехтар будани нишондихандахои асосии истехсолии хочагихои дехконии шакли инфироди, имруз як катор мушкилот мавчуд мебошанд, ки садди рохи рушди устувори сохаи кишоварзи шуда истодааст. Дар ин самт мушкилоти аввалиндарача, ин парокандагии хочагихои дехконии инфироди ва набудани механизми идоракунии мачмуии онхо ба шумор мераванд.
Мувофики маълумотхои расми хачми умумии истехсоли махсулоти кишоварзи дар нохия  дар соли 2014 ба 90713 хазор сомони расидааст, ки он нисбати солхои 2012 ва 2013 мутаносибан ба 21,5%ва 2,2% афзудааст. Мувофики диаграмма суръати афзоиши хачми умумии истехсоли махсулоти кишоварзи дар нохияи Варзоб дар соли 2016 нисбати соли 2015 ба 2058 хазор сомони афзоиш ёфтааст, ки сабаби асосии он афзоиши махсулнокии сохаи чорводори мебошад.
Хиссаи сохаи чорводори дар ташаккули хачми умумии истехсоли махсулоти кишоварзи назаррас буда 56%-ро ташкил менамояд. ва хиссаи бокимонда ба сохаи растанипарвари рост меояд.
Ба 1 январи соли 2016 масохати умумии заминхои кишоварзи 163133 га-ро ташкил менамояд, ки аз он 260 га ва ё 0,15%-ро заминхои оби мебошад. Майдони умумии заминхои корам 2.2% (3528 га, аз он 800 гектар заминхои президенти), дарахтони бисерсолаи мевадиханда 0.18% (309 га), токзорхо 0,23% (383 га), тутзор 0,03% (51 га), заминхои боир 0,01% (26 га), дигар намудхои дарахтони бисёрсола (чормагззор)  0,01% (19 га)  ва алафзор 0,18% (229 га) ташкил менамояд. Кисми зиёд ва ё 41,6% (67811 га) заминхои кишоварзиро чарогоххо ташкил медихад.