Коррупсия-порахӯрӣ ва ҳар як кирдори шахсе, ки ба ӯ иҷрои вазифаҳои муаян дар сохтори давлатӣ ва хусусӣ супорида шудааст, мебошад. Он ба вайронкунии вазифаҳои аз рӯи мақоми давлатии шахси мансабдор, корманди хусусӣ, агенти мустақил ба ӯ супорида шуда ва дигар намуди муносибат, ки мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунӣ барои худ ва ё дигар ашхосро дорад меорад.
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосӣ дар роҳи амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро боз медорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста гардонида умедҳои ояндаи ҷавононро барҳам мезанад.

Раванди ташаккули мафҳуми ҳозираи коррупсия дар таърихи тамадуни ҷаҳон ба чандин ҳазорсолаҳо бар мегардад. Агар ба таърихи муборизаи давлат ба муқобили коррупсия назар афканем ба чунин хулоса омада метавонем, ки ҳанӯз дар замони пайдоиши нахуст давлатҳои қадим ҳалли ин масъала ба яке аз муаммоҳо табдил ёфта буд.

Мутахассисони замони муосир муаян намудаанд, ки коррупсия дар ҳамаи давлатҳо, новобаста аз шакли идоракунӣ, режими сиёсӣ, шакли моликият ва низоми мафкуравӣ ҷой дорад.
Бо мақсади пешгири аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бурдан ба фаъолияти коррупсия 31-октиябри соли 2003 Конвенсияи СММ зидди коррупсия қабул карда шуд. Конвенсияи мазкур ҳуҷҷате мебошад, ки асоси ҳуқуқии пешгирӣ ва мубориза бо коррупсияро аз ҷониби давлатҳои аъзо ба танзим медарорад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуҷҷати мазкур 25-сентиябри соли 2006 имзо гузоштааст.

Дар мамлакатҳои ҷаҳон 3-намуди мақомоти зидди коррупсионӣ амал меунад:
1. Тафтишотӣ
2. Пешгирикунанда
3. Омехта
Ба ақидаи олимону коршиносони Аврупоӣ мақомоти беҳтар ҳамоне мебошад, ки хислати универсалии дорад, яъне ҳам дорои воҳиди тафтишотӣ, ҳам воҳиди пешгирикунанда бошад.
Аз ин рӯ, бо омӯзиши ин таҷриба дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкили ниҳоди махсус «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тҷикистон» таъсис дода шуд, ки он дорои ҳам воҳиди тафтишотӣ, ҳам воҳиди пешгирикунанда мебошад.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ, Пешвоӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд. «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеъаи мо яке аз монеъаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеъаро барои пешгирии ин зуҳурот ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем».
Бо ҳамин мақсад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва коррупсия» қабул шуд, ки он ҳамчун як воситаи муҳим барои мубориза бар зиддӣ коррупсия ба ҳисоб мерафт.
Дар ин давра чандин қонуну санадҳои меъёри-ҳуқуқи баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зиддӣ ин падидаи номатлуб қабул гардидаанд. Аз ҷумла: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия», «Дастурамали омории ҷиноятҳои хусусияти ҷиноятидошта ва феҳристи ин ҷиноятҳо», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7- уми сентиябри соли 2006 тасдиқ карда шудааст ва ғайра.
Коррупсия чун зуҳуроти манфӣ ба сохтори идоракунии давлатӣ, хоҷагии халқ, соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт, дар маҷмӯъ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамиятӣ зарари ниҳоят калон мерасонад. Он ҳамчун як навъи нуқсон дар ҷомеъа буд, ҳаст ва мемонад.
Вазифаи асосии пешгирии коррупсия аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, инчунин ҷамъият ва давлат аз коррупсия, амалӣ сохтани асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, муносибсозии шакл, усул ва воситаҳои муқобилият бо коррупсия, васеъ намудани татбиқи чораҳои пешгирикунанда дар мубориза бо коррупсия, ҳамкорӣ бо сохтори ҷомеъаи шаҳрвандӣ, фаъол гардонидани ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бо коррупсия иборат мебошад.


Мушовири Раёсати
маорифи ноҳияи Варзоб
Ҳуқуқшинос дар соҳаи
идоракунии давлатӣ, узви ҲХДТ
Хуршед Ниёзов