Имрӯз ҷомеаи моро баташвиш овардааст, тамоюли бегонапарастӣ  ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона,  ҳисси бегонапарастӣ, тақлидкорӣ, рафтору гуфторе, ки ба фарҳанги миллии мо таъсири манфӣ мерасонанд ба чашм мерасад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки тақлиди занону ҷавондухтарон ба тарзи либоспӯшии бегона кӯр-кӯрона буда, ифодагари бе иттилоотӣ ва бехабарӣ аз асли масъала мебошад.

Занони  мо либосҳои бегонаро бо номи «ҳиҷоб» ё «сатр» истифода карда, ба ин васила гӯё шариатро риоя мекунанд.  Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳ пӯш набуд. Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки боақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро,  ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб намоянд.  Бино бар ин имрӯз дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ,  худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри истиқлоли Ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва барои ваҳдати  ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Каримова М . омўзгор