Маҷлиси васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

   27-уми ноябри соли 2020 маҷлиси васеи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ки дар он  “Натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти амалияи таҷрибаи тафтишоти судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба дуздӣ дар давраи соли 2019 ва 9 моҳи соли 2020”  баррасӣ карда шуд.  Дар кори шӯро раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ сардори прокуротураи ноҳия Хайриддин Илёсзода, раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар, сардори ШВКД-и ноҳия полковники милитсия Раҳматулло Саидзода, сардори шуъбаи кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Варзоб Саидҷон Акобиров ва дигар аъзоёни шӯро ширкат намуданд. Дар кори шӯро ахбороти муфаттиши прокуратураи ноҳияи Варзоб, мушовири адлияи дараҷаи 2 Эмомиддин Муродзода ва сардори шуъбачаи кофтуковӣ- ҷиноятии ШВКД дар ноҳияи Варзоб майёри милитсия Султон Султонзода оиди масъалаи зикршуда шунида шуд.

   Эмомиддин Муродзода аз ҷумла зимни баромади хеш иброз намуд, ки   дар ҳудуди дар 9 моҳи соли 2020 15 (9 моҳи  соли 2019-19) ҷиноятӣ дуздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар 9 моҳи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли 2019 4 ҷиноятӣ дуздӣ кам ба қайд гирифта шудааст.

   Фоизи кушодашавии  ҷиноятҳо дар 9  моҳи соли 2020 58,3 фоизро ташкил медиҳад.

   Аз 44 (29-15) ҷиноятӣ дуздии ба қайд гирифта шуда 36 (2019-20, 2020-16)  парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор гирифтааст. 

         Аз инҳо, 16 (2019-10, 2020-6) парвандаи ҷиноятӣ баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан дида баромадан ба суд ирсол гардида, 2 (2019-2) парвандаи ҷиноятӣ бо тадбиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қатъ ва 18 (2019-8, 2020-10) парвандаи ҷиноятӣ дар истеҳсолот боздошта шудааст.

 Таҳлилу омўзиши парвандаҳои ҷиноятӣ нишон дод, ки сабабҳои содиршавии ҷинояти дуздӣ ин паст будани дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар рўҳияи меҳнатдўстӣ, хештаншиносӣ ва инсонпарварӣ тарбия наёфтани онҳо мебошад. 

 Дар давраи таҳлилӣ  аз ҷониби нозирони минтақави 3 ҳолати ҷинояти дуздӣ ошкор ва ба қайд гузошта шуд. То  ҳол дар ҳудуди ҷамоатҳои Варзобқалъа,  Чорбоғ ва С.Айнӣ ҷиноятҳои дуздии нокушода зиёданд.

   Дар давраи таҳлилӣ аз ҷониби шахсони пеш ҷиноят содирнамуда дар ҳолати ритсидив 1 ҷиноятӣ дуздӣ ба қайд гирифта шудааст.

   Заминаи дигари ба ҷиноятҳои дуздӣ даст задани шаҳрвандон ин  бо ҷои кори доимӣ таъмин набудан, паст будани сатҳи зиндагии онҳо мебошад, ки дар ин ҷода фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

   Дар навбати худ, фаъолияти мақомоти марбутаи давлатӣ низ, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо чандон ҷавобгўи талабот нест.

Ё худ, ноболиғ О.А.С. 31 декабри соли 2003 таваллудаш моҳи феврали соли 2019, ки таърихи рўзаш дар рафти тафтишоти пешакӣ муайян карда нашуд, бо роҳи пинҳони вориди ҳуҷраи истиқоматии шаҳрванд С.А. гардида аз онҳо бо тариқи пинҳони 2500 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

   Аз ҷониби шахсони масъули ШВКД дар ноҳия бошад ҷинояти мазкур саривақт ошкор ва бақайд гирифта нашудааст, ин боиси он гардидааст, ки ноболиғ О.А.С. дар озодӣ беҷазо монда, боз даст ба содир намудани ҷиноятӣ махсусан вазнин задааст.

   Чунончи, ноболиғ О.А.С. 17 апрели соли 2020 тахминан соати 1530 дақиқа дар ҳудуди деҳаи Якачашма, ҷамоати деҳоти С.Айнии ноҳияи Варзоб бо ҳамдеҳааш хурдсол С.И.А. 25 сентябри соли 2011 таваллудаш вохӯрда бо номбурда бо роҳи зӯроварӣ ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ содир кардааст.

   Тафтиши пешакӣ бо парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории ноболиғ О.А.С. бо моддаҳои 244 қисми 2 бандҳои “в,г” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом расонида шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд ва нисбати нобурда ҷазои сазовор таъйин гардид.

   Бояд қайд намуд, ки дар ин ҷода баҳри пешгирии ҷинояткории марбут ба дуздӣ дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҷамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст.

   Таҳлил ва санҷиши гузаронида шуда нишон дод, ки дар ин давра аз ҷониби муфаттишони ГТ ШВКД дар ноҳия 36 парвандаи  ҷиноятӣ марбут ба дуздӣ оғоз ва мавриди тафтиш қарор дода шудааст, ки аз ин шумора 17  ҷинояти дуздӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чорбоғ, 10 ҷиноят дар худуди ҷамоати деҳоти С.Айнӣ ва 9 ҷиноят дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа содир ва ба қайд гирифта шудааст.

   Лозим ба ёдоварист, ки бекорӣ ё надоштани ҷои кори доимӣ низ, яке аз омилҳои асосии сар задани қонунвайронкуниҳо мебошад. Мутаассифона, иҷрои ин талабот низ дар сатҳи лозима таъмин карда нашуда, чораҳои андешидаи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноњия дар ин самт нокифоя буда, аз мутасаддиён дигар намудани муносибатро нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаб менамояд. Ҳамчунин Султон Султонзода корманди ШВКД-и ноҳия оиди сабабҳои ба дуздӣ даст задани ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он, масъулияти волидайн дар тарбияи фарзандон ва саҳми ҷомеа барои раҳоӣ аз чунин амалҳо ибрози назар намуд.