Печать
Диданд: 314
       Санаи 27-уми ноябри соли равон, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб маҷлиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо иштироки раиси Шӯро-прокурори ноҳия муҳтарам Илёсзода Хайриддин, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия полковники милитсия Саидзода Раҳматулло, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Акобиров Саидҷон ва сардори нозироти андози ноҳия Абдураҳмонов Наҷмиддин баргузор гардид. 
       Дар маҷлиси Шӯро муовини раиси ноҳия муҳтарам Қосимзода Маҳтоб, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Сафарзода Асрор ва аъзоёни Шӯро иштирок намуданд. 
       Сараввал раиси Шӯро-прокурори ноҳия муҳтарам Илёсзода Хайриддин маҷлиси Шӯроро оғоз намуда, масъалҳои дар рӯзномаи маҷлис дарҷ гардидаро ба сами ҳозирин расонид. 
       Сипас муҳокимаи масъалаи "Натиҷаи таҳлилу ҷамъбасти амалияи таҷрибаи тафтишоти судӣ, оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба дуздӣ дар давраи соли 2019 ва нуҳ моҳи соли 2020" ахбороти муфатиши прокуратураи ноҳия мушовири адлияи дараҷаи 2 Муродзода Эмомиддин ва сардори шуъбачаи кофтукови ҷиноятии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия маёри милитсия Султонзода Султон шунида шуд. 
       Баъдан раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар иброз доштанд, ки сабабҳои ба дуздӣ даст задани ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар якҷоя бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб корҳои ташвиқотиву таблиғотиро пурзӯр намуда, корҳоро дар ин самт ҷонок намоянд. 
       
 
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб