Печать
Диданд: 576

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи начандон тӯлонии истиқлол ба пешравиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарњангӣ ноил гардид. Пешрафту рушди кишварамон аз соҳибистиқлол гардидани он сарчашма мегирад. Аз рӯзе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибистиқлол гардид, фазои кишварамонро сулҳу оромӣ фаро гирифт. Ҳар як кишвар дар фазои сулҳу оромӣ тараққӣ мекунад. Агар дар кишвар оромӣ ва осудагӣ набошад, магар кӯдаки хурдсоли шумо метавонад ба боғча равад? Фарзанди Шумо метавонад дар мактаб ва ё дар донишгоҳу донишкада таҳсил намуда, соҳиби касбе гардад? Шумо метавонед ба ягон касбу коре машғул шуда, рӯзғоратонро таъмин кунед? Деҳқон, метавонад ба кишоварзӣ машғул шуда, молашро ба бозор барорад?   Олим метавонад ба кори эҷодӣ машғул шавад? Умуман ягон соҳа метавонад бо пуррагӣ  кору фаъолият намояд? Албатта не.

 Дар мактаб ҳангоми таҳсил дар васфи сулҳ, оромии сарҳад, дӯстии халқҳо ва ғайра суруду таронаҳои бисёр мехондем.Танҳо пас аз ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба маънии аслии ин калимаҳо сарфаҳм рафтем. Зеро ҳар як чиз дар муқоиса бештар ва хубтар маълум мегардад ва эҳсос карда мешавад. Фаҳмидем, ки кишвари азизи мо Тоҷикистонро  ғайр аз мо каси дигар ва ё давлату миллати дигаре муҳофизат карда,  амнияти моро кафолат дода наметавонад. Мутаасифона имрӯз баъзе аз ҷавононе, ки он ҳодисаҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро бо чашмони худ надидаанд, ба қадри оромию осоиштагии  кишвар намерасанд. Ҳар як ҷавононе, ки дар кишвари худ орому осуда зиндагӣ менамояд, уҳдадор аст дар тараққиёту пешрафти кишвар заррае бошад ҳам  саҳми худро гузорад. Мутаасифона бархе аз ҷавонони гумроҳ фирефтаи гурӯҳҳои ифротгаро  шуда, ношукрӣ аз кишвари худ кардаанд ва ба давлати Сурия гӯё ба ҷиҳод рафтанд. Ҷиҳоде, ки имрӯз ҳазор-ҳазор волидайнро аз фарзандонашон, занҳоро аз шавҳар ва фарзандҳоро аз падару модар  бенасиб гардонидаст. Ҷиҳоде, ки имрӯз давлати Сурияро ба як минтақаи нооромтарин дар дунё табдил додаст ва он ҷо ғайр аз сар буридани мардуми бегуноҳ ва оташ задану тарконидан, дигар кори хайру савобе анҷом надодаанд.

 Магар ин давлати бо ном исломӣ бо ин ҷиҳоди худ завод ё фабрикаи пуриқтидоре  сохтааст ва ё  дар ягон соҳа кашфиёти наве кардааст? Шаҳри зеботарине  бунёд кардааст? Магар вазъи сиёсии давлати Сурия имрӯз аз солҳои пешин хубтару беҳтар аст? Магар давлати Сурияро имрӯз аз ҳама давлатҳои дигар дар илму тараққиёт  пешсаф намуданд? Магар мардуми Сурия имрӯз зиндагии осоишта доранд ва аз он розиянд? Албатта не! Пас ин ҷиҳод барои кист ва барои чист?

 Магар Худованд фармудааст, ки шаҳрҳоро хароб, хонаҳоро валангор созед? Мардуми бегуноҳро қатл кунед? Масҷидҳоро тарконед? Албатта не! Пас кадом Худоро парастиш доранд касоне, ки ин ҷиҳодро қабул доранд? Зеро Худои яккаву ягонае, ки ҳамаи мо мусулмонон мешиносему мепарастем дигар аст. Худованд меҳрубон аст, ки дар сураи «Нисо» ояти 93 мефармояд: «Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовидон бошад ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». Пас чӣ гуна мусулмонанд, ки аз ин оят бехабаранд? Маълум мешавад, ки ин созандагони «Давлати исломӣ» худ маълумоти кофии динӣ надоранд. Нафаре назди Паёмбари Худо (с) омад ва аз эшон иҷозати ба ҷиҳод рафтан хост. Паёмбар (с) аз ӯ суол карданд: «Оё падару модар дорӣ?»  Он шахс дар ҷавоб гуфт: «Оре, дорам». Расулуллоҳ (с) фармуданд: «Хизмат кардан ба падару модар ҷиҳод аст» ва ӯро барои ҷиҳод рафтан иҷозат надоданд. Ҷавонон мебояд пеш аз ҳама ба падару модар, ба Ватани худ хизмат намоянд. Марзу буми Ватани худро ҳимоя номоянд, то ин ки мардум дар фазои ором зиндагӣ намоянд.

 Дар охир аз хар як фарди ҷомеаи имрӯза, хусусан ҷавонон хоҳиш дорам, ки нисбати тақдири имрӯзу фардои кишвари азизамон Тоҷикистон бетараф набошед. Фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳо нашавед! Ҳар рӯзу ҳар соат баҳри ободии кишварамон кору фаъолият намоем ва фазои ороми онро муҳофизат намоем.