«Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».                                                                                                

                                                                                                                                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

         Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Он захираи бузургест, ки ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобаста мебошад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтмони манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо ва ғайраҳо истифода мебарад.

         Тибқи ҳисобот,  моҳи октябри соли 1999 бори нахуст бо ташаббуси  Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Созмони Миллали Муттаҳид соли байналмилалии «Оби тоза» эълон доштани соли  2003-юм пешниҳод гардид. Баъдан 30 августи соли 2003 суханронӣ дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Сарвари давлатамон дар он суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки: «Аксарият гумон надоштанд, ки мавзуъи захираҳои об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилоту сохторҳои ғайриҳукуматӣ ба ин андоза дастгирии ҳамаҷониба меёбад».

         Пешниҳоди Сарвари кишварамон аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қарор қабул карда, соли 2003-юмро дар сар то сари олам соли байналмилалии «Оби тоза» эълон намуд.

         Об ин ангезандаи хушҳолӣ, беҳбудӣ, форамӣ ва зебоию зарофат буда, ғайриоддию мафтункунанда ва хеле хушнамост. Инчунин  инъикоскунандаи тозагӣ ва рамзи зиндагист. Об ободӣ, оромию осудагии башариятро таҷассум мекунад.

         Ҳамин тариқ, бори дигар соли 2003 аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015» ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд, ки аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Бо қабули ин пешниҳод аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳайёт 2005-2015» дар ҷаҳон эълон гардид.

         Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим то  инҷониб тақдири худро бо об вобаста карда, барои ба даст овардани ризқу рӯзии худ кишту кор намуда, заминҳоро обёрӣ мекарданд. Агар ба таърихи муборизаи халқҳо низ нигарем, барои ба даст овардани об чӣ андоза талошҳо карда шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2003 дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза дар шаҳри Душанбе иброз доштаанд: «Мардуми тоҷик «Обу ободӣ» ва «Об-рӯшноӣ» мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд. Зеро мардуми мо, обро дар радифи хоку боду оташ аз ҷумла чор унсуре, ки бунёди ҳастиро ташкил менамоянд, муқаддас меҳисобанд».  

         Қобили зикр аст, ки маротибаи сеюм бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷик, марди дурандеш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028 ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод гардид. Хушбахтона, 22 декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028-ро бо ҷонибдории давлатҳои аъзои Созмони Миллали Муттаҳид қабул намуд.

         Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки 23 декабри соли 2016 номаи табрикотӣ аз номи Дабири кулли Созмони Миллали Мутаҳид Пан Ги Мун унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даррасид, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни тадбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад».

         Аз ин лиҳоз, тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург, қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки махзани нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист. 

Олимзода Орифҷон Олим,

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират-роҳбари

намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон

«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Варзоб