Асри  ХХI-ро асри ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва омезиши ниҳоят босуръати фарҳанг ва забонҳо меҳисобанд. Имрӯз ҳар фард — хоҳ шаҳрӣ бошаду хоҳ деҳотӣ, имкон дорад, ки бемалол ба воситаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ё компютер дар як они воҳид бо дурдасттарин минтақаи дунё алоқаи интернетӣ барқарор намояд, тавассути он ҷаҳонро омӯзад, бо халқу тамаддуни гуногун иртибот барпо намуда, чизи зарурӣ гирад ва ё чизе ба дигарон диҳад.

Албатта, ҳама гуна таҳаввулот ду тараф дорад: хуб ва бад.

Имрӯз дида истодаем, ки ҷавонони ноогоҳ ба воситаи интернет ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил гашта, ба ҷони худ ҷабру волидайну наздиконро ба ғаму андуҳ мубтало сохта истодаанд.

Ходими ҳизбию давлатӣ, собиқадори меҳнат Низорамоҳ Зарифова дар як суҳбат бо хабарнигорон аз вазъи рӯзгори ҷавонон изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки баъзе аз онҳо бемасъулият шудаанд. Онҳо дар рафтору гуфтор, либоспӯшӣ ва шеваи зиндагонӣ ба бегонагон тақлид мекунанд. «Ин мусибати ниҳоят вазнин аст, вақте ки инсон забони модариашро гум мекунад. Забондонӣ гувоҳи фазилатмандӣ ва ҳамқадами замон будан аст, вале ягон кас ҳаққи маънавӣ надорад, ки ба хотири забони хориҷӣ аз урфу одат, фарҳанги миллӣ ва забони модарии хеш даст кашад

Соли гузашта нависандаи ин сатрҳо дар шумули наздик ба шаш ҳазор нафар зоирони мамлакат тавофи Хонаи Худо ва зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввараро ба ҷой овардам. Барои ман бисёр тааҷҷубовар буд, ки баъзе ҳамватанон бар хилофи ҳоҷиёни мамлакатҳои Индонезия, Малайзия, Марокаш ва ғайра, ки дар тан либосҳои миллӣ доштанд, куртаю эзори домандарози сафеди арабиро ба бар карданд.

Дар шаҳри Мадинаи мунаввара, дар меҳмонхона, зоирони зиёд омадани лифтро мепоиданд. Чашмам ба ҷавонмарди қоматбаланди сафедчеҳраи 30-35 — сола афтод, ки дар тан либоси сап-сафеди арабӣ ва дар сар рӯймоли сурху аз болои он чанбаракеро гузошта буд, ки хоси мардони араб аст. Аксари арабҳо сиёҳҷурдаанд. «Дар байни арабҳо сафедпӯстон ҳам будаанд-дия», — аз дил гузаронидам ман.

Ногоҳ он «араб» бо ҳампаҳлуяш бо забони тоҷикӣ ба сухан сар кард. Яъне, марди тоҷик бар замми он ки ба тан либоси бегона пӯшида буд, боз ба сар рӯймол гирифта, аз болояш ҳалқаеро низ гузошта буд. Тақлид бисёр ноҷо ва хандаовар буд, вале касе аз ҳамватанон чизе намегуфт. Ман ба ҷавон бо нармӣ фаҳмонидам, ки ин ҷо дар симои ҳар марду зани тоҷик хориҷиҳо симои Тоҷикистонро мебинанд. Мо ҳар яке чун афроди огоҳи кишвар бояд ифтихор доштанро аз ватану миллати хеш нишон диҳем. Бо забондонӣ, бо фарҳанги қадима ва сарулибоси миллии худ. Вале дар ҷавоби суханҳои ман, ба қавли мардум, «аз санг оташ парид»-у аз он ҷавонмард посухе нашуд.

Мӯйсафеди нуроние ба тақлидкор бо истеҳзо нигоҳ карду гуфт: «Ҳама ин ҷо бо мақсади зиёрати Хонаи Худо оянд, шумо, писарам, бо нияти ба сар рӯймол бастан омада будаед-дия!

Ҳамон лаҳза лифт омаду ҷавонмард як нигоҳи бадқаҳрона ба ҷониби мӯйсафед карду ба лифт савор шуд.

Ба назари ман, ҷаҳонишавии тамаддунҳо барои мо — тоҷикон, хусусан ҷавонон, бояд ба минбари баланди тарғиби таърихи куҳан, забону фарҳанги бою баланд, мавриди муносиби нишон додани арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои қадима табдил ёбад, то ҷаҳониён бинанду биомӯзанд. Ин ҷаҳонишавӣ набояд боиси гумроҳона шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, қабули таассуби динию кӯркӯрона таклид кардан ба фарҳанги бегона гардад.

Аз воқеаҳои феврали соли 1990 — уми қарни гузашта хуб дар ёд дорем, ки дар пойтахти кишвар ҷавонони даст ба сӯхтору куштору ғорату талаву тороҷзада ҳама дар сар тоқиҳои тунуки сафед доштанд, ки пеш ҳам маъмул буд, вале онҳоро танҳо мӯйсафедон аз таги тоқию телпак ба сар мекарданд ва он «арақчин» ном дошт. Имрӯз ба шахсоне, ки дар кӯча ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тоқиҳои сафед ва ҳатто куртаю эзори дарозу сафед мепӯшанд, менигараму нафратам меояд. Охир, ин нишони бемаданиятист.

 Тақлидкорӣ ба фарҳангу либоси бегона чанд сол қабл дар байни занону духтарон ҳам хеле ривоҷ ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ба муносибати Рӯзи модар дар мулоқот бо бонувони кишвар гуфта буданд: «Вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳанги бегона майл намудани занону духтарони кишвар, ташвиқи либосҳои бегона дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ ба як раванди ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд. Вале аз ҷониби мақомоти дахлдор, масъулони соҳаи иҷтимоӣ ва занон, фаъолон ва падарону модарон ҷиҳати пешгирии ин масъ­ала чорае андешида намешавад ва ин ҷиҳати кор низ ба дӯши давлат ҳавола гардидааст».

Масъалаи бегонапарас­тии бархе аз ҳамватанон, тақлид ба фарҳанги бегона, хоса ба либоси бегона, кайҳост, ки таваҷҷуҳи маро ҷалб кардааст ва инҷониб сабабҳои чунин тақлидкориҳоро меҷӯям. Ин ҳама бегонапарастии бархе дур будан аз ҳувияти милливу ифтихори миллӣ, камогоҳӣ аз таъриху адабу фарҳанги бостонӣ сабабҳои худро дорад. Мо имрӯз дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои серодам фурӯши фиттаҳои тарғибгари фарҳанги бегона, адабиёти таассубӣ, филмҳои туркию арабӣ, сурудҳои хориҷӣ ва ғайраро мебинем, вале хомӯшем, ба ҳамаи онҳо беэътиноӣ, бетарафӣ зоҳир мекунем. Дар бозорҳо фиттафурӯшон сурудҳои хориҷиро баланд мемонанду чизе намегӯем. Намеандешем, ки фиттафурӯш фарҳанги бегонаро тарғиб карда истодааст ва ташвиқоти фарҳанги ғайр мисли маводи дертарканда ба мағзу майнаи ҷавонон ҷойгир мешавад.

Инсон ба давлати худ дар сурате манфиатовар буда метавонад, ки онро воқеан ҳам бо ҳастию оромии фарзандонаш, бо зиндагии осоиштаи ҳамватанонаш, бо далерию матонати қаҳрамононаш эҳсос намояд, Ватанро бо ҳама пастию баландиҳои рӯзгори мардумаш, бо ҳама арзишҳои таърихию замонавиаш, бо ҳама мағлубияту музаффариятҳояш, ки барои имрӯзу фардо таъсирҳо доранд, дӯст дорад, аз таҷрибаи он сабақ бардорад ва вазифаю масъулияти муқаддаси худ­ро дар назди фарзандони ояндааш аз ёд набарорад.

Ҳусейни Нарзулло, воқеанигор

Бахтиёри Саид, омузгор