ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАЁСАТИ МАОРИФИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

7735103  ноҳияи Варзоб мавзеи Зоғар          тел:  8-31-53  52-10-41                Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Варзоб фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад, ба роҳ монда, ҷиҳати беҳгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар ноҳия соли 2019 - 65 муассисаи таълимӣ, ки аз онҳо 53 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 9 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва  назди мактабӣ муассисаи таълимии №55 интернати назди мактаби барои хонандагони ятим ва нимятим фаъолият менамоянд. Дар соли чорӣ дар маҳаллаи навбунёди Гулбоғ-2, Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ таъсис дода шуда, бо адади 64 рақамгузорӣ карда шуд. Таҳсил дар тамоми муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

№ _____  аз 20 декабри соли 2019

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон   

  

 Дар таълимгоҳҳо дар соли таҳсили 2019-2020 -17825 нафар хонандагон, аз ҷумла 8553 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили 2017-2018 -697 нафар, аз он ҷумла 176 нафар духтарон зиёд мебошанд.

Шумораи хонандагон мувофиқи зинаҳои таълим чунин аст;

- ибтидоӣ (синфҳои 1-4) –7965 нафар, аз чумла 3818 нафар духтар;

- зинаи асосӣ (синфҳои 5-9) –7745 нафар, аз чумла 3778 нафар духтар;

- зинаи миёна (синфҳои 10-11) –2115 нафар, аз чумла 957 нафар духтар.

Ба таълими хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1327 нафар омўзгорон (аз ҷумла 710 нафар занон) машғул мебошанд, ки дараҷаи таҳсилоташон чунин мебошад:

     -олӣ - 974 нафар, 448 нафар зан:

     -олии нопурра - 132 нафар, 98 нафар зан;

     -миёнаи махсус - 221 нафар, 164 нафар зан;

То ба имрўз дар таълимгоҳҳои ноҳия 448 нафар аз онҳо 49 нафар духтарони ноболиғони бемодар, 314 нафар аз онҳо 133 нафар духтарон ноболиғони бепадар, 22 нафар аз онҳо 15 нафар духтарон ноболиғони ятими кул ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 31 нафарашон дар интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и ноҳия ба таълимфаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ понздаҳ нафар кўдакони маъюб ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Аз 1075 нафар хатмкунандагони синфи 11 зиёда аз 935 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд, ки аз ин шумора 836 нафарашон ба тақсимот роҳ ёфтанд, ки 89,4% иштирокчиёнро дар бар мегирад.

Имсол муассисаҳои таълимии ноҳияро 1378 нафар хонандагони синфи 9 (соли 2018 – 1348 фарқият 30 нафар)-ро хатм намуданд.

Дар соли 2019 дар Раёсати маориф 48 маҷлиси пагоҳирўзӣ, 12 маротиба Шўрои маориф, 13 маротиба семенари директорони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар ин муддат ба раёсати маориф 387 мактубҳо ва 712 ариза ворид шудааст, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шудааст. Раёсат ба ташкилоту муассисаҳо 580 мактубҳо ирсол намуда ва аз тарафи сардори Раёсати маориф бошад 712 фармоиши кадрӣ ва 140 фармоиши асосӣ ба имзо расонида шудааст.

Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 83 нафар 61 нафар, 14 нафар табқи квотаи президентӣ таҳсил намуда, 123 нафар мутахасисон бе роҳхат ба кори омўзгории муассисаҳои ноҳия сафарбар карда шуданд. ҳамзамон 18 нафарашон ба ноҳия наомадаанд. инчунин 27 нафар омўзгорон бинобар бо сабабҳои гуногун ивази ҷойи кор намуданд.

Мавриди қайд аст, ки дар ноҳия танҳо як муассисаи томактабӣ барои 40 нафар кўдакон амал мекунад, ки дар соли ҷорӣ сохтмони муассисаи томактабии хусуси барои 100 ҷой дар ҷамоати деҳоти Чорбоғ, оғоз гардидааст.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 таҳти №457 тасдиқ шудааст ва фармоишу қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар назди 15 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кўдакон фаъолият менамояд, ки 282 нафар кўдаконро дар 15 гурўҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Таъсис додани Маркази инкишофи кўдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019 №316 Дар бораи “Барномаи рушди таҳсилоти муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2020-2025 идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Раиси ноҳияи Варзоб аз 26.01.2016 сол, №38 дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуд, ки дар дарёфт намудани истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои минтақавӣ иштирок карда, 36 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1 нафар хонандаи синфи 11-и муассисаи таълимӣ № 6, Раҷабзода Аюбҷон соҳиби медали нуқра гардид.

Дар соли ҷорӣ дар даври дуюми олимпиадаи ноҳиявӣ 1060 нафар хонандагони синфҳои 9-11 ширкат варзида 180 нафарашон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Омўзгорои муассисаи тасилоти миёнаи умумии № 10 Нуралиева Дилафрўз дар озмуни муаллими сол дар байни ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори ҷийи 3-юм гардид.

Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2019 № 4265, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ноҳия, Нурзода Тахмина барои гирифтани ҷойи якум дар ҷумҳурӣ сазовори аттестати аълои универсалӣ бо медали тилло гардид.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №428 «Дар бораи қабули донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳамасола ба ноҳия 20 ҷой ҷудо карда мешавад.

Дар соли ҷорӣ 20 нафар довталабони болаёқат сазовори номи донишҷў гардиданд.

Дар моҳи октябри соли ҷорӣ дар асоси барномаи «Тарзи ҳаёти солим» озмуни «Тупи чармин» таҳти шиори «Футбол шоҳи варзиш аст» байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия, муовинони раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва намояндаи федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар озмуни мазкур 856 нафар хонандагон дар 67 гуруҳ иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар байни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи шоҳмот барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2015, № 508, баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат, дар ноҳия озмуни стипендияи Президентӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузаронида шуд, ки аз 12 нафар иштирокчиён 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ сазовори гирифтани стипендияи Президентӣ дар соли таҳсили 2019-2020 гардиданд.

Моҳҳои апрел ва октябри соли 2019 аттестатсияи омўзгорони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани тахасуси якум гузаронида шуда, 67 нафари дигар барои гирифтани тахассуси олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисахои таълимӣ озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» бо иштироки васеи хонандагон ба таври шаффоф гузаронида шуда, чор нафар ғолибони ноҳиявӣ ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври минтақавии ин озмун, ки санаи 27 ноябри соли равон дар шаҳри Ҳисор доир гардид, ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ Ҷалилова Фараҳноз, Нигораи Наврўз ва як нафар хатмкардаи Гимназияи № 1 Маликшоева Шоҳбегим сазовори ҷойҳои намоён гардида, роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд.

Хушбахтона хатмкардаи Гимназияи № 1, Маликшоева Шоҳбегим дар наминатсияи “ададиёти ҷаҳон” дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар моҳҳои сентябр ва октябри соли ҷорӣ дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08 августи соли 2019, байни китобхонаҳои муассисаҳои таълимии зерҳадафи лоиҳа, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ озмуни “Аниси кунҷи танҳои китоб аст” баргузор гардид, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ноҳияи Варзоб дар ин озмун сазоворӣ ҷойи дуюм гардида, бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар ноҳия озмуни “Конститутсиядони беҳтарин” бахшида ба 25 солагии Рўзи Кониститутсия гузаронида шуд, ки мушовири кабинети методии раёсати маориф, як нафар омўзгор ва ду нафар хонанда, сазоворӣ ҷойҳои намоён гардидаанд, ки бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ аз тарафи раиси ноҳия қадрдонӣ гардидаанд.

Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати доимии кормандони раёсати маориф қарор дорад. Рафти амалӣ гардидани он дар шўроҳои раёсати маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар аксарияти муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи маҳал, падару модарон ва шахсони масъулиятноки деҳа ҷамъомадҳо доир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзўҳои пешгирӣ ноболиғон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб аз қабили нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, сўҳбатҳо гузаронида шуда, инчунин ба онҳо дастур дода шуд, ки пеши роҳи фарзандонашонро оид ба тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ, зўроварӣ, иштироки фарзандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, фарзандони ноболиғро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фуруш ҷалб намудан манъ намоянд.

Дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои «Ҷавонони сулҳпарвар», вохўрии шоирону адибони тоҷик бо хонандагон, озмунҳои Рассоми беҳтарин ва иншои беҳтарин дар мавзуъҳои Иди модарон, Наврўзи байналмилалӣ, Ваҳдати миллӣ, 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рўзи Парчами давлатӣ ва бозиҳои варзишии футбол, волейбол, бозии Шоҳмот байни духтарон, бозии шавқовари «Офарин» ва ҳафтаи китоби бачагон дар муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуда, аз тарафи роҳбарони синфҳо соатҳои тарбиявӣ дар масъалаи мазкур доимо гузаронида мешавад.

Ҷиҳати иҷрои банди 48-и нақшаи чорабиниҳои тадбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, 62 адад муассисаҳои таълимӣ бо камераҳои назоратӣ таъмин гардидаанд. Таъмин гардидан бо камераҳои назоратӣ идома дорад.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибат бо забони давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Тамоми фаъолияти коргузорӣ бо забони давлатӣ сурат гирифт, вале ҳоло ҳам дар баъзе аз муассисаҳо ба амалӣ гардидани қонуни мазкур диққати ҷиддӣ намедиҳанд.

Эҳтироми Забони давлатӣ ва амиқ омўхтани он, инчунин омўзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи равандҳое мебошад, ки бояд таҳти назорати доимӣ қарор дошта бошад.

Чун ҳамасола дар арафаи таҷлили Рўзи забони давлатӣ, дар муассисаҳои таълимии ноҳия «Ҳафтаи забони тоҷикӣ» баргузор гардид, ки бахшида ба ин ҷашн, озмуни қироати шеър ва навиштани иншои беҳтарин бо забони давлатӣ доир гардида, дар он хонандагон иштироки фаъолона доштанд.

Ҷиҳати амалӣ гардидани Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омўзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 03.07.2014с. таҳти №427 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои бандҳои он давра ба давра амалӣ гашта истодааст.

Дар 65 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 89 омўзгорони фанни забони русӣ ва 81 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ кор мекунанд. Инчунин дар 6 муассисаҳои таълимии ноҳия ба 4 нафар омўзгорони фанни забони русӣ ва 5 нафар омўзгорони фанни забони англисӣ эҳтиёҷ доранд.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар пешрафти соҳа як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ муассиса дар 23 маҳфилҳои гуногун 712 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро фаро гирифтааст. Маҳсули дастони аъзоёни маҳфилҳои муассиса, борҳо дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, аз шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» пешкаши тамошобинон гардида, дар озмуну намоишҳои сатҳи ноҳиявӣ фестивали ҳунарҳои мардумӣ, фестивали “Сад ранги чакан”, “Ҳифзи ҳуқуқи кўдакон” ва дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз он ҷумла озмуни “Дастони моҳир”, “Ҳунар беҳ аз зар бувад”, “Озмуни “Тоҷикистон сарчашмаи обҳои зулол”, озмуни “Табиатдўстони ҷавон” фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Дар озмуни ихтирокорони ҷавон хонандаи муассисаи №11 сазовори ҷойи дуюм гардида ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои «Шоҳмот», «Химикони ҷавон», «Математикони ҷавон», «Физикони ҷавон», “Атрасбофӣ” ва дигар маҳфилҳои гуногун таъсис дода шудааст.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ва “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”дар соли 2019 харидорӣ намудани 134 адад компютер, 13 адад тахтаи электронӣ ва муҷаҳази 11 кабинети таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд аз ҳисоби буҷети муассисаҳои таълимӣ 46 адад компютер, 4 адад принтер, 2 адад тахтаи электронӣ ва муҷаҳази 4 кабинети фанни харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби сарпарастон 5 адад компютер ва 1 адад проэктор тўҳфа карда шудааст.

Айни замон 54 адад муассисаҳои таълимии ноҳия бо синфхонаҳои компютерӣ таъмин гардида, омўзиши фанни технологияи информатсионӣ пурра ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ байни омўзгорони технологияи иттилоотӣ ва камуникатсионии муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни “Беҳтарин кабинети технологияи иттилоотӣ”, “Ҳуруфчини беҳтарин” ва “Барномасози беҳтарин” гузаронида шуд.

Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия дар  соли 2019 - 14 муассисаи таълимиро аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимиро аз аккридитатсия ба муҳлати 5 сол  гузаронидааст, ки сифати таҳсилот ба 51,4 ва аз худкунии барнома 81,6% ташкил медиҳад.

Дар асоси нақшаи курсҳои такмили ихтисос барои соли 2019, ки бо Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2018 № 77, 221 нафар омўзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд, ки ин 107%- и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Давоми соли ҷорӣ 70 нафар омузгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз курсҳои бозомўзӣ ва 456 нафар омўзгорони синфҳои ибтидоӣ, директорон ва китобдорон дар семинарҳои омўзишии лоиҳаи  “Ҳамроҳ Бихонем” иштирок намуданд.

Дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2018 сол № 06/3-1284 дар назди 65 муассисаи таълимии ноҳия сутунпоя  барои парчам дар баландии аз 7 то 9 м гузошта шуд.

Бо мақсади ба таълим фаро гирифтани калонсолон бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2017 сол, № 3124 дар ноҳия гурўҳи мақсаднок дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 аз ҳисоби Коллеҷи омўзгории шаҳри Ҳисор аз рўи ихтисосҳои забони русӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ таъсис дода шуда дар он 40 нафар донишҷўйён ба таълим фаро гирифта шудааст.

Дар соли 2019 аз Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобҳои дарсию бадеӣ, барномаҳо, журналҳо ва дастурҳои таълимию методӣ (аз ин миқдор 6330 нусха китобҳои бадеӣ ва дастурҳои методӣ ба таври ройгон) дастрас ва тақсим карда шуд. Дар ин муддат ба суратҳисоби табъу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 485392 сомонӣ аз он 418681 сомонӣ тариқи нақдӣ (тавассути Амонатбонк) ва 66711 сомонӣ ғайринақдӣ (аз ҳисоби буҷҷаи сарикасии муассисаҳо) супорида шуд, ки 107,2% маблағи солонаро ташкил мекунад, ҳоло ҳам муассисаҳои таълимӣ ба катобҳои дарсӣ эҳтиёҷ доранд.

Муассисаҳои таълимӣ бо 606 тона ангишт, 900 м3 ҳезум, 3400 литр сўзишвории дизелӣ, шишабандӣ пурра таъмин гардида, борои зимистонгузаронӣ пурра омода мебошанд.

Раёсати маориф нақшаи маҷалаҳои ҷумҳуриявиро дар ҳаҷми 100% ва ба маҷалаҳои соҳавӣ 85% обуна шадааст, ки то охири соли ҷорӣ пурра мешавад.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, № 103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2019», фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2019, №1696 ва қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 04.04.2019, №102  -240 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар майдончаҳои солимгардонии назди мактабӣ аз бо додани хўроки гарми яквақта фаро гирифта шуда буданд.

Инчунин бо дастгирии Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқҳои касаба 40 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 17 нафар тарбиятгирандагони мактабинтернати № 55 тариқи роҳхат дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» истироҳат намуданд.

Дар ин муддат ба 35 нафар омўзгорон барои барқарор намудани саломатиашон роҳхат ба Осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дода шудааст. Ба 19 нафар омўзгорони ниёзманд бо маблағи 4550 сомонӣ ёрии моддӣ ва 10-нафар омўзгорони дигар бо маблағи 2620 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.

Дар ноҳия, сохтмони бинои навӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 41 дар деҳаи Арақчин, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии № 31 дар деҳаи Шаршара, сохтмони бинои нави муассисаи таълимии № 37 дар деҳаи Фанфароқ бо дарназардошти 800 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохтмони муассисаи умумии асосии № 62 дар деҳаи Косатароши поён аз ҳисоби соҳибкорон бо маром идома дошта, сохтмони муассисаи таълимии нав дар мавзеъи Гулбоғ – 2 ба анҷом расида, бо адади 64 рақамгузорӣ карда шуда, сохтмони ду синфхонаи иловагӣ дар рўзи дониш ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон дар 5 маҳаллаҳои навбунёд (Дашти ринҷон, Работ, Дашти хорзор, Қулписта-2, Обқул) муассисаи таълимӣ ва 14 муассисаи таълимӣ ба азнавсозӣ эҳтиёҷ доранд.

Бо эҳтиром!

Сардори раёсати маориф               Бобозода И.А.