ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

РАЁСАТИ МАОРИФИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯИ ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

7735103  ноҳияи Варзоб мавзеи Зоғар          Код  8-31-53  52-10-41                   ilhomjon. 77 @mail.ru

 

№ 327  аз 28 июни соли 2019

 

                                                        Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                                                             давлатии ноҳияи Варзоб

            Фаъолияти корӣ раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти

                        давлатии ноҳияи Варзоб, дар шаш моҳи соли 2019

 Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад, ба роҳ монда, ҷиҳати беҳгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Дар раёсати маорифи ноҳияи Варзоб аз 6 воҳиди корӣ хизматчиёни давлатӣ, Кабинети методӣ (бо 15 воҳиди корӣ: мудир, 11 нафар мушовир, коргузор, фаррош ва ронанда), Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо (бо директор, муовини директор ва 5 воҳиди кории омӯзгорӣ), Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (директор ва мутахассис) ва муҳосибот (бо муҳосиб ва иқтисодчӣ) Бахши хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз 2 нафар, (мудири бахш ва мутахассис ҷамъ 32 воҳиди корӣ фаъолият менамояд.

Дар ноҳия 64-то муассисаҳои таълимӣ, дар назди муассисаи таълимии №55 бошад, интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва нимятим амал менамоянд.

Аз 64-то муассисаҳои таълимӣ 1 ададаш гимназия, 51 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 9 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.

Дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ, ба роҳ монда шудааст.

Соли таҳсили 2018-2019 дар таълимгоҳҳои ноҳия 17128 нафар хонандагон, аз ҷумла 8377 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли хониши гузашта 666 нафар зиёд мебошад.

Шумораи хонандагон мувофиқи зинаҳои таълим чунин аст;

- ибтидоӣ (синфҳои 1-4) –7598 нафар, аз чумла 3744 нафар духтар;

- зинаи асосӣ (синфҳои 5-9) –7333 нафар, аз чумла 3612 нафар духтар;

- зинаи миёна (синҳњои 10-11) –2197 нафар, аз чумла 1021 нафар духтар.

Ба таълими хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1351 нафар омӯзгорон (аз ҷумла 732 нафар занон) машғул мебошанд, ки дараҷаи таҳсилоташон чунин мебошад:

       -олӣ - 935 нафар, 488 нафар зан:

       -олии нопурра - 120 нафар, 85 нафар зан;

       -миёнаи махсус - 283 нафар, 151 нафар  зан;

       -миёнаи умумӣ - 13 нафар, 8 нафар зан.

Дар давоми се моҳи соли 2019 -23 нафар омӯзгор бо сабабҳои ба синни нафақа расидан, муҳоҷирати меҳнатӣ, ба кори дигар гузаштан аз кор рафтанд ва ҳамзамон 22 нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Дар таълимгоҳҳои ноҳия имрӯз - 107 нафар «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар дорои мукофотҳои давлатӣ, 2 нафар номзади илм, 4 нафар аспирант, 18 нафар омӯзгорони нафақахӯр фаъолият доранд.

Дар таълимгоҳҳои ноҳия 127 нафар аз онҳо 54 нафар духтарони ноболиғони бемодар, 318 нафар аз онҳо 139 нафар духтарон ноболиғони бепадар, 16 нафар аз онҳо 7 нафар духтарон ноболиғони ятими кул ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 36 нафарашон дар интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и ноҳия ба таълим фаро гирифта шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии № 1, 2, 3, 6, 16, 39, 41, 46, 52, 53 -10 нафар кӯдакони маъюб ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар шаш моҳи соли 2019 дар раёсати маориф 24 маҷлиси пагоҳирӯзӣ, 6 маротиба Шӯрои раёсати маориф, 6 маротиба семенари директорони муассисањои таълимї гузаронида шуд, ки дар он масъалањои таълиму тарбия мавриди санљиш ќарор дода шуд.

Дар ин муддат аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва дигар ташкилоту муассисаҳо 181 мактубҳо ва 187 ариза муроҷиати шахсони воқеӣ 5 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ, 10 муроҷиати электронӣ ворид шуда, дар муҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шудааст. Раёсат ба 320 ташкилоту муассисаҳо мактубҳо ирсол намудааст. Аз тарафи сардори Раёсат бошад 69 фармоиш ба имзо расонида шудааст.

Мувофиқи дархости директорони муассисаҳои таълимӣ боназардошти омӯзгорони нафақахӯр ва ғайри ихтисос 53 нафар омӯзгор аз фанҳои алоҳида намерасад, ки ба Вазорати маориф дархост пешниҳод карда шуд.

Дар ноҳия 1 адад кӯдакистон фаъолият менамояд, ки 40 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтааст.

Баҳри иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар Ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 таҳти №457 тасдиқ шудааст, дар назди 15 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 232 нафар кӯдаконро дар 15 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Таъсис додани Маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия идома дорад.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Раиси ноҳияи Варзоб аз 26.01.2016 сол, №38 дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуд, ки дар дарёфт намудани истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад. Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои минтақавӣ иштирок карда, 36 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 1 нафар хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимӣ № 6, Раҷабзода Аюбҷон соҳиби медали нуқра гардид.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми июли соли 2015, №428 «Дар бораи қабули донишҷуён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳамасола ба ноҳия 20 ҷой ҷудо карда мешавад.

Қабули донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Тартиб, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2017, №546 тасдиқ гардидааст ба роҳ монда шудааст. Мувофиқи он қабул бо роҳи сӯҳбат дар се давр гузаронида мешавад, ки даври якум то 20.03.2019 дар муассисаҳо ҷамъбаст гардида, 166 нафар ба даври дуюми ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд, санаи 27 марти соли 2019 сӯҳбат озмуни даври ноҳиявӣ баргузор гардид, ки 73 нафар ба даври ниҳои роҳ ёфтанд. Сӯҳбати даври ҷумҳуриявӣ санаи 11 июни соли 2019 дар бинои Муассисаи таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи таъсисдодаи Вазорат баргузор гардид, ки 20 нафар довталабон сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

Илм ва маориф асоси пойдор ва пешрафти ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Бинобар ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷдиду ислоҳот дар ин соҳа як қатор иқдомҳои зарурӣ ва сариваќтиро пеш гирифтааст, ки таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестї»-и назди Президенти Љумњурии Тољикистон намунае аз онњо мебошад.

Барои супоридани имтињоноти ягонаи тестї, тамоми муассисањои таълимии ноњия дар соли љорї бо маводи зарурии таълимї ва хатмкунандагон бо дастури таълимии «Роњнамои довталаб» пурра таъмин гардидаанд.

Шурӯъ аз моҳи март аз 1090 нафар хатмкунандагони синфи 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 931 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштаанд.

Ҷиҳати иҷрои банди 48-и нақшаи чорабиниҳои тадбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, 45 адад муассисаҳои таълимӣ бо камераҳои назоратӣ таъмин гардидаанд, ки дар ин самт корҳо идома доранд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» муносибат бо забони давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт. Тамоми фаъолияти коргузорӣ бо забони давлатӣ сурат гирифта, амали шудани он зери назорати кормандони раёсати маориф ќарор дорад.

Эҳтироми Забони давлатӣ ва амиқ омӯхтани он, инчунин омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ пеш аз ҳама русӣ ва англисӣ аз ҷумлаи равандҳое  мебошад, ки бояд таҳти назорати доими қарор дошта бошад.

Чун ҳамасола дар муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни қироати шеър, озмуни фурӯғи субҳӣ донои ва навиштани иншои беҳтарин бо забони давлатӣ доир гардида, хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар барномаи шоиронаи телевизиони САФИНА иштироки фаъолона доранд.

Дар арафаи Иди 26 солагии тасисёбии Қувваҳои мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон,“Иди модарон, Ваҳдати миллӣ дар як қатор муассисаҳои таълимӣ иншои беҳтарин дар мавзӯҳои “Биҳишт дар зери қудуми модарон аст”, ва “Бузургии зан-модар,” “Наврӯз ҷашни аҷдодии мо” ва “Ваҳдати милли бақои миллат”, “Артиши милли сипари миллат”гузаронида шуд.

Ҷиҳати амалӣ гардидани Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» аз 03.07.2014. таҳти №427 нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, иҷрои бандҳои он давра ба давра амалӣ гашта истодааст.

Дар 64 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 89 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 87 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ кор мекунанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия ба 9 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 8 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ эҳтиёҷ доранд. Раёсати маориф баҳри таъмини омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ ба донишгоҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ мебошад.

Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати кормандони раёсати маориф қарор дорад. Рафти амалӣ гардидани он дар шӯроҳои раёсати маорифи ноҳия доимо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуда истодааст.

Дар аксариати муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи маҳал, падару модарон ва шахсони масъулиятноки деҳа ҷамъомадҳо доир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирӣ ноболиғон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб аз қабили нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон семенар машварат гузаронида шуда, инчунин ба онҳо дастур дода шуд, ки пеши роҳи фарзандонашонро оид ба тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ, зӯроварӣ, иштироки фарзандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, фарзандони ноболиғро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фуруш ҷалб намудан манъ намоянд.

Бо маќсади амалї гардонидани Барномаи миллии ташаккули тарзи њаёти солим дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2011-2020 байни хонандагони муассисањои таълимии ноњия бозињои варзишии футбол, волейбол байни писарони байни духтарон бозии шашкаву шоњмот ва моњњои апрел ва май Рўзи мудофиаи шањрвандї, муассисањои таълимї ва бозии  муассисањои таълими гузаронида шуд.

Њамзамон дар байни муассисањои таълимии ноњия мусобиќаи шоњмот барои дарёфти “Љоми Пешвои миллат оид ба шоњмот” гузаронида шуда ѓолибон ба даври ноњиявї пешнињод гардидаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия, 609 нафар хонандагон ба муассисаи таҳсилоти иловагї дар 23 мањфил фаро гирифта шудаанд. Зиёд намудани шумораи маҳфилҳо ва љалби хонандагон дар нақшаи кории муассисаи таҳсилоти иловагї қарор дорад. Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дар озмуну намоишҳои сатҳи ноҳиявї фестивали њунарњои мардумї, фестивали “Сад ранги чакан”, “Њифзи њуќуќи кўдакон” ва дар озмунњои љумҳуриявї аз он љумла озмуни “Дастони моњир”, “Њунар бењ аз зар бувад”, “Озмуни “Тољикистон сарчашмаи обњои зулол”, озмуни “Табиатдўстони љавон” фаъолона ширкат варзида, ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар муассисањои таълимии ноњия мањфилњои «Шоњмот», «Химикони љавон», «Математикони љавон», «Физикони љавон», “Атрасбофи ва дигар мањфилњои гуногун таъсис дода шудааст.

Љињати иљрои «Барномаи давлатии компютеркунонї дар Љумњурии Тољикистон барои солњои 2018-2022”, муассисањои таълимии ноњия дар ин 609 адад компютер 20 адад проектор, 14 адад доскаи электронї 4 адад нусхабарор 165 адад принтер таъмин буда, ба њар як компютер 13 нафар хонандагони синфњои 5-11 рост меояд.

Ташкил кардани синфњои компютерї ва таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотї дар муассисањои тањсилоти умумии ноњия вобаста ба талаботи пешрафти илмию техникии замони муосир, масъалаи њаётан муњим ва таќозои замон аст.

Дар 53 муассисаи таълимии ноњия синфхонањои компютерї таъмин гардида, омўзиши фанни технологияи информатсионї пурра ба роњ монда шудааст.

Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия дар шаш моњи соли 2019 -10 муассисаи таълимиро ва Муассисаи тањсилоти иловагиро аз аттестатсия ва 4 муассисаи таълимиро аз аккридитатсия гузаронидааст, ки сифати тањсилот 51,2% ва азхудкунї 81,5%- ро ташкил медињад.

Кабинети методии раёсати маорифи ноҳия давоми шаш моњи соли равон ба 34 адад муассисаҳои таълимї ёрии методї расонидааст. Дар ин муддат ба директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омўзгорони фанњои таълимї, китобдорони китобхонаҳои муассисаҳои таълимї, роњбарони созмони хонандагон барои пешбурди кор дар ҳуљљатгузорї маслиҳатҳои методї дода шудааст.

Барои ноил шудан ба сифати баланди таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон бо омўзгорон зарур аст, ки маҳорати касбии худро баланд бардошта, аз усулҳои фаъоли таълим самаранок истифода баранд. Бо ин маќсад њамасола ба курсњои такмили ихтисоси кормандони соњаи маориф роњбарони муассисањои таълимї ва омўзгорон барои баланд бардоштани савияи дониши касбиашон фаро гирифта мешаванд.

Дар шаш моњи соли 2019 - 128 нафар омўзгорон, аз љумла 2-нафар мушовир, 4 нафар директорон, 11 нафар муовинони директорон, 2 нафар роњбарони созмонњои талабагї ва 109 нафар омўзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Њамзамон бо маќсади амали гардидани фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 29 январи соли 2019, №544 ”Оид ба анљоми соли тањсили 2018-2019, муассисањои таълимиро бо маводњои аттестатсия пурра таъмин намудааст.

Раёсати маориф ва муассисањои таълимии ноњия ба 23 номгўи маљалањо бо тедоди 2462 адад обуна карда шудаанд.

Фарди љомеаи имрўза на танњо бояд ба дониш мусаллањ бошад, на танњо хонаду донад, балки хонаду гўяд, тањлил ва муќоиса кунад, муошират карда тавонад. Барои ин чун њамеша китоб маслињатгару дўст шуда метавонад.

Давоми шаш моњи соли 2019 аз Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон ба миќдори 24057 нусха китобњои дарси ва методї ба маблаѓи 385186 сомонию 80 дирам ба раёсати маориф ворид шуда, ба муассисањои таълимии ноњия расонида шуд. Аз ин њисоб 17358 сомонї ба суратњисоби Вазорати маориф ва илми Љумњурии Тољикистон пардохт карда шуд.

Дар моњи январи соли 2019 аз њисоби иттифоќи касабаи кормандони соњаи маориф ба 14 нафар омўзгорон барои барќарор намудани саломатиашон роњхат ба Осоишгоњї Хоља оби гарм ва Зумрад дода шуд.

Њамзамон ба омўзгорони муассисањои таълимї ба маблаѓи 3200 сомонї ёрии моддї, ва 800 сомонї њавасманд гардонида шудааст.

Њамзамон бо ќарорњои Њукумати Љумњурии Тољикистон дар мавзеъњои Дашти ринљон, Работ, Дашти хорзор, Ќулписта-2, Обќул, ќитъањои замин барои бунёди манзилњои истиќоматї људо гардида, мањалњои ањолинишин ташкил карда шудааст, ки ба 5 муассиса бо 1440 љойи нишаст дар як баст эњтиёљ доранд. Ба синфхонањои иловагии муассисаи таълимии № 52 дар мањаллаи Гулбоѓ бо 20 љуфт мизи курсї таъмин карда шуд. Сохтмони бинои навї муассисаи тањсилоти миёнаи умумии № 41, сохтмони муассисаи таълимии нав дар мавзеъи Гулбоѓ - 2 ва сохтмони синфхонањои иловагии муассисаи тањсилоти миёнаи умумии 48 идома дорад.

Љињати иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 29 марти соли 2019, № 117 «Дар бораи сари ваќт омода намудани соњањои иќтисодиёт ва иљтимоиёти љумњурї барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоњу зимистони солњои 2018-2019» муассисањои таълимии ноњия бо 600 тонна ангишт, 900 м3 њезум ва 3400 литр сузишвории дизелї эњтиёљ доранд, ки иљрои он давра ба давра таъмин гардида истодааст.

Бо маќсади иљрои ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 1 марти соли 2019, № 103 «Дар бораи ташкили истироњати тобистонаи кўдакон ва наврасон дар соли 2019», фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 3 марти соли 2019, №1696 ва ќарори раиси ноњияи Варзоб аз 04.04.2019, №102  -240 нафар хонандагони муассисањои таълимии № 1, 3, 4 ва 6-и Љамоати дењоти Варзоб-ќалъа, муассисаи таълимии №28-и Љамоати дењоти ба номи С.Айнї, муассисаи тањсилоти миёнаи №44 Љамоати дењоти Чорбоѓ, муассисаи тањсилоти миёнаи №5 шањраки Такоб, ва муассисаи таълимии 56-и Љамоати дењоти Лучоб майдончањои солимгардонии назди мактабї аз 15 июн то 27 июни соли 2019 аз соати 900 то 1300 аз њисоби хонандагони синфњои 1-4 ташкил карда шуда, бо додани хўроки гарми якваќта фаро гирифта шудаанд.

Бо маќсади ба таълим фаро гирифтани калонсолон бо фармоиши вазири маориф ва илми Љумњурии Тољикистон аз 21.08.2017 сол, № 3124 дар ноњия гурўњи маќсаднок аз њисоби Коллељи омўзгории шањри Њисор аз рўи ихтисосњои забони русї ва тањсилоти ибтидої таъсис дода шуд, ки 40 нафар дар ду гурўњ ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Санаи 2 июни соли 2019 аз тарафи муассисањо бо иштироки Кумитаи њифзи муњити зисти ноњия ва хонандагони муассисањои таълимї озмун дар мавзўи дањсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида шуд, ки ѓолибони «Расми бењтарин», «Иншои бењтарин» бо ифтихорнома ва туњфањои хотиравї сарфароз гардонида шуданд. Њамзмон навори пешнињоднамудаи хонандаи синфи 6-и муассисаи таълимии №53 дар љумњурї сазовори љойи аввал гардид.

Мо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вазифадор ҳастем, ки бештар ба сифати таълиму тарбия, диққати махсус диҳем. Роҳу усулҳои фаъоли самарабахши таълимро љустуљў намуда, дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату кишвар мебошанд аз тамоми имкониятҳои мављуда самаранок истифода бурда, бањри татбиќи низоми нави таълими салоњиятнокї, ки таќозои замони муосир аст фаъол буда, барои омода намудани хонандагон ба дунёи технологияи муосири таълим дар дораи талаботи барномањои нави ќабулшуда, сањми арзанда гузошта, дар татбиқи амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон, ҳиссагузор бошем.

 

 

Сардори раёсати маориф                            Бобозода И.А.