Печать
Диданд: 417

                                                                

         МАҚОМОТИ  ИҶРОИЯИ  ҲОКИМИЯТИ  ДАВЛАТИИ  НОҲИЯИ ВАРЗОБ

           МУАССИСАИ  ТАҲСИЛОТИ  ИЛОВАГӢ ДАР  НОҲИЯИ  ВАРЗОБ

 

7735103 ноҳияи  Варзоб, ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъа, деҳаи Варзоб       тел:  8.31.53 52-10-43

 аз    31 декабри      соли 2018   № 46 _                                       

                                                                              Ба директори МД “Маркази      

                                                                              ҷумҳуриявии муассисаҳои

                                                                              таҳсилоти иловаги” -и 

                                                                              Вазорати маориф ва илми

                                                                              Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                                              муҳтарам: Умедҷон Сафарзода

 

 

                                                                            ҲИСОБОТИ

СОЛОНАИ ДИРЕКТОРИ  МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ.

 

         Муассисаи таҳсилоти иловагии  ноҳияи Варзоб фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон   “Дар бораи маориф”, “Дар  бораи  таҳсилоти иловагӣ” ва санадҳои   меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки  фаъолияти соҳаро ба танзим медарорад ба роҳ мондааст.

         Тибқи қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 15.08.2013  таҳти №582 муассиса дорои бинои алоҳида мебошад. Дар асоси қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 01.12.2014 сол  таҳти  №883 ба муассиса мустақилияти молиявӣ дода шудааст.

Дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ,  кормандони роҳбарикунанда  чор  нафар  аз ҷумла се нафарашон занон бо маълумоти олӣ ва  як нафар мард бо маълумоти олӣ фаъолият доранд. Ҳайати кормандони техникиро шаш нафар  ташкил медиҳад. Соли 2018 аз  ҷониби  маъмурияти  муассиса   4  маротиба Шӯрои омӯзгорон  ва 32-маротиба ҷаласаи назди директор  гузаронида шуд.

Дар  муассисаи таҳсилоти иловагӣ  бо барномаҳои давлатӣ оид ба “Барномаи тарзи ҳаёти солим”, “Конспексияи миллии тарбия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”  ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Масъулияти падару модар дар  таълиму тарбияи фарзанд”  корҳои фаҳмодадиҳи гузаронида шуд. Оид ба  иҷрои барномаҳо нақша чорабиниҳо  тартиб дода шудааст.

         Дар муассиса 23 маҳфил амал менамояд, ки  аз он ҷумла маҳфилҳои техникӣ  чордаҳ адад, сайёҳӣ-кишваршиносӣ як адад, экологӣ-биология ду адад, бадеӣ як адад, ҳунарҳои мардумӣ чор адад ва фаннӣ як адад фаъолият мекунанд.

Аз шумораи умумии 17128 нафар хонандагони ноҳияи Варзоб 712 нафар  бо ҷалби 76  гурӯҳ  аъзои маҳфилҳои муассисаи  таҳсилоти  иловагӣ мебошанд.  Дар маҳфилҳо 452 нафар духтарон ва 260 нафар писарон ҷалб карда шудаанд. Хусусияти  сину соли хонандагон дар маҳфилҳои муассиса:синфҳои ибтидои  ҳаштод нафар, синфҳои асосӣ  панҷсаду дувоздаҳ нафар  ва миёнаи умумӣ як саду бист нафарро ташкил медиҳанд. Ба аъзоёни маҳфил бисту се нафар омӯзгорон   чордаҳ нафар бо  маълумоти олӣ, миёнаи касбӣ ҳафт нафар ва миёнаи умуми ду нафар мебошанд.

Дар соли сипаригашта бо мақсади сифатнок ба роҳ мондани кори маҳфилҳо ва ҷалб намудани хонандагон ба ҳунаромӯзӣ бо падару модарони аъзои маҳфил сӯҳбатҳо гузаронида шудаанд.

Бо  дастгириҳои ҳамарӯзаи раиси ноҳия  муҳтарам Шерализода Маҳмадулло  Умар  дар соҳаи маориф аз ҷумла дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ хеле пешравиҳои назаррас дида мешавад.

Ҳамзамон қайд менамоем, ки муассиса оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳо ва мавриди омӯзиш қарор додани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати амалӣ гардонидан ва эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ҳиссагузор буда, дувоздаҳ маротиба сабти телевизони доштем ва дар бисёр  озмуну  чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, борҳо соҳиби ҷойи аввал гардидем. Моҳи июли соли 2018 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ  “Ҷилваи  чакан”, моҳи сентябр дар маркази ноҳия чорабини бахшида ба  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар саннаи  10-11 моҳи октябр дар боғи “Ирам”  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва 13 октябр дар боғи марказии ноҳия ҷашнгири   ба   иди “Меҳргон” фаъолона  иштирок намуда сазовори ҷойҳои ифтихори  гардида,  бо  Сипоснома ва  бо тӯфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Моҳи октябр аъзои маҳфили ”Табиатдӯстони ҷавон”  Гулнозаи Файзали  реферат дар мавзӯи  “Табиат мекунад моро табобат” ҷойи аввалро  ишғол  намуда сазовори  Ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравии  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид ва барои даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.

Дар саннаи чоруми моҳи ноябри соли 2018  дар Донишгоҳи Давлатии Фарҳанг ва Санъатӣ ба номи Мирзо Турсунзода  фестевали “Эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ” шуда гузашт, ки шаш нафар роҳбарони маҳфилҳои муассиса: Хоҷаева Бахтинисо,  Яқубов  Хуҷамурод,   Анисаи Тағоймурод, Гурезова Гулғунча, Холова Дилрабо  ва  Ниёзова Гулрафтор  бо  Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии   Вазорати фарҳанг   сарфароз гардиданд.

Саннаи даҳуми  ноябр дар боғи фароғатии  “Дӯстӣ” шаҳри  Душанбе  дар  фестевали  “Оши палав” бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз ҷумла  сабадбофӣ,  шерозбофӣ,  мӯҳрабофӣ,  дастони моҳир,  гулдӯзӣ,  чакандӯзӣ, қӯроқдӯзӣ,  зардӯзӣ,  адрасбофӣ ва коркард бо чӯб ширкат варзида соҳиби тӯҳфаҳо гардиданд.

Рӯзҳои сеюм ва панҷуми ноябри соли равон дар  кушодашавии Қасри фарҳанги  ноҳияи  Варзоб  ва  фестевал  озмуни “Андалеб- 2018” бо намоиши  ҳунарҳои мардумӣ роҳбарони маҳфилҳо  иштирок намуданд.

Дар соли равон  Зоирова  Хиромон  хонандаи  синфи  11-и муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии №1 барои кашидани расми  беҳтарин  ва хонандаи синфи  нуҳ  Фотимаи Саид  аз муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 6 барои иншои беҳтарин  сазовори  ҷойҳои  намоён   гирдида  бо  Ифтихорномаи  Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуд.

Аъзоёни маҳфили “Ихтирокори ҷавон” Саодати Фатуллоҳ, Муатараи Ҷинайдулло ва Алишери  Фатуллоҳ дар озмӯни “Ихтирокорони ҷавон”,  ки  дар   назди  Китобхонаи  миллӣ барои сохтани  макети Сафед-дара  соҳиби ҷойи аввал гардида бо  Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои  хотиравии  Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд.

Аъзоёни  маҳфили  “Химикони ҷавон” бо роҳбари устод Манонов Абдусалоҳ,  Шамшоди Дилшод  ва   Бобиева  Мадина дар олимпиадаи минтақави  аз фанни химия соҳиби медали тилло гардидаанд. Инчунин  се нафар аъзоёни  маҳфилҳо   бо квотаи  Президентӣ  роҳхат  гирифтанд ва панҷ нафари дигар ба Донишгоҳи  Давлатии  Тиббии Тоҷикстон дохил шуданд, ки  боиси  ифтихор  мебошад.

22-юми декабри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб дар ҷамъбасти “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” панҷ нафар роҳбарони маҳфилҳои  зардӯзӣ,  мӯҳрабофӣ , қӯроқдӯзӣ, сабадбофӣ ва дастони моҳир бо Ифтихоронома ва тӯҳфаҳои  хотиравӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  сарфароз гадонида шудаанд.

            Яке аз самти дигари фаъолияти муассисаи таҳсилоти иловагӣ ин назорати кори Созмони хонандагон  дар муассисаҳои таҳсилоти умуми  мебошад. Фаъолияти Созмони хонандагон  дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бора  маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”,  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” , Низомнома  ва  Оиннома  ба роҳ монда мешавад.

         Мақсади асоси Созмони хонандагони ба номи Исмоили Сомонӣ тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқолияти давлатӣ ва ба ин восита ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеъаи Тоҷикистон мебошад.

         Муассисаҳои таълимии ноҳия дар атрофи Созмони хонандагон мутаҳид гашта мувофиқи дастуру супоришҳои он фаъолият менамоянд. Созмони хонандагон фаъолияти худро дар се зинна Ахтарон, Ворисони Сомониён ва Сомониён ба роҳ монда мекушад, ки аъзоёни он тавонанд  шавқу завқи худро бишиносанд ва табдирҳои андешидашонро татбиқ намоянд.

         Дар ноҳияи Варзоб 64 муассисаҳои таълимӣ аз он муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умумии  51 адад,  муассисаи таҳсилоти умумии  асосӣ 3 адад, муассисаи  таҳсилоти ибтидоӣ 9 адад ва 1  гимназия иборат мебошад.

         Шумораи аъзоёни созмони хонандагон 13917 нафар мебошанд. Дар зиннаи Ахтарон-4049 нафар, Ворисони Сомониён-7534 нафар ва Сомониён 2334 нафарро ташкил медиҳад. Моҳе  як  маротиба  семинар –машварати дастурдиҳии роҳбарони созмони хонандагон гузаронида мешавад, ки аз фаъолияти кори як дигар бо хабар мешаванд. Дар соли сипаригашта нуҳ маротиба семенар-машварати сайёр дар муаасисаҳои таълимӣ ва 4 маротиба  Шӯрои созмони хонандагон гузаронида шуд.

         Бо дастгириҳои Сардори  раёсати маорифи ноҳияи  Варзоб муҳтарам Бобозода  Илҳомҷон  Абдушукур   дар кори созмони хонандагон нисбат ба солҳои пешин хело пешравиҳо дида мешавад.

         Дар соли сипаригардида аз тарафи муассисаи таҳсилоти иловагӣ гурӯҳи кори  ташкил намуда дар муассисаҳои таълимӣ ноҳия корҳои фаҳмондадиҳи оид ба ҳуҷҷатгузории  роҳбарони созмони хонандагон, дафтари кории  роҳбарони  созмони  хонандагон, Низомнома ва Оинномаи  нав қабул гардида, корҳои фаҳмондиҳи гузаронида шуд. Чунон, ки гуфтаанд.

                                       Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст.

                                       Агар хомӯш бишини гуноҳ аст.

         Дар баробари пешравиҳо камбудиҳо низ ҷой доранд, ки ин ҳам тез-тез иваз намудани роҳбарони созмони хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ  аз тарафи  директорони муассисаҳо мебошад. Камбудиҳои дигар пушидани сару либоси муассисави ва бо рӯймолҳои ғайри ба муассисаҳои таълимӣ омадани духтарон мебошад. Баъзе роҳбарони созмонҳо бо атрибуткаҳо ва шайпуру нақора таъмин нестанд бо  ҳуҷраи кории алоҳида таъмин набудани  аксарияти роҳбарони созмони хонандагон дар муассисаҳо баназар мерасад.

         Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар Паёми навбати худ  соли 2019-ро “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштаанд,  мо кушиш ба харҷ  медиҳем, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда дар ин сол ҳиссагузор бошем.

 

Бо эҳтиром

Директори МТИ                                 Раҳмонова С.Ф.

ноҳияи Варзоб