Сардори раёсати маорифи ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои биология, Бобозода Илҳомҷон Абдушукур

Сол ва ҷойи таваллуд: 24.12.1977 сол, дар деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа, н. Варзоб

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: Олӣ. Соли 2005, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ-ро хатм кардааст

Ихтисос: омӯзор

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои биология, май 2014 (фармони ВАК РФ аз 8 декабри соли 2014, № 696/нк-1, КНД № 001703 ш. москва)

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? Вакили ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не? Аълочии маориф ва илми ҶТ (14-уми марти соли 2016, № 696)

Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби чор фарзанд

Суроға: деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи н. Варзоб тел. 521041 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

                                             

 

                                                                                                                                                             Фаъолияти

                                                                                                                    Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб дар соли 2018

 

Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолияти худро дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқие, ки соҳаи маорифро ба танзим медарорад, ба роҳ монда, ҷиҳати бехгардонии раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия инчунин роҳҳои баланд бардоштани сифати дониши хонандагон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда истодааст.

Дар ноҳия 64-то муассисаҳои таълимӣ, дар назди муассисаи таълимии №55 бошад, интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим ва нимятим амал менамоянд.

Аз 64-то муассисаҳои таълимӣ 1 ададаш гимназия, 51 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 9 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. Дар соли чорӣ муассисаи таҳсилоти умуми асосии № 10 бо қарори раиси ноҳия аз 22 августи соли 2018 № 297 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, табдил дода шуд. Таҳсил дар тамоми муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар таълимгоҳҳо дар соли таҳсили 2018-2019 17128 нафар хонандагон, аз ҷумла 8377 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли таҳсили гузашта  666  нафар, аз он ҷумла 313 нафар духтарон зиёд мебошанд.

Ба таълими хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия 1351 нафар омӯзгорон (аз ҷумла 732 нафар занон) машғул мебошанд, ки дараҷаи таҳсилоташон чунин мебошад:

       -олӣ -                   935  нафар, 488 нафар зан:

       -олии нопурра -  120 нафар, 85 нафар зан;

       -миёнаи махсус - 283 нафар, 151 нафар  зан;

       -миёнаи умумӣ - 13 нафар, 8 нафар зан.

 

Дар соли 2018 дар Раёсати маориф 45 маҷлиси пагоҳирӯзӣ, 12 маротиба Шӯрои маориф, 11 маротиба семенари директорони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуд. Дар ин муддат ба раёсати маориф 350 мактубҳо ва 312 ариза ворид шудааст, ки дар муҳлатҳои муайянгардида ҷавоб гардонида шудааст. Раёсат ба ташкилоту муассисаҳо 430 мактубҳо ирсол намудааст ва аз тарафи сардори Раёсат бошад 601 фармоиш ба имзо расонида шудааст.

Аз 1133 нафар хонандагони синфи 11 зиёда аз 976 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ аз қайди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон гузаштаанд, ки аз ин шумора 828 нафарашон (аз ҷумла 356 нафар духтарон) ба донишгоҳҳои Ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки 85%-и аз қайд гузаштаро ташкил мекунад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 100 нафар зиёд мебошанд.

Бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 52 нафар 36 нафар мутахассисони ҷавон 7 нафар тибқи квотаи президенти таҳсил намуда 137 нафар мутахасисони бе роҳхат ба кори омӯзгории муассисаҳои ноҳия сафарбар карда шуданд.

Дар ноҳия 1 адад кўдакистон фаъолият менамояд, ки 40 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтааст.

Баҳри иҷрои ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишу қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ барои солҳои 2012-2016 дар ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли 2011 таҳти №457 тасдиқ шудааст, дар назди 13 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 232 нафар кӯдаконро дар 15 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Амалӣ гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳти назорати доимии кормандони раёсати маориф қарор дорад. Рафти амалӣ гардидани он дар шӯроҳои раёсати маорифи ноҳия мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Дар аксариати муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки муовинони раиси ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, кумитаи маҳал, падару модарон ва шахсони масъулиятноки деҳа ҷамъомадҳо доир карда шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои пешгирӣ ноболиғон аз ҳама гуна амалҳои номатлуб аз қабили нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, ҷинояткорӣ байни ноболиғон, дар бораи пешгирии ҳолатҳои содиршавии даст ба худкушӣ задани кӯдакон сӯҳбатҳо гузаронида шуда, инчунин ба онҳо дастур дода шуд, ки пеши роҳи фарзандонашонро оид ба тамошои филмҳои дорои хусусиятҳои шаҳвонӣ, зӯроварӣ, иштироки фарзандон дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, фарзандони ноболиғро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва хариду фуруш ҷалб намудан манъ намоянд.

Бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни Рассоми беҳтарин дар мавзӯъи «беҳтарин манзараи Варзоб», иншои беҳтарин дар мавзӯҳои гуногун ва бозиҳои варзишии футбол, волейбол, бозии Шоҳмот байни духтарон, бозии шавқовари «Офарин» ва ҳафтаи китоби бачагон гузаронида шуда, аз тарафи роҳбарони синфҳо соатҳои тарбиявӣ дар масъалаи мазкур доимо гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷрои супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 ноябри соли 2017 (№ 06/1-1480) барои таъмини либоси мактабӣ ҷињати дастгирӣ намудани корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ дар хусуси харидори намудани сару либоси ягонаи мактабӣ ва амалӣ гардидани дастурамали тавсиявии либосҳои ягонаи мактабӣ дар соли ҷорӣ бо корхонаи дӯзандагии «Нассоҷии Тоҷик» оид ба харидории 9500 адад либосҳои ягонаи мактабӣ шартнома аз 7 декабри соли 2017 № 5 ба имзо расонида шуд, ки 9519 адад либоси мактабӣ дастраси толибилмон гардидааст. Аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” ба хонандагони синфҳои ибтидоии ятим ва нимятим 73 пар либоси мактаби ройгон тӯҳфа карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Раиси ноҳияи Варзоб аз 26.01.2016 сол, №38 дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуд, ки дар дарёфт намудани истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои минтақавӣ иштирок карда, 31 нафар сазовори ҷойҳои 1-3 дониста шуда, дар даври олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад 4 нафар хонандагони синфи 11-и муассисањои таълимӣ № 45, 46, 50 соҳиби медал гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия шумораи хонандагони ихтироъкору навовар кам набуда, лаёқаташон дар илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ назаррас мебошанд. Дар озмуни ихтирокорони ҷавон 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуданд, ки 8 нафарашон соҳиби диплом гардиданд. Дар даври минтақавии озмуни муаллими сол, омӯзгори муассисаи таълимии № 44  иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардид.

Рӯзҳои 9 ва 10 ноябри соли ҷорӣ дар гимназияи № 1 бо иштироки 1767 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия даври дуюми Олимпиадаи хонандагон баргузор гардид, ки 151 нафар ба даври сеюм (минтақавӣ) роҳхат гирифтанд. 

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тољикистон аз 2-юми июли соли 2015, №428 «Дар бораи қабули донишҷуён ба муассисаҳои тањсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳамасола ба ноҳия 20 ҷой ҷудо карда мешавад, рӯзи 31 майи соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияи таъсисдодаи Вазорат баргузор гардид, ки 20 нафар довталабони болаёқат сазовори номи донишҷӯ гардиданд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2015, № 508, баҳри ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи хонандагони болаёқат, дар ноҳия озмуни стипедияи Президенти дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузаронида шуд, ки аз 16 нафар иштирокчиён 4 нафари онҳо  сазовори гирифтани стипендияи Парезиденти дар соли таҳсили 2018-2019 гардиданд.

Муассисаи тањҳсилоти иловагӣ дар пешрафти соҳа як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ муассиса дар 23 маҳфилҳои гуногун 712 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияро фаро гирифтааст. Маҳсули дастони аъзоёни маҳфилҳои муассиса, борҳо дар чорабиниҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуда, аз шабакаҳои телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва «Сафина» пешкаши тамошобинон гардида буд. Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дар озмуни табиатдӯстони ҷавон иштирок намуда дар байни ноҳияҳои тебеъи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид.

Санаи 5 июни соли 2018 аз тарафи муассиса бо иштироки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмун дар мавзӯи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» гузаронида шуд, ки ғолибони «Расми беҳтарин»,  «Иншои беҳтарин» бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022», ва “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” дар соли 2018 харидорӣ намудани 134 адад компютер, 12 адад тахтаи электронӣ ва муҷаҳази 4 кабинети таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд аз ҳисоби буҷети муассисаҳои таълимӣ 119 адад компютер, 6 адад принтер, 9 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби сарпарастон 22 адад компютер ва 3 адад тахтаи электронӣ тӯҳфа карда шуд, ки барнома дар соли 2018 пурра иҷро гардид.

Айни замон 53 адад муассисаҳои таълимии ноҳия бо синфхонаҳои компютерӣ таъмин гардида, омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ пурра ба роҳ монда шудааст.

Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия дар  соли 2018 - 15 муассисаи таълимиро аз аттестатсия ва 6 муассисаи таълимиро аз аккридитатсия гузаронидааст, ки сифати таҳсилот ба 51 ва аз худкунии барнома 83% ташкил медиҳад. Бинобар сабаби ба талаботи замона ҷавобгӯ набудани Гимназияи № 1 ва муассисаи томактабӣ ба онҳо шартан ба мӯҳлати 2 сол иҷозатнома дода шуд.

Дар асоси нақшаи курсҳои такмили ихтисос барои соли 2018, ки бо Фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми ноябри соли 2017 № 6092, 211 нафар кормандони соҳаи маориф аз курси такмили ихтисос гузаронида мешаванд. Дар давоми соли сипаригашта 2018 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд, ки ин 103%- и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Курсҳои омӯзишӣ оиди гузариш ба муносибати салоҳиятнокии таълим дар доираи ислоҳоти сохаи маориф ва татбиқи талаботи Стратегияи миллии рушди маориф 564 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гузаронида шуданд, ки дар моҳи августи соли ҷорӣ 134 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ ва китобдорон аз курси лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ Бихонем” гузаронида шуданд.

Дар асоси мактуби вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2018 сол № 06/3-1284 дар назди 64 муассисаи таълимии ноҳия сутунпоя  барои парчам дар баландии аз 7 то 9 м гузошта шуд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия ба 2475 адад рӯзномаву маҷаллаҳо обуна шуданд, ки зиёда 100 %-и нақшаи пешниҳодшударо ташкил медиҳад.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии № 52, 30 бо дарназардошти 192 ҷойи нишаст дар ду баст ва сохтмони бинои иловагии муассисаи таълими № 9 аз ҳисоби маблағҳои буҷҷети бо 4 синфхона бо дарназардошти 192 ҷойи нишаст, инчунин дар назди муассисаҳои таълимии № 10 ва 53 сохтмони биноњои иловагӣ бо дарназардошти 400 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби ташкилоти ҷамъиятии хайриявии “Тавҳид” сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 48 бо дарназардошти 96 ҷойи нишаст дар ду баст, сохтмони бинои нав дар муассисаи таълимии № 41 бо назардошти 528 ҷойи нишаст дар ду баст, аз ҳисоби маблағҳои сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия идома дорад.

Дар соли нави таҳсил дар назди муассисаҳои таълимии № 52 (деҳаи Гулбоғ-1), № 10 мавзеи Суғдиён (Девдара) ва № 45 Ҷари Сурх синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд, ки айни замон хонадагон дар ин синфхонаҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Мувофиқи пешниҳоди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.04.2018, (№ 11/4-178) сохтмони бинои муассисаи таълимии № 40 ва № 57, ҷамъ барои 384 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд ба нақша гирифта шуда, сохтмони муассисаи таълимии № 21, 54, 56 ва сохтмони муассисаи таълимии нав дар мавзеи Дашти Ринҷоне ҷамъ барои 960 љойи нишаст дар як баст ба рӯйихати иншооти сохташавандаи Фонди Қувайтӣ ворид карда шудаанд.

Ҳамзамон бо ќарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеъҳои Дашти ринҷон, Работ, Дашти хорзор, Қулписта-2, Суғдиён, Гулбоғ-1, Гулбоғ-2, Обқул, Ҷари Сурх қитъаҳои замин барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ҷудо гардида, маҳалҳои аҳолинишин ташкил карда шудааст, ки ба 9 муассиса бо 2208 ҷойи нишаст дар як баст эҳтиёҷ доранд.

Дар соли 2018 барои таъмири муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби буҷет 569327 сомонӣ, аз ҳисоби кумитаи падару модарон 79000 сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 146700 сомонӣ истифода шудааст, ки муассисаҳои таълимӣ пурра аз таъмири ҷорӣ баромадад.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018 № 147, фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 20 апрели соли 2018 №143 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», муассисаҳои таълимии ноҳия бо 534 тонна ангишт, 1010 м3   ҳезум ва 3505 литр сузишвории дизелӣ эҳтиёҷ доштанд, то ба имруз тамоми муассисаҳои таълимӣ бо сӯзишворӣ таъмин гардида, барои зимистонгузарони пурра омода мебошанд.

Иттифоқи касабаи кормандани маориф дар назди 6 муассисаи таълимӣ 181 нафар хонандагонро бо хӯроки гарми яквақта бо маблағи 13097 сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ, дар майдончаҳои истироҳатии назди муассисаҳо фаро гирифта шуданд. Инчунин  бо дастгирии Кумитаи Ҷумҳуриявӣ иттифоқҳои касаба 17 нафар хонандагони муассисаҳо ва 15 нафар тарбиятгирандагони хонаинтернати № 55 тариқи ройгон дар истироҳатгоҳи « Файзи Истиқлол » истироҳат намуданд.

Дар ин муддат ба 15 нафар омўзгорон барои барқарор намудани саломатиашон роҳхат ба Осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дода шудааст ва ба 8 нафар омӯзгорони эҳтиёҷманд ба маблағи 2151 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.

Бо назардошти камбудию норасогиҳои ҷой дошта аҳли маорифчиёни ноҳия баҳри ҳамаҷониба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон ва аз донишҳои замонавӣ, арзишҳои миллию умумибашарӣ огоҳӣ доштани онҳо, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ менамояд. Боварӣ дорам мушкилоту камбудиҳое, ки дар соҳаи маорифи ноҳия ҷой доранд давра ба давра  бартараф хоҳад шуд.

 

Раиси комиссияи аттестатсионии раёсати маориф Абубакров Холназар тел. 521265 abubakrov.55 @ mail.ru

Каримов Искандар Хадамоти назорат дар соҳаи маориф

Наҷмиддинов Валӣ Нозири минтақа (Мутахасис) 

Қодиров Ҷумъа Мудири кабинети методӣ

Ниёзов Сулаймон Сармуҳосиб

Ашуров Оразшоҳ иқтисодчии Раёсати маориф

Нозимов Беҳрӯз Директори маркази технологияи информатсиони ва комуникатсионӣ

Ризоев Ғаюр Директори маркази дарёфт ва рушди истедодҳо

Ойев Тоҳир Муовини директори маркази дарёфт ва рушди истедодҳо

Раҳмонова Сайрам Директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия