Печать
Диданд: 563

                                                        Протоколи

чаласаи муассисаи таҳсилоти миёнаи  умумии № 29-и    ноҳияи Варзоб

аз 26.12.2018 сол                                  №  5

                                         Иштирок доштанд:  19 н. муаллимон

                                             Намояндаи раёсати маориф

                                                    Абдуллоев Саидмурод

                   Дар бораи Паёми Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 26.12.2018 сол

 

      Шунида шуд ахбороти директори муассиса Неъматов Маъруф. Вай дар баромади худ қайд намуд, ки оид ба Паёми имсола нақша ва чорабиниҳо аз 13- пункт тартиб дода аз тарафи директори муассиса тасдиқ карда шуд. Паёми Пешвои миллатро  ба воситаи оинаи нилгун  ва хонандагони синфҳои 8-11 аз соати 1000-1230 тамошо кардем.

          Баромад намуд директори муассиса  М.Неъматов .Вай аз он љумла қайд намуд, дар муассиса  дар асоси нақшаи чорабинҳо шахсони масъул бояд кори худро дуруст ба роҳ монанд. Дар бораи тамоми паҳлӯҳои Паём мухтасар маълумот дод. Дар бораи 15 % зиёд намудани маоши кормадон ғамхори нисбати омӯзгорон дида шуд. Се сол пас аз курси такмили ихтисос гузаштани кормандони педагогӣ, диққати асосӣ додан ба фанҳои забони русӣ , хориҷӣ , технологияи иттилоотӣ ва дакиқ  ва дониш азхудкуни хонандагон.

 Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардуми то 2020 эълон гардид. Диққати асоси додан ба соҳаҳои энергетикӣ ва саноат дар паём дарҷ гардид. Дар бораи мавсими зимистонгузаронӣ, ҷашну маросимҳо ва диққати асоси додан ба донишандӯзии хонандагон баён намуд. 

      Баромад намуд муаллими химия  Ҷ.Неъматов дар асоси Низомномаи комиссияи ҷамъияти оид ба амалгардони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Фармоиши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 08.02.2017 сол  ,№ 835 «Дар бораи  тадбирҳои  иловаги оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» кори таълиму тарбияро аз рӯи он пурзур кардан лозим аст. Инчунин дар бораи тамоми паҳлуҳои Паём мухтасар маълумот доданд.

 

                                                       Ҷаласа қарор мекунад:

1.Ба муовини тарбия  муассиса Косимова Н. ва роҳ.созмон супорида шавад, ки баҳри амалигардидани омӯзиши Паём Папкаи (ҳуҷҷат) алоҳида ташкил намуда, аз шахсони масъул маълумотномаҳоро гиранд.

2.Ба омузгорони фанҳои дақиқ ва забони русӣ ва  англиси супорида шавад, ки барои беҳтар шудани дониши хонандагон  корро дуруст ба роҳ монанд.

3.Ба омӯзгори фанни Технология Мирзоев Р. супорида шавад, ки дар дарси технология хонандагонро ба омӯзиши гулдузӣ, пухтупази ҳунарҳои мардумӣ ва ташкил намудани гушаи «Дастони моҳир»

4.Ба роҳбари созмон ва муовини  тарбияви супорида шавад, ки дар бораи эълон шудани соли 2020 « Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нақша ва чорабиниҳо тартиб дода аз  натиҷаи он ҳар моҳ маълумотнома пешниҳод намоянд.

5.Ба муовини таълими Раҷабова С.. супорида шавад, ки дар бораи ташкил намудани Низомномаи комиссияи ҷамъияти оид ба амалгардони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» Фармоиши  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 08.02.2017 сол  ,№ 835 «Дар бораи  тадбирҳои  иловаги оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нақша ва чорабиниҳо тартиб дода кори таълиму тарбияро аз рўи он дуруст ба роҳ монанд.

                          Раиси   маҷлис                            М.Неъматов