Мавзӯи “Роғун- кохи нури Раҳмонӣ”

                                             Ёрии ба муаллимони ҷавон

    Дарси кушоди муаллими математика М.Неъматов бахшида ба кушодашавии  нахустин агрегати НБО-и Роғун

          Ороиши синф:  Маърӯзаҳо, гӯшаи НОБ-и Роғун, Макети Роғун,

                                      Расмҳои Пешвои миллат аз рафти сохтмони нерӯгоҳ,

                                      нишони Роғун  ва иншои беҳтарин

    Муаллим: М.Неъматов “ Дар замони Истиқлолияти Чумҳурии Тоҷикистон  барои эҳёи иншооти бузурги аср қадамҳои устувор гузошта шуд, ки ин бевосита ба ташаббус ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии  Эмомалӣ Раҳмон иртиботманд мебошад.

      Яке аз иншооти бузурги аср НБО-и Роғун ба шумор меравад. Корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи мазкур дар замони истиқлолият вусъати тоза ёфта, то ба истифода додани аввалини агрегати он инак, рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст.

       Хонанда: Маҳваш Ҳарчанд сохтмони ин иншоот дар замони Шуравӣ оғоз гардида буд, вале бар асари ҳарзагӯиҳои ҳангоматталабонам иддае аз зиёзиён дар он хусус ки гӯё бунёди ин иншоот ба мардуми минтақа зарари калон мерасондааст, сохтмони НБО боздошта шуд.

Хушбахтона бо талошҳои  Пешвои муазами миллат дубори корҳои бунёдкорӣ  дар ин иншоот оғоз  ва ҷӯшу хурӯш ёфтанд. Ба истифода додани аввалин агрегати ин бо хатҳои заррин дар саҳифаи таърихи кишвар сабт хоҳад шуд.

     Хонанда:Фараҳноз  Иншооти бузурги аср барои зиндагии шоистаи насли имрӯзу ояндаи кишвар ва манбаи нуру равшанӣ қарор ёфтани он барои ҳамеша хизмат хоҳад кард. Шоистаи таъкид аст, ки дар замони соҳибистиқлол дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар таҳаввулоти зиёд ба вуқуъ пайваст ва симои шаҳру навоҳои кишвар дигаргун гардид. Пешвои миллат , мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баҳри рушду тараққии кишвар ҳамеша ин расидан ба се ҳадафи асосӣ: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти  комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқавориро муқаррар намуданд.

    Хонанда: Аҳлиддин Дар бахши энергетикӣ  нерӯгоҳҳои зиёде ба истифода дода шуданд ва Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқи  обӣ давоми солҳои 2009-2020 қабул гардид, ки ба раванди расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат мекунад. То соли 2009 дар ҷумҳурӣ сохтмони 71 нерӯгоҳи хурд ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз даҳҳо нерӯгоҳи хурду калон мавриди баҳрабародорӣ қарор гирифтанд.

  Хонанда: Ғолиб Аз он ҷумла нерӯгоҳҳои “ Сангтуда-1” бо иқтидори 2, 7 млрд кВт/с ва “ Сангтуда-2” бо иқтидори 930 млрд кВт/с барои таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ хизмат мекунанд. Баъди ба истифода додани НБО-и Роғун Тоҷикистон бо кишвари содиркунандаи барқ табдил меёбад. Оғози корҳои сохтмони дар ин нерӯгоҳ 10-июли соли 1972 дар ҳуҷҷҷатҳои таърихӣ сабт гардида бошад, ҳам дар нерӯгоҳ корҳои сохтмони расман солҳои 1976-1987 ҷараён дошт. Баъди барҳам хурдани ИҶШС ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар корҳо дар ин самт қатъ гардид. Бо ноил гардидан ба сулҳи комил бо ташаббусҳои Пешвои миллат дубора корҳо дар ин самт оғоз ёфтанд.

   Хонанда: Хайём Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои вусъати корҳои сохтмони дар неругоҳ  1-июли соли 2016 ба ширкати итолиёвии “Салини Импреҷ” созишнома ба имзо расонд, ки тибқи иттилои расмӣ, маблағҳои умумии ин созишнома 3,9 млрд доллар ва маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ 1 млрду 950 млн долларро ташкил медиҳад.

   Хонанда: Суҳайло Иқтидории лоиҳавии НБО “Роғун” 3600 МВт буда, он аз 6 агрегати тавоноии 600 МВт иборат хоҳад буд. Баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст, ки дар  ҷаҳон ҳамто надорад. Нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба  кор даромаданаш дар як сол метавонад 13.3 млрд квт/соат неруи барқ ҳосил намояд.

       Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар марҳилаҳои сохтмони нерӯгоҳ Пешвои миллат чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари кори анҷом дода , аз рафти сохтмон дидан ва бо сохтмончиён сӯҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари кори Пешвои миллат  такони ҷиддиест ба сохтмони ин нерӯгоҳи пуриқтидор. Хусусан санаи 29 октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ  ва фаромӯшнашаванда гардид –рӯзе , ки Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то соати 11:30 расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳони бо пеш кардани шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди НБО “Роғун” ҳусни оғоз бахшид.

       Хонандагон байни худ доир  ба нерӯгоҳҳо саволу ҷавоб карданд. Дар бораи нерӯгоҳ мисолу масъалаҳои ҳаёти математикӣ ва физикӣ тартиб доданд. Сканворд доир ба нерӯгоҳ тартиб доданд. Ба хонандагон тест доир ба нерӯгоҳ дар ҳаҷми 15 то доданд. Онҳо ҷавобҳои дуруст доданд.

     Баҳодиҳи ба корҳои эҷоди хонандагон: Расмҳо, мақолаҳо, буклетҳо ва макети нерӯгоҳ.

      Дар охир муаллим М.Неъматов дарсро ҷамъбаст намуда хонандагоне, ки фаъолият нишон доданд, аҳсан гуфтанд. Супориши вазифаи хонагӣ сохтани макети трансформатор ва навиштани мақола дар бораи кушодашавии аввалин агрегати нерӯгоҳ аз тарафи Пешвои миллат рӯзи 16.11.2018сол дода  шуд.

 

  

                           Муаллими математика ва  информатикаи МТМУ № 29

                                                                   М.Неъматов