Сардори раёсати маорифи ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои биология, Бобозода Илҳомҷон Абдушукур

Сол ва ҷойи таваллуд: 24.12.1977 сол, дар деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа, н. Варзоб

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: Олӣ. Соли 2005, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ-ро хатм кардааст

Ихтисос: омӯзор

Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои биология, май 2014 (фармони ВАК РФ аз 8 декабри соли 2014, № 696/нк-1, КНД № 001703 ш. москва)

Вакили маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не? Вакили ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида шудааст ё не? Аълочии маориф ва илми ҶТ (14-уми марти соли 2016, № 696)

Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби чор фарзанд

Суроға: деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи н. Варзоб тел. 521041 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Маориф яке аз соҳаҳои муҳимест, ки дар пешбурди ҷомеа ҷиҳати ноил гардидан ба як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муҳим мебозад. Таъмини маълумоти босифати аҳолӣ омили муҳими расидан ба рушди устувор мебошад.
Воқеан, ҳам таълиму тарбия ва ба камол расонидани насле, ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дӯш гирифта тавонад, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси ҳар як корманди соҳаи маориф мебошад.
Дар ҳудуди ноҳияи 64-то муассисаҳои таълимӣ ва дар назди муассисаи таълимии №55 бошад, интернати наздимактабӣ барои хонандагони ятим, нимятим ва аз оилаҳои камбизоат амал менамоянд.
Аз 64-то муассисаҳои таълимӣ 1 ададаш гимназия, 50 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва 9 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд. Таҳсил дар тамоми муассисаҳо ба забони давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар таълимгоҳҳо дар соли хониши равон 16462 нафар хонандагон, аз ҷумла 8064 нафар духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли хониши гузашта 588 нафар, аз он ҷумла 278 нафар духтарон зиёд мебошанд.
Хонандагон дар зинаҳо ба таври зерин ба таълим фаро гирифта шудаанд:
-ба муассисаҳои ибтидоӣ -127 нафар, духтарон 65 нафар;
-ба муассисаҳои асосӣ- 436 нафар, духтарон 209 нафар;
-ба муассисаҳои миёна– 15899 нафар, духтарон 7790 нафар.
Ба хонандагон 1242 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 616 нафар зан таълим медиҳанд, ки дараҷаи таҳсилоташон чунин мебошад:
-олӣ - 870 нафар, 377 нафар зан:
-олии нопурра - 108 нафар, 83 нафар зан;
-миёнаи махсус - 234 нафар, 133 нафар зан;
-миёнаи умумӣ - 30 нафар, 23 нафар зан.
Аз шумораи омӯзгорон 107 нафар дорандагони нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 197 нафар дорандагони тахассуси дараҷаи олӣ ва 255 нафар дорандагони дараҷаи 1-ум мебошанд.
Имсол муассисаҳои таълимии ноҳияро 1042 нафар хонандагони синфи 11 ва 1318 нафар аз онҳо (1 нафар бо Шаҳодатномаи «аъло») синфи 9-ро хатм намуданд, ки 910 нафари онҳо барои дохил шудан ба муассисаҳои олии касбӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд. Аз ин шумора 893 нафари онҳо дар имтиҳонҳо иштирок намуда, 728 нафари онҳо сазовори номи донишҷӯ гардиданд, ки назар ба соли гузашта 308 нафар зиёд (420) мебошанд. Аз шумораи дохилшудагон 268 нафарашон духтарон, нисбати соли гузашта 154 нафар зиёд (114) мебошанд.
Дар ноҳия 1 адад кӯдакистон фаъолият менамояд, ки 40 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирифтааст.
Дар назди 13 муассисаҳои таълимии ноҳия Маркази инкишофи кӯдак фаъолият менамояд, ки 232 нафар кӯдаконро дар 15 гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020», ки бо қарори Раиси ноҳияи Варзоб аз 26.01.2016 сол, №38 дар ноҳия «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» таъсис дода шуд, ки дар дарёфт намудани истеъдодҳо ва тайёр намудани онҳо ба олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ мусоидат мекунад.
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соли 2017 дар даври олимпиадаи минтақавӣ иштирок намуданд, ки 46 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ҷои якум 4-нафар, ҷои дуюм 7-нафар, ҷои сеюм 30-нафар ва 5-нафар сазовори ҷои ифтихорӣ гардиданд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 28 медал зиёд мебошад. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ хонандаи муассисаи таълимии №42 сазовори ҷойи 3 дониста шуда, бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Дар ин муддат хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ аз фанни математика иштирок намуда, 8 нафарашон ба гирифтани медалҳои тилло мушараф гардиданд.
Ҷиҳати иҷрои банди 48-и нақшаи чорабиниҳои тадбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, 30 адад муассисаҳои таълимӣ бо камераҳои назоратӣ таъмин гардидаанд.
Бо ташабусси муассисаи таҳсилоти иловагӣ, аъзоёни маҳфилҳо дар озмунҳои «Техникони ҷавон», осорхонаи мактабӣ, бозиҳои ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ширкати фаъолона намуда, дар озмуни намоиши дастурхони миллӣ ва дар озмуни «Корвони ҳунар» байни муассисаҳои таҳсилоти иловагии 12 ноҳияи тобеъи маркази ҷумҳурӣ сазовори ҷои якум гардиданд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия, 846 нафар хонанда ба таҳсилоти иловагӣ дар 27 маҳфилҳои Шоҳмот, Шашка, Попурдузӣ, Гулдузӣ, Бофандагӣ, Кошона, Киваршиносӣ, Табиатшиносӣ, Дастони моҳир, Табиатдӯстони ҷавон, Пешсафон, Забони англисӣ, Чеварони миллӣ, Қуроқдӯзӣ, Тарроҳ, Химикони ҷавон, Ғунчаҳои наврас, Коркард бо чӯб Сабатбофӣ, Зардӯзӣ, Шерозбофӣ, Сарояндагӣ ва навозандагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҷиҳати иҷрои «Барномаи компютеркунонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимии ноҳия бо 475 адад компютер ва 152 адад принтер, 3 адад доскаи электронӣ, 8 адад проектор таъмин гардидаанд. Дар 53 муассисаи таълимии ноҳия синфҳои компютерӣ таъмин гардида, омӯзиши фанни технологияи информатсионӣ пурра ба роҳ монда шудааст. Дар соли таҳсили 2017 аз ҳисоби буҷети муассисаҳои таълимӣ 14 адад компютер, 3 адад принтер харидорӣ карда шуда, аз ҳисоби сарпарастон 22 адад компютер ва 2 адад тахтаи электронӣ тӯҳфа карда шудааст.
Бахши Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи ноҳия дар соли 2017 - 11 муассисаи таълимиро аз аттестатсия ва 9 муассисаи таълимиро аз акридитатсия гузаронидааст, ки азхудкунии барнома 2,8 балро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии № 9, 41, 52, 48 идома дошта, бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони деҳаи Ҷангалак дар назди муассисаи таълимии № 53 – 6 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии биноҳои муассисаҳои таълимии № 41 ва 60 оғоз гардидаанд боми Гимназияи №1 аз таъмири пурра баромад.
Дар соли 2017 - 230 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 12 нафар директорон, 9 нафар муовинони директорон ва 5 нафар нозирону мушовирон ба курсҳои такмили ихтисос ва семенарҳои омӯзишӣ фиристода шуданда, 253 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёт, математика ва технология (таълими меҳнат) аз курси низоми нави таълим (салоҳиятнокӣ) гузаронида шуданд.
Бо мақсади ба таълим фаро гирифтани калонсолон бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.08.2017 сол, № 3124 дар ноҳия гурӯҳи мақсаднок дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 аз ҳисоби Коллеҷи омӯзгории шаҳри Њисор аз рӯи ихтисосҳои забони русӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ таъсис дода шуд.
Муассисаҳои таълимии ноҳия ба 1446 адад рузномаву маҷаллаҳо обуна шуданд, ки 102 %-и нақшаи пешниҳодшударо (1425 адад) ташкил медиҳад.
Бо мақсади амалӣ гардонидани Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бозиҳои варзишии футбол, волейбол ва бозии шавқовари «Офарин» гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботи 251 520 сомонӣ маблаѓи китобҳои иҷоравии соли ҷорӣ ва 146313 сомонӣ маблаѓи иҷораи солҳои пешинро (2001-2007) ба хазинаи табъу нашри Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра пардохт карда шуд.
Дар ин муддат ба 20 нафар омӯзгорон барои барқарор намудани саломатиашон роҳхат ба Осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ дода шудааст. Ба 5 нафар омӯзгорон ба маблаѓи 1550 сомонӣ ёрии моддӣ расонида шудааст.
Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.04.2017 №177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», муассисаҳои таълимии ноҳия бо 585,5 тонна ангишт, 955 м3 ҳезум ва 3345 литр сузишвории дизелӣ таъмин гардида, 337,3 м2 шишабандӣ карда шудаанд, ки 100 % нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Мо кормандони соҳаи маорифи ноҳия вазифадор ҳастем, ки бештар ба сифати таълиму тарбия, диққати махсус дода, роҳу усулҳои фаъоли самарабахши таълимро ҷустуҷӯ намуда, дар тарбияи насли наврас, ки ояндаи миллату кишвар мебошанд аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар татбиқи амалишавии сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳиссагузор бошем.
Баҳри татбиқи низоми нави таълим (салоҳиятнокӣ), ки тақозои замони муосир аст, фаъол буда, барои омода намудани онҳо ба дунёи технологияи муосири таълим дар дораи талаботи барномаҳои нави қабулшуда фаъол буда, дар роҳи иҷрои вазифаҳои муҳиму масъулиятнок, баҳри таълиму тарбияи насли навраси Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон вазифадор бошем.


Сардори раёсати маорифи ноҳияи Варзоб, номзади илмҳои биология, Бобоев Илҳомҷон Абдушукурович тел. 521041 Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Раиси комиссияи аттестатсионии раёсати маориф Абубакров Холназар тел. 521265 abubakrov.55 @ mail.ru
Каримов Искандар Хадамоти назорат дар соҳаи маориф
Убайдов Абдулло Сармутахасиси хадамоти назорат дар соҳаи маориф
Яхёев Шуҳрат Нозири минтақа (Сармутахасис)
Наҷмиддинов Валӣ Нозири минтақа (Мутахасис)
Одинаев Луѓмон Нозири минтақа (Мутахасис)
Қодиров Ҷумъа Мудири кабинети методӣ
Ниёзов Сулаймон Сармуҳосиб
Ашуров Оразшоҳ иқтисодчии Раёсати маориф
Нозимов Беҳруз Директори маркази технологияи информатсиони ва комуникатсионӣ
Ризоев Гаюр Директори маркази дарёфт ва рушди истедодҳо
Ойев Тоҳир Муовини директори маркази дарёфт ва рушди истедодҳо
Раҳмонова Сайрам Директори муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия