Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон 12 майи соли 2018 дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо арҷгузорӣ ба дини мубини Ислом ва мусалмонони кишвар хусусан бо ходимони дин мулоқоте доир намуданд. Ин мулоқот барои мардуми кишвар обу руйу шараф ҳидоятгар пешравӣ ва мувафақият мебошад.
Яке аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба аҳли толор мубориза бар зидди гуруҳҳои экстремистӣ террористӣ, ифротгароӣ ва гирифтани пеши роҳи нашъамандӣ ва манъ доштани истифодаи маводи мухаддир ва инчунин мубориза бар зидди гуруҳҳои салафия ва бар зидди собиқ ҲНИТ мамнуъи Тоҷикистонро таъкидҳо намуданд. Ин гуфтаҳо барои ҳар як шахси соҳибақл вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта виҷдон ва имонаш уро маҷбур месозад ба гуфтаҳои Пешвои миллат такя намуда Ватанашро ҳимоя намояд. Аз нигоҳи Қуръон ва суннат маънои истилоҳии калимаи ҷиҳод саъйу кушиш намудан барои анҷом додани кори хайр ва савоб мебошад. Дини мубини Ислом хун резонданро қатъиян ҳаром ва манъ намудааст. Паёмбари Худо (с.а.в) фармудааст, ки мусалмони воқеи касе аст, ки аз дасту забони ӯ каси дигар озор наёбад.

Мусалмон бояд зирак бошад ва бозичаи дасти дигар гуруҳҳо нагардад ки аз номи дини мубини ислом сухан гуфта лекин ғарази онҳо барои истифодаи манфиатҳои шахсӣ ва ақидаҳои ботили худашон мебошад. Мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем то ки бозичаи дасти онҳо нагардем. Нахуст дар суханронии худ Пешвои миллат мардуми кишварро бо фаррорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуда изҳор доштанд, ки моҳи шарифи Рамазон моҳи раҳмуту мағфират, моҳи хайру баракат, моҳи хайру савоб, дастгирии ятимону бечорагон ва ниёзмандон мебошад. Пешвои миллат якчанд оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Паёмбарро дар бораи кори хаёр ва ёрии ниёзмандон баён намуданд ва ба хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва ходимони дин барои кумак расонидан ба ашхоси камдаст таъкидҳо намуданд. Аз Анас (р) ривоят аст, ки Расули акрам фармуданд «Садақа хашм ва ғазаби Илоҳиро менишонад ва марги бад ва фачийъро дафъ мекунад» (Ривояти Тирмизӣ). 
«Аз Мурсадибни Абдулоҳи тобии ривоят ҳаст, ки баъди аз асҳоби Расули Акрам (с.а.в) барои ман баён кардам ки онҳо аз Расули Акрам (с.а.в) шунидаанд».
Дар рузи қиёмат садака барои муъмин сояе мешавад. Дар рузи қиёмат яке аз баракот ва самароти ин зоҳир мешавад, ки барои садақа намудан соябоне мешавад ва уро аз гармӣ ва тапиши он руз наҷот медиҳад. Худованд ба ин ҳақоиқ ва ҷамил онҳоро насиб мегардонад. Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули акрам (с.а.в) фармуданд «аз садақае дар моли ками намеояд балки изофа мешавад ва аз афв ва гузашт одами ба мақоми волоӣ мерасад ва дар иъззаташ изофа мешавад. Ва ҳар кас барои Худо фурӯтани ва тавозеъ кунад Худованд ӯро сарбаланд ва аъзамат иноят мекунад.
«Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Расули Акрам «с.а.в» Фазилат ва қадр ва манзалати рузаро баён карда фармудаанд савоби ҳар амали одами аз даҳ баробар то ҳафсад баробар афзуда мешавад». 
Ҳар миллат дорои маросим ва ҷашнҳои хосе аст, ки дар он рузҳо ҳасби вусъ ва тавони худ либосҳои нав ва хуб пушида ва ғизоҳои хуб таҳия карда мехуранд ва ба тариқи дигар изҳори хуш ва шоди мекунанд. Ва ин яке аз тақозоҳои табии башарият аст. Ҳеҷ гуруҳ ва фирқае аз инсонҳо нест, ки дорои чунин рузҳои хосе набошад. Дар Ислом низ ду руз ҳастанд яке рузи «Иди Фитр» ва дигаре «Иди Азҳо» ба ҳамин ду руз қайд ва ҷашни ом мазҳаби мусалмонон ҳастанд. Тамоми ин моҳ моҳи фидокорӣ ва саркубии нафс ва моҳи касрати ибодат ва тоат ва моҳи хайру эҳсон ва дастгирии ятимону ниёзмандон аст. Бадиҳиаст ки дар поёни ин моҳ рузе фаро мерасад, ки аз назари баракати руҳонӣ ва маънавӣ нисбат ба дигар рузҳо истиҳқоқи бештаре дорад ва барои ин ки рузи ҷашн ва шодди қарор гирад он рузро саиди фитр қарор доранд.
Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули акрам (с.а.в) ба манзури пок кардани рузаҳо аз шарри бадӣ масоили лағв ва бадгуӣ ватаъмин ва таҳияи ғизои масокин садақаи фитрро воҷиб қарор доданд.
Дар ин ҳадис барои садақаи фитр ду ҳикмат ва ду фоидаи хос зикр гардид яке ин ки дар он руз замин ва шодии мусалмонон ба василаи садақаи фитр ғизои масокин ва мустамандон таҳия ва боиси осудагии хотири онон гардид. Дигар ин ки асари бади ки аз беъҳтиётии забон бар рузе қарор гирифта садақаи фитр кафора ва фидя он шавад.

 

Шерали Миралиев
Имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии
н. Варзоб ба номи Муҳаммад ибни Абдуллоҳ (с.а.в)
узви ҲХДТ