Печать
Диданд: 790

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар давраи ҳозираи инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсоиният баробари тараққиёти илму техника афзудани шумораи бекорон ва вусъати ҷаҳонишавӣ ба давлатҳои олами муосир яке аз хатарҳои ҷиддии таҳдидкунанда ин зуҳуроти экстремизм ва терроризми байналмиллалӣ ба ҳисоб меравад. Ин вабои аср бошад, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир ва кишвари офтобии мо аз он дар канор намондааст. Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди, таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону  ҷавонони синнашон аз 16 то 18 сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ лозим аст. Гарчанде, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад. Бояд масъалаҳои таълим ва хусусан тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад

Дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ мавқеи махсус дорад, зеро амният ва оромии кишвар ба ҳамдастии давлату ҷомеа сахт марбут аст. 

Бинобарин ҳар як фарди солимфикр ватандӯст ва хештаншинос барои пост доштани оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагии кишвари азиз саҳми худро гузошта, ҷавононро ба роҳи рост ва ҷиҳати зиракии сиёсиро дар ҳар маврид аз даст надодан маслиҳати муфид диҳад.