Афзоиши дастаҳои муташаккили ҷиноӣ, паҳншавии ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои  сирояти  махсусан маблагузории гуруҳҳои террористӣ  аз зумраи оқибатҳои  ғамангез ва рӯзафзуни паҳншавии маводи мухаддир ба шумор мераванд, ки тавассути онҳо неруи солими ҷомеаро рӯ ба хароби овардааст.

         Мухаддирот имрӯз ба яке аз қувваҳои аосоии рушди терроризм табдил ёфтааст. Агар нафт хун дар рагҳои ҷанг дониста шавад, пас бе ёрии мухаддирот ин ҷанг ё ба қавли худи террористони ин ҷиҳод ба зудӣ барҳам хоҳад хурд. Савдои  муходдирот тиҷорати шоҳонае ба ҳисоб меравад, ки тоҷиронашро ба зуди тавонмард мегардонад. Гуруҳҳои ҷангии нисбатан тавонмард фавран тамоми сарчашмаҳои дастраси даромадро дар минтақаи фаъолияти худ зери назорат мегиранд. Аммо бе фуруши маводи мухаддир ба монеа дучор меоянд ва дигар корашон пеш намеравад. Айни ҳол исломихоҳони Сурия  маблағи тоҷирони афғонро, ки ба фуруши мухаддирот машғуланд, барои нигоҳдории ҷанговарони зархарид истифода мебаранд. Тибқи маълумоти назорати маводи мухаддироти Россия 20 ҳазор «Аскари фидоӣ» дар  Сурия  аз тарафи ислоҳотхоҳони тундрави афғон, ки аз тариқи фурӯши маводи мухаддир маблағ ба даст меояд маблағгузори мешаванд. Ба иттилои баъзе расонаҳои хориҷи  гуруҳҳои муташаккили ҷинои фаромили бо худмаблағгузорие, ки аз тариқи фурӯши муходдирот  ба роҳ монда шудааст, имкон доранд, ки сели фаровони ҷинояткоронро аз дилхоҳ кишвар ба нуқтаҳои зарурии кураи замин интиқол диҳанд. Бо  ҳамин роҳ 15 то 20 ҳазор  зархарид дар Сурия  гирд оварда шудаанд, ки боиси нооромиҳо дар ин маҳал гардиданд.

         Аз руйи  маълумотҳо дар Сурия  дар шакли қурс (Таблетка) мухаддироти сунъӣ (синтетики) истеҳсол карда мешавад.Чунин  меҳисобанд, ки ин навъи мухаддирот аз тарафи  ҷанговарон  ба хотири нигоҳ доштани неруву тавон  дар ҷангҳои дарозмуддат истеъмол карда мешаванд, чун мухаддирот имкони  ҷисми одамро муддати тулони бедор нигоҳ доштан дорад.

     Дар вобастагӣ ба кишвари мо бояд гуфт, ки муҳимтарин омиле, ки боиси рушди нашъамандӣ  на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ  гардидааст, ки истеҳсоли  босуръати мухаддирот дар Ҷумҳурии  исломии Афғонистон  мебошад. Бист сол пеш Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо барои мубориза алайҳи мухаддирот  ба Созишномаи зиддимухаддиротии СММ, ки солҳои 1961, 1971, 1988 ба тавсиб расида будаанд, ҳамроҳ  гардида, то ба имрӯз ба зиёда аз 30 созишномаи байнидавлати имзо гузошта, хамкории худро  дилхоҳ  давлат  ва созмонҳои байналхалқи иброз намуд. Кишвари мо омодааст  минбаъд низ ин ҳамкории худро идома дода, зидди ин падидаи  марговар мубориза барад. Танҳо дар муддати 16 соли охир дар ҳудуди Тоҷикистон  аз ҷониби   мақомоти ҳифзи ҳуқуҷ  100 тонна  маводи мухаддир  мусодира карда шуд. Дар натиҷаи  мусодираи  танҳо маводи афюнӣ дар ҷаҳон  зиёда аз 50 миллион  одам аз вобастаги  ба мухаддирот наҷот ёфт, гуруҳҳои террористӣ  тақрибан аз 2-миллиард  доллар маҳрум гардиданд. Ташаббусҳои зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи кишварҳои бонуфузи ҷаҳон ва созмонҳои баландмартабаи байналхалқӣ дастгири ёфта истодааст.