Дирўз матлаби муассиси хабаргузорї ва њафтаномаи «Озодагон», рўзноманигори шинохта Зафари Сўфї тањти унвони «Ваќте њамаи роњњоро мебанданд… Нашрияи «Озодагон» аз чоп бозмонд» дар шабакаи интернетӣ интишор шуд. Зафари Сўфиро ба унвони шоир, рўзноманигор ва ќаламбадасти хуб мешиносам ва эътироф мекунам. Албатта, он чи ки интишор медињад, аз љумлаи шеър ва  матолиби публитсистї назари шахсї ва диди инфиродии ўст ва ба ин дидгоњу мавќеъгирї ќоилем. Вале баъзан рўзноманигор масъаларо аз будаш зиёдтар нишон медињад ва тобиши сиёсї медињад.

Манзури мо матлаби ахирии ўст, ки атрофи аз чоп бозмондани њафтаномаи «Озодагон» бањс мекунад.

     Дар ин матлаб Зафари Сўфї аз он гила мекунад, ки тањти фишору зўрї хабаргузорї ва баъдан њафтаномаи «Озодагон» аз чоп бозмонданд. Решаи дигари ин мушкилро дар бастани роњи рекломи њафтанома ва контроли матолиби интиќодї мебинад. Аслан, мушкилоти имрўзї дар самти расонањо ва табъи њафтаномањо бар мабнои молия тамаркуз мекунад ва дарёфти маблаѓи зарурї барои интишори рўзномаю њафтаномањо кори сањлу осон њам нест. Агар ба масъала љиддитар таваљљуњ намоем, њафтаномаи «Озодагон» матолиби интиќодие интишор медод, ки характери мољарољўйї ва ифротгаройї надоштанд. Маводи интишоротии њафтанома ба масъалањои фарњангї ва мушкилоти иљтимої иртибот доштанд Аз ин рў, аз чоп бозмондани њафтаномаи «Озодагон» ба фишори маќомот рабте надорад. Бинобар ин, дар њафтаномаи «Озодагон» матолиби интиќодие интишор меёфт, ки ба ќонунгузории марбутаи љумњурї муѓоират надоштанд.

         Мо медонем, ки расона дар шароити имрўза ба сифати абзори ќудратманди иттилоотї, фарњангї, иљтимої, сиёсї ва мафкуравї хидмат карда, на танњо афкори умум месозад, балки рисолати фарњанггустарї ва њувиятсозї низ дорад. Аммо, чуноне ки мулоњиза мефармоем, баъзе расонањо рисолати фазосозии эътидолї ва њувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостњои сиёсию молиявї иттилооти муѓризона ва иѓвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи манотиќро маѓшуш сохта, дар бофтњои иљтимої нољуриро ба вуљуд биёранд ва аз тариќи расона афкори љамъиро њамеша тањти таъсир ќарор дињанд. Давлат бо ин навъ расонањои иѓвоангез ва тавтеасоз дар доираи ќонунњои амалкунанда бархўрд мекунад ва љињати муътадил сохтани фазои расонаї ва матбуоти даврї чорањои судманд меандешад. Афзун бар ин, давлат вазифадор аст, ки барои рушди демократия ва озодандешї дар кишвар фазои мусоид фароњам биоварад ва дар асоси ин мабонї ва принсип амал карда, муњити муътадили созмон додааст. Аз тарафи дигар, мушкилоти молиявї ва буњрони пулї бисёре аз расонањои хабарї ва тањлилии љумњуриро муфлис кард ва аз фаъолият бозмондани нашрияњои мустаќил ба ин мушкил бастагї дорад.

      Зафари Сўфї, ки дар хориљ ќарор дорад, тасмими дубора ба кор андохтани хабаргузорї ва њафтаномаро дар берун гирифтааст. Тамоми мушкилот боз бармехўрад ба масъалаи молия ва касодии иќтисодї. Аммо дар хориљ шояд имкони зиёди молиявї пеш биояд ва Зафари Сўфї мушкилоти молиявиро бартараф карда, нашри дубораи расонаро ба роњ монад. Ё шояд вай аз ҳисоби кадом неруи хориҷие “сарпараст” пайдо кардааст. Аммо аз ҳама муҳимтар он аст, ки Зафари Суфӣ тавассути фаъолияти журналистии худ бар зидди давлату миллати Тоҷикистон амал накунад.

   

     Фаридун Ориёӣ,

     таҳлилгар

     25 январи соли 2019