Даргузашти шоири тавоно ва мањбуби тољик Бозор Собир, ки барои миллати мо талафоти бузургест, тамоми мардуми Тољикистон ва дўстдорони илму адабро сахт андуњгин кардааст. Нафарони зиёде бо воситаи расонањои хабарї ва шабакањои иљтимої ба наздикони шоир изњори тасаллият намудаанд.  Аз тариќи телевизион изњороти њамдардии Роњбари давлат ба хонаводаи Бозор Собир ва супориш дар бораи ташкили маросими дафни марњум пахш гардид.

Аммо дар њоле ки њама бо ѓаму андуњ дар суги шоири миллатанд, тудаи нањзатиёни ифротї ва террорист бо њамон беинсофию берањмии барояшон хос њатто бо мурдаи шоир дар љанганд ва мехоњанд дар њамин њолат њам иѓво барангезанду манфиат ба даст оранд. Навиштаи аъзои ТЭТ ЊНИТ Муњаммадиќболи Садриддин тањти унвони «Мунофиќ кист? Љанозаи Бозор Собирро кї мехонад?», ки дар расонањои хабарии нањзатї чоп шудааст, исботи гуфтањои боло мебошад. Вай дар як маќола њам кушиш кардааст, ки ба роњбарияти кишвар ва маќомоти давлатї туњмат занад ва њам иѓво барангезад, ки љанозаи шоирро хондан гўё амали ношоиста бошад.

Бояд чашми кури нањзатињо медиду гуши кари онњо мешунид, ки аз рўзи аввали бемории Бозор Собир Пешвои миллат супориши махсус дода буданд, ки барои кумак ба вай шахсони масъул тамоми тадбирњоро андешанд. Намояндагињои дипломатии Љумњурии Тољикистон дар ИМА ва дар СММ барои иљрои ин супориш сафарбар шуда буданд. Ба маълумоти М. Садриддини бесавод мерасонем, ки дар чунин њолатњо дилхоњ давлат маблаѓи зарурї дорад ва эњтиёљ ба пули кисаи ягон нафаре нахоњад буд.

Њама шоњиданд, ки солњои охир Роњбари давлат нисбат Бозор Собир то кадом андоза ќадрдонї намуда буданд ва он њама мањз барои ашъори баланду ватандўстонаи шоир буд. Амалњо ва дастгирињои Сарвари давлат нисбат ба Бозор Собир ва умуман шоирони тољик нињоят самимона ва адабдўстона мебошанд.

М. Садриддин нашармида калимаи мунофиќро дар матлабаш истифода мебарад. Аммо мунофиќ худи ў ва нањзатињои дигари њаммаслакаш мебошанд, ки аз номи дин суиистифода карда, мехостанд маќсадњои ѓаразнокашонро ба даст оранд. Инњо ба хотири пулу мол ватану миллат ва  мазњаби худро њам фурухтаанд. 

Ду сол пештар, њангоми љашнњои наврўзї Бозор Собир дар Душанбе ќарор дошт ва мањфили адабии вай доир гардида буд. Он ваќт њам нањзатињо бо маќсадњои манфури иѓвоангезонаашон дар шабакањои иљтимої навишта буданд, ки оё ба шаби эљодии шоир касе меояд? Аммо дар мањфили шеъри устод Бозор Собир, ки дар театри Опера ва балети ба номи С. Айнї баргузор шуда буд, чунон одам љамъ шуд, ки љойи нишаст нарасид. Одамон њатто дар беруни дар монда буданд.

Акнун ки Бозор Собир вафот кардааст ва тибќи дастури Пешвои миллат ва хоњиши наздиконаш, маросими љанозаи ў дар шањри Душанбе доир мегардад, бењтараш нањзатињо ва дигар бадхоњони миллат хомуш бошанд ва њар гуна аќидањои пучу ихтилофбарангези худро баён накунанд.

Љанозаи Бозор Собир кори нањзатињо нест. Ў шоири миллат аст ва роњбарияти Тољикистону тамоми мардуми кишвар мурдаи уро соњибї мекунанд. Мутмаин њастем, ки маросими љанозаи Бозор Собир бо иштироки роњбарон, ањли илму адаб, намояндагони тамоми ќишрњои љомеъа ва мардум доир мегардад. Албатта садњо олимони воќеии дин (на ифротиёни нањзатї) њозиранд, ки љанозаи шоирро хонанд. Зеро шоир тамоми умри худ танњо дар хизмати халќ буд ва барои ватану миллат шеър мегуфт.  

 

Парвизи Мирзо