Пайдоиш, ташаккул ва ҳуввияти ҳар як халқу миллатро дар марҳилаҳои гуногуни таърих саргузашту сарнавишти он муайян месозад. Халқи қадимаи тоҷик, аз дасти баъзе нотавонбиноне, ки ҳамеша дини мубини исломро ба хотири манфиатҳои хеш истифода намудаву мардумро ба гумроҳӣ бурдаанд, басо ҷафоҳо кашидааст. Ин нотавонбинон ба хотири манфиатҳои шахсии хеш сулҳу ваҳдат ва якдилии оммаро халалдор намуда, ҳамчун саҳифаи сиёҳ дар таърихи Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Аз ҷумла солҳои 90-уми қарни гузашта намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолияти мамнуъ аст, бисёр бесару сомониҳо намудаанд. Баъди ташкили майдони «Шаҳидон» роҳбарияти наҳзат соҳиби баландгӯяк гардида ва рӯйи рост бар муқобили давлат сухан меронданд. Солҳои аввали Истиқлолият барои мардуми тоҷик даврони ниҳоят вазнин буд. Зеро Тоҷикистони ҷавон ба вартаи амалиётҳои террористӣ кашида шуд. Дар ин ҳодисаҳо нақши асосиро ташкилоти ифротии Ҳизби наҳзати ислом ва аъзоёну ҷонибдорони он иҷро менамуд. Ин гурӯҳи ба номи динӣ аз аввали ташкилёбии худ тавонист идеологияи тундгароёнаро паҳн намояд ва ҳамин амали онҳо боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар мамлакат гардида, қурбониёни зиёдеро ба бор овард.

Рӯзи 18-уми июни соли ҷорӣ дар телевизони Тоҷикистон филми мустанади «Решаҳои ноаён» намоиш дода шуд. Дар он «Генерали мардумӣ» Эшони Қиёмуддин бо забони хеш эътироф намуд, ки худи ӯ ташкилкунандаи Ҳизби наҳзат ва майдони «Шаҳидон» буда, мардумро ба ҷангу ҷидол бар зидди давлату ҳукумат даъват менамуд.
Боиси қайди махсус аст, ки ҳамаи онҳое, ки дар майдони «Шаҳидон» аз дину диёнат ҳарф мезаданд, аз оддитарин шартҳои исломӣ бехабаранд. Зеро на танҳо дини муқаддаси ислом, балки равияву динҳои дигар хунрезӣ, одамкушӣ ва ба миён овардани нобасомониро қабул надорад. Аммо намояндагони дини ислом ба хотири мансабталабӣ ва дигар мақсадҳои худ аз қафои ҷангу хунрезӣ шуда, ҳазорон кӯдакону наврасонро кушта ва ҳазорҳои дигарро ятим мондаанд. Модарони тоҷик аз фарзанд ҷудо ва бесарпаноҳ умр ба сар мебурданд. Ин «генерали мардумӣ» аз рафтори худ пушаймон гашта аз миллати хеш пузиш мепурсид, вале аз пушаймонии онҳо суде нест, чунки амалҳои онҳо фарҳангу тамаддун, иқтисодиёт ва тамоми соҳаҳои кишварро садсолаҳо ба қафо кашондааст. Аммо ба ҳар ҳол иқрори онҳо дарсест барои роҳгумзадаҳои дигар.
Вале ҳастанд баъзе аз он роҳгумзадаҳое, ки дар пушти хоҷагони хориҷиашон пинҳон шуда, ба ҳукумату давлати хеш санги маломат мезананд. Ба мисли Кабирӣ, ки солҳост аз Ватан гуреза шуда ба хотири нотинҷ сохтани фазои сиёсии кишвар бисёр кӯшишҳо мекунад, вале ҳамааш бенатиҷа аст, чунки халқи хирадманди тоҷик аз гузаштаи начандон дури хеш аз ғаразҳои нопоки онҳо огаҳанд ва нав аз ҷанги шаҳрвандӣ ё бародаркӯше, ки онҳо дар кишвар ба миён оварда буданд, баромада рӯ ба ободӣ ва пешравӣ ниҳодаанд. Таърихи Тоҷикистон ин ҳодисаҳои нангинро хуб ба ёд дорад.
Чун солҳои 90-уми қарни гузхаштаро пеши назар меорем, маълумамон мегардад, ки дар он замон аз дасти ҷаҳолати худу фиреби ин гурӯҳҳои терористӣ гиребони ҳам гирифтему даҳсолаҳо аз дигарон ақиб мондем ва ҳамеша эҳсосаш мекунем. Замоне мо аз беаҳамиятии худ ё дигар сабабҳои аёну ноаён натавонистем, пойдории сулҳеро, ки доштем, таъмин намоем. Маҳз ба хотири ғаразҳои ҳамин нотавонбинон муддате гиребони ҳамдигар гирифта ба хотири манфиатҳои шахсиямон якдигарамонро қурбони теғи бегонагон намудем. Миллате, ки дар гузашта бо раҳмдилию шафқат, дӯстию рафоқат ва фарҳанги волояш таърихи қадима дошт, муддате гирифтори даҳшат гардид. Љанги бародаркӯшӣ ва ё шаҳрвандӣ хоси миллати ноаҳлу ноиттифоқ ва бефарҳангу бетамаддун аст. Аз ин нуқтаи назар ҷанги байни тоҷикон, миллате дорои фарҳанги кӯҳансолу ғанӣ, ки басе шоҳкориҳои илмиву бадеӣ дар доман дорад ва нобиғаҳояш дар рушди тамаддуни умумибашарӣ саҳми босазое гузоштаанд, ҳайратомез буд.
Саъдии Шерозӣ дар ҳикояе, ки сангпушт ба ақраб некӣ мекунаду ба хотири наҷоти ҷони ӯ ҷони хешро ба хатар мегузорад дар ҷавоб ба ҷойи ташаккур неши ақрабро ба пушт мехӯрад, чунин байте гуфтааст:
Неши ақраб на аз пайи кин аст,
Муқтазои табиаташ ин аст.
Бале, имрӯзҳо Кабирӣ ҳамон ақраберо мемонад, ки табиаташ неш задану киноя кардан аст. Қадри хубӣ, гузашт ва дӯстию рафоқатро нодида мегирад. Санги маломат сари ҳукумату ҳукуматдорон мезанад. Тарзи давлатдорӣ ва идораи давлатро маҳкум намуда, пешравиҳои давлатро нодида гирифта ҳамеша аз камбудӣ ҳарф мезанад. Аммо инро фаромӯш набояд кард, ки ҷое ки кор аст, камбудӣ низ ҳаст. Лекин ин камбудиҳо бартарафшавандаанд ва ватандори асил барои бартараф намудани камбудиҳои кишвараш кӯшиш мекунад, на ин ки дар хориҷа панаҳ бурда сангӣ маломат сари миллату давлати хеш занад. Ин нотавонбинон ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро зулмгар ва бедодгар ном мебаранд, ки ин беақлона аст. Зеро кишвари мо бо ободкориҳо ва шоҳкориҳои худ дар сатҳи байналмилалӣ алаккай ҷои худро ишғол намудааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофаш мекунад.
Ин ҷо суоле ба миён меояд: Ин ходимони наҳзатӣ дар куҷои ҷомеаи имрӯза нишонаҳои зулмро дида бошанд? Дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон касе ба касе касе кор надорад, зиндагии иҷтимоӣ бо маҷрои худ ҷараён дорад ва амнияту суботи сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ таъмин аст, дарҳои донишгоҳу донишкадаҳо барои муҳассилин бозанд ва хуллас, фазои амну оромиш дар тамоми марзу буми Тоҷикистон ҳукфармо мебошад. Барои ин ҳамаро дидан чашму дили пок ва зебобин мебояд. Ин ҳама пешравиҳоро вақте нодида мегиранд, пас онҳо кӯру нобиноанд. Агар пешравиҳои ҳаррӯзаи кишварро нодида мегиред, пас ин тақсири шумост, ки дар ҳама амали нек камбудиву норасоӣ меҷӯед.
Таҷрибаи мамолики гуногуни ҷаҳон, ки дар он ҷо гурӯҳҳову ҷунбишҳои динӣ таҳти номҳои гуногун амал мекунанд, собит менамояд, рушди давлат ки ба шарофати идеологияи динии ин ҷунбишҳо муяассар намегардад. Баръакс, байни худи ин гурӯҳҳо дар мавриди ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ихтилофот пайдо шуда, барои ангезиши дигар низоъҳо замина фароҳам меорад. Дар ин ҷода якчанд мисолҳои равшану возеҳ дар симои давлатҳои Сурия, Лубнон, Ироқ, Ливия, Афғонистонро номбар кардан мумкин аст, ки солҳои тӯлонӣ ба хотири нотавонбинии ин гурӯҳҳои ба ном исломӣ оромӣ ва пешрафтро аз даст додаанд.
Мутассифона, имрӯз фирориёни ҳизби нахзат таҳти роҳбарии Мухиддин Кабирӣ, дар хориҷи кишвар даъво доранд, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ гуна озодии сухан ва эътиқод риоя намешавад. Онҳо кӯшиш мекунанд, тамоми макру ҳила ва фиребро ба кор баранд то сулҳу ваҳдати Тоҷикистонро доғдор созанд. Аммо амалҳои зишти Кабириву тарафдорони ӯ наметавонад, дигар иродаи халқи азияткашидаи тоҷикро заиф созад, зеро ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра бо ғояҳои нопоки ҳизби ифротгаро шинос, бо дониши амиқи сиёсӣ мусаллаҳ гашта, барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ғояҳои ифротии ҳизби наҳзат камар бастаанд.

 

Маҷнун Каримов
Ҳангома Давлатова