Оқибати хиёнат марг аст

  Хиёнат дар ҳамаи кору кирдор амали номатлуб ва бар зидди  қонуни ислом аст. Аммо хиёнат ба  ватану миллат ва давлат гуноҳи азимест, ки нобахшиданӣ.

  Миллати бо фарҳангу бо нангу номуси тоҷик  бандагони худоро ба адолату садоқат, муҳаббату  рафоқат, хайрхоҳию дастгирӣ,   дӯстдоштану ҳимояи марзу буми ватан ва инчунин ба дигар амалҳои  хайрхоҳона  ҳидоят намуда, аз кирдорҳои зиддиинсонӣ аз ҷумла, қатлу ғорат,  зулму  ситам,  фитнаву  тафриқа  ва  аз дигар рафторҳои  разилона  манъ медорад. Аммо мутаассифона, хоинону исломгароёни Ҳизби  наҳзати исломи Тоҷикстон, аз ҷумла  Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш ба амалҳои зидди исломию  мардумфиребиашон шариати муҳаммадиро  доғдор ва бадном  намуда,  аз  дурӣ   бо ҳаргуна  суханҳои   беасосу зишту дурушт  ба абармардоне , ки  барои ободии ин кишвар ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистони азиз хизмат намудаанд,  бӯҳтонҳои беасос мезананд. Хушбахтона, ҳамаи он фикру ақида, мақсадҳои  нопоку,  зидди мазҳабиашон (Ҳанафи), ки хилофи урфу одати  миллии тоҷикон буд,  ҷомаи  амал напӯшид.

  Паёмбари Худо фармудаанд « Ман ғашша фалайса минний» шахси хиёнаткор  уммати ман нест».Назҳатиҳои  хиёнаткор  солҳои дароз (ин мардуми ватандӯст ва ҳамақидаи тоҷикро , ки пайрави қуръону суннату мазҳаби ҳанафианд бо роҳи фиребу дурӯғ бурдан мехостанд, аммо мақсади  нопокашон  ба сари қудрат омадану соҳиби курсии мансабу қудрат шудан буд.

  Филми хитёнат, ки  аз ҳамаи шабакаҳои телевизиионӣ  ба мардуми  кишвар нишон дода шуд, як далели  возеҳу  равшан аз  хиёнат ва зулму ситами ҲНИТ аст. Худованд  пок аст ва  покизакоронро дӯст медорад.   Ҳар амали нек агар аз рӯи риё анҷом дода  шавад хоҳ намоз бошад, хоҳ рӯза,  хоҳ садақа  ва ғайраҳо қобили қабули парвардигор нест, чунки ин амал  намоиш аст.

  Расулуллоҳ дар ин маврид фармуда аст. «Ҳар касро намози худ аз фаҳш  ва мункар (корҳои бад ба мисли хиёнат ба ватану миллат ва зулму ситам ба мардуми  бегуноҳ ва резондани хун ва таҷовуз ба номуси занону духтарон) боз надошт,бо он намоз ҷуз дурӣ аз Худованд чизи дигар наяфзудааст».

 Дар назди Худованди  доно ва олим некӯкор-  яъне  мусулмон касе  мебошад, ки  дар ин дунё худ аз пайи  иҷрои кори хайру савоб аст ва дигаронро низ ба кори  хайру савоб ташвиқу тарғиб мекунад. Аммо мутаассифона хоинони  Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо кору  кирдорашон  хилофи фармудаи Худо ва расулаш буда, боз худро  мусулмон мехонанд. Барои ҳамин   мо барои  ояндаи худ ва барои  ояндаи миллати тоҷик ба донишомӯзӣ ва корҳои хуб (хайру савоб, ободу  ободкорӣ ва дигар корҳои нак) саъю кӯшиш намоем. Бояд фаромӯш накунем, ки Худованд муздро  ба он шахсоне ваъда кардааст, ки  дар зиндагии худ накӯкоранд ва мардумро  ба иттифоқию дӯстӣ, илму дониш, дӯст доштани ватан, қалби пок, ақидаи соф ва ба дигар корҳои хайру савоб ҳидоят менамоянд. Аммо ногуфта намонад, ки  ин хоинони азҳатӣ дар ин дунё шармандаву дар охират дар назди Худо ба амалҳои мардумфиребиашон  рӯсиёҳ ҳастанд. Ба доми фиреб даровардани он афсарони шастнафара, ки  баъдан бо тариқи ваҳшоният ба қатл расонида шуданд, бинанда ва шунавандаро  ба хашму ғазаб ва нафрат меорад. Худованд фармудааст «Валлоҳу ло яҳдийл қавмаззолимийн» (Худованд  раҳнамоӣ намекунад ситамгоронро). Яъне ҳеҷ шахсе золимтар ва бе диёнатар аз он касоне нестанд, ки  Аллоҳ таъоло ба забони  набияш онҳоро  ба ростию адолат ва  росту дуруст нигоҳдоштани  амонат даъват мекунад, яъне  ҷони банда  болои банда  амонат аст. Дӯст доштани ватан,  ободу ободкорӣ   дур намудани фитнаву тафриқа аз байни мардум аз қабили амалҳои неканд, аммо онҳо пайваста дар пайи зулму ситам ва қатлу ғорат буданд.Чунин шахсон  маҳз фоҷиру золиму фосиқон ҳастанд  ва Худованд онҳоро ҳаргиз ҳидоят намекунад.

Шералӣ Миралиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

маркази н. Варзоб ба номи

Муҳаммад Ибни Абдуллоҳ (с),

узви ҲХДТ