«Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

                                                                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

Оре, об манбаъи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об захираи бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтмони манзил, тозагии кӯчаҳо, обёрии заминҳо ва ғайраҳо истифода мебарад.

Дар ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз, теъдоди чашмаҳои оби маъданӣ хело зиёд буда, барои аҳолӣ оби ошомиданӣ ва табобатиро таъмин менамоянд, ки дар ҷаҳон шуҳратёр гардидааст.

Чуноне, ки устоди меҳрубонамон Мирзо Турсунзода гуфтаанд:

Тоҷикистон нозад аз ин гуна дарёҳои худ,

Аз мусаффо обҳои кишвари зебои худ.

Тибқи ҳисоботҳо моҳи октябри соли 1999 бори нахуст бо ташаббуси  Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 54-уми Созмони Миллали Муттаҳид соли байналмилалии «Оби тоза» эълон доштани соли 2003-юм пешниҳод гардид. Баъдан 30 августи соли 2003 суханронӣ дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, сарвари давлатамон дар он суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки «Аксарият гумон надоштанд, ки мавзуъи захираҳои об аз ҷониби давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ташкилоту сохторҳои ғайриҳукуматӣ ба ин андоза дастгирии ҳамаҷониба меёбад».

Чуноне, ки ба мову Шумо маълум аст, ин пешниҳоди Сарвари давлатамон аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфт ва дар ин хусус Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қарор қабул карда, соли 2003-юмро дар сар то сари олам соли байналмилалии «Оби тоза» эълон намуд.

Об ин ангезандаи хушҳолӣ, беҳбудӣ, форамӣ ва зебоию зарофат буда, ғайриоддию мафтункунанда ва хеле хушнамост. Инчунин  инъикоскунандаи тозагӣ ва рамзи зиндагист. Об ободӣ, оромию осудагии башариятро таҷассум мекунад.

Ҳамин тариқ, бори дигар соли 2003 аз ҷониби марди шуҷоъ, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015» ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд, ин пешниҳоди Сарвари давлатамон аз ҷониби 141 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Инак бо қабули ин пешниҳод аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳайёт 2005-2015» дар ҷаҳон эълон гардид.

Мақсад аз ин пешниҳод ва эълон дар он аст, ки бояд ҳар як шахс обро сарфакорона истифода карда, тозагии онро риоя намояд.

Об ободонӣ гуфтаанд. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим то  инҷониб тақдири худро бо об вобаста карда, барои ба даст овардани ризқу рӯзии худ кишту кор намуда, заминҳоро обёрӣ мекарданд. Агар ба таърихи муборизаи халқҳо низ нигарем, барои ба даст овардани об чӣ андоза талошҳо карда шудаанд.

Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 августи соли 2003 дар маросими кушодашавии форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, иброз доштаанд: «Мардуми тоҷик «Обу ободӣ» ва «Об-рӯшноӣ мегӯянд. Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандинҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд. Зеро мардуми мо, обро дар радифи хоку боду оташ аз ҷумла чор унсуре, ки бунёди ҳастиро ташкил менамоянд, муқаддас меҳисобанд».  

Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишони ҳайёти зинда , ободӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Об дар ташаккули организм нақши муҳим дошта, маҳз ба воситаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Ҳайёти инсониро бидуни об наметавон тасавур намуд, зеро нарасидани об фаъолияти мунтазами организмро вайрон менамояд.

Рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сабзиши растанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо бо шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

Қобили зикр аст, ки маротибаи сеюм бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллати тоҷик, марди дурандеш, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ба Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд. Хушбахтона, 22-декабри соли 2016 Маҷмаи умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи эъломи даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 бо ҷонибдории 177 давлати аъзои Созмони Миллали Муттаҳид қатнома  қабул гардид ва солҳои 2018-2028-ро дар ҷаҳон даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» эълон гардид.

Боиси ифтихори миллати тоҷик аст, ки 23-декабри соли 2016 номаи табрикотӣ аз номи Дабири кулли Созмони Миллали Мутаҳид Пан Ги Мун ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон омадааст: аз ҷумла, «Итминон дорам, ки даҳсолаи нав дар амалӣ намудани иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об, аз ҷумла фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда, ки зимни татбиқи Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 ба миён омада метавонад, нақши назаррас мебозад».

Барои пешниҳоду ташаббусҳои нав ба нав дар соҳаи об ва рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ Сарвари давлатамон, борҳо ба ҷоизаҳои махсуси Созмони Миллали Мутаҳид қадрдонӣ шудаанд, ки ин боиси ифтихори миллати тоҷик аст.

Ҳар як инсон вазифадор аст, ки обро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намояд, тозаву озода нигоҳ дорад, нагузорад, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад.

Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шуморидани он, қиммат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург, қарзи ҳар як инсони асил аст. Зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки махзани нуру рӯшноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.

Хушбахтона, кишвари мо Тоҷикистони азиз, аз чунин масъалаи мушкили ҷаҳонӣ яъне об дар канор аст ва барои таъмини оби ошомаданӣ ба кишварҳои ҷаҳон кӯшиш менамояд, ки аз ин рӯ, ин нишондиҳандаи кишвари мо дар байни аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. 

Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин муъҷизаи нодир бештар ба назар мерасад. Ва бояд гуфт, ки Тоҷикистони маҳбуби мо дорои дарёҳои обаш зулол ва дармонбахш аст, ки диққати ҷаҳониён ба он нигаронида шудааст.

Хулоса эътибори байналмилалии обро, ки аз дурандешӣ, заковатмандӣ ва башардӯстии олии Президенти мамалакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, нуфузи Тоҷикистонро дар минтақа ва  арсаи ҷаҳон боло мебарад.

 Олимзода Орифҷон Олим

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират

ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Варзоб