Печать
Диданд: 448

Лоиқ монанди офтобест, ки ба ҳама якхела нур мепошад.

Чуноне, ки гуфтаанд:

         Лоиқ, Лоиқ нумӯи миллат боқист,

         Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

         Аз дӯши гарони нокасон боке нест,

         Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

         Лоиқ, лоиқи сухан, лоиқи таҳсин, лоиқи ёдоварӣ, лоиқи  ин хоку Ватан аст! Бале, ӯ шоирест, ки ҳар ҳарфи баёнаш монанди уқоб баландпарвоз аст ва дарҳол андаруни қалби инсони пешқадам ҷо мегирад. Шоире буд, ки на бо ранг, балки бо хуни дил шеър ифшо кард.

         Чӣ сабаб шуд, ки устоди бениҳоят азизи мо Лоиқ Шералӣ миёни хосу ом  ин қадар маҳбубият пайдо кардаанд? Бидуни ҳеҷ муболиға метавон гуфт, ки яке аз омилҳои ҷаззобияти шеъри устод Лоиқ дорои руҳияи миллӣ будан ва аз ҳайёти мардум маншаъ гирифтани онҳост. Устод гӯё зиндагии моро бо ҳама фарозу фурудҳояш, бо ҳама бурду бохтҳояш, бо ҳама неку бадаш ва бо ҳама талхию шириниҳояш нусхабардорӣ кардаанд. Аз ин ҷост, ки мо бо шеъри ӯ нафас мекашем, бо шеъри ӯ қадам мезанем ва зиндагӣ мекунем.

         Яъне аз ибтидо шоир бо майл ва завқи фитрӣ аз боби зарурати тасдиқи ҳувияти инсонии худ ба сухан гуфтан оғоз мекунанд ва тавре, ки ошкор аст,  ин мавзуъ то поёни умри пурбори эҷодии эшон дар офаридаҳояшон нақши муҳимро пайдо мекунад.

          Ашъори устод Лоиқ монанди офтобест, ки ба ҳама якхела нур мепошид. Баҳри нопайдоканорест, ки гаронбаҳотарин зару зеварро ниҳон доштааст. Насими ҷонбахшу илҳомоварест, ки касро фараҳманд мекунад. Осори устод Лоиқ Шералӣ рангдонеро мемонад, ки аз он тамоми шоирони баъдӣ қалами хешро олуда карда, шеър навиштаанду менависанд. Ҳар ҷавоне, ки аввалин маротиба кӯшиши шеър гуфтанро мекунад, беихтиёр шабеҳи шеър, ғазалу рубоии устод Лоиқ навиштан ба сараш меояд. Зеро ҳар он чи ки  ин шоири маҳбуби мо сурудааст, аз зиндагии воқеии мардум гирифта шудааст.

         Ашъори устод Лоиқ шаҳодатномае мебошад, ки дар он номи миллат, забон, фарҳангу тамаддун ва зиндагиву орзуи ин миллати тоҷбарсар ҷой карда шудаанд. Ғазал, шеъру рубоии  ин шоири зиндаёд ресмонест, ки ба қаъри чоҳи таърихи пайдоиши миллати мо партофта шуда, аз он намуна барои наслҳои имрӯзу фардои миллатамон овардаанд.  Ин ресмон ба хуршед баста шудааст ва шоир бо  ин роҳ мехоҳад ҳама он арзишҳои миллати тоҷик ва номи миллати тоҷикро ба арши аъло барорад.

         Чуноне, ки гуфтаанд:

         «Устод шуҳрат намеҷустанд, балки шуҳрат эшонро ҳамеша дунболгир буд. Ҳам шуҳрат ҷойи худро пайдо кард ва ҳам шоири ормонсаро ба орзуяшон расиданд».

         Шеъри устод Лоиқ дард аст, ишқ аст, хурсандӣ аст ва билохира фалсафаи ҳайёт аст.

          «Модарнома»-и устод дар муқоиса бо дигар ашъори эшон миёни мардум маҳбубияти бештар дорад. Имрӯз касе нест, ки  ин байти устоди бузурги миллати тоҷикро аз ёд надонад.

         Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

         Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

         Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

         Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

         Устод Лоиқ дар  ин силсилаи ашъори худ бо огоҳӣ аз расму ойини миллӣ, зиндагии модари тоҷикро тавре тасвир кардаанд, ки ба хондани он мо дубора ба дунёи беғаши кӯдакӣ  бармегардем. Аз нахустин шеъри  ин силсила    « Ба модарам » то рубоиву дубайтиҳо ҳама дорои руҳияи миллианд. Ин шеърҳо бо ҳарфу ҳиҷои заминӣ ва содагӣ эҷод шудаанд. Маҳз ҳамин содагии ашъори устод Лоиқ эшонро писанди мардум кардааст.

         Гоҳ устод Лоиқ дар офаридани қиёфаи модар ва манзараи зиндагии ӯ чунон маҳорат нишон додаанд, ки мо муҳити зиндагии модарро беихтиёр пеши назар меорем.

            «Чуноне, ки шоири Эрон Нодири Нодирпур гуфтааст, ки шоирон ду дастаанд. Дастае кӯшиш мекунад, ки аз маънӣ ва сухани содда шеъри мураккаб офарад ва дастаи дигаре мекӯшад аз маънии мураккаб шеъри содае созад.»

          Устоди бузурги миллати тоҷик Лоиқро метавон шомили дастаи дуввум донист, зеро аз маънии мураккаб шеъри соддае меофаранд. Ин аст ҳунар, ин аст санъати воло.

          Устод Лоиқ Шералӣ шахсест, ки аз ишқу вафо ва меҳру сафо, ки бо ҷаззобияту зебоӣ ва латофату дилнишинии чакидаҳои оташбору маънодораш қалбҳоро ба тасхир оварда ва саропо назокат бахшид.

          Ҳаждаҳумин баҳор аст, ки устод Лоиқ ҳамроҳи ҳамкасбони худ ба сайри дашту доман ва ба чидани гулҳои баҳорӣ намераванд. Зеро, ки ҳаждаҳуми сол пеш, яъне соли 2000-ум аҷал риштаи ҳайёташонро аз ёру дӯстон ва дунёи равшан барканд.

           Ашъори устод ҳамсафару ҳамнафаси тамоми мардуми кишваранд. Тамоми шеърҳои устодро аз забони намояндагони табақаҳои гуногуни ҷамъият, пиру барно мешунавем. Аз ғазалҳои эшон арҷгузорӣ ба гузаштагону мардонагиро мебояд омӯхт.

            Ҳарчанд устод Лоиқ имрӯз дар майдони шеъру адаб нестанд, вале эҷодиёту симои нурониашон садри ҳар як маҳфилу ҷамъомадҳост.

 

Олимзода Орифҷон Олим

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб