Печать
Диданд: 712

Имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир гуруҳҳои терорристӣ ва экстремистие фаъолият доранд, ки ҳадафи асосии онҳо ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини терорристию экстремистӣ мебошад.

Барои шомил кардан ба сафҳои худ гуруҳҳои терорристю экстремистӣ кӯшиш менамоянд ба гуруҳи муйяни аҳолӣ рӯ биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекор ва ниёзманд, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёз дошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида, дорои пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ ва дигарон ташкил медиҳанд.

Барои эмин доштани худ аз доми гуруҳҳои терорристӣ ва  экстремистӣ ҳар як шахс, ба хусус муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз мафҳумҳои зерин бохабар бошанд.

Экстремист чист? -ин фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Терорризм чист? Терорризм ин зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони шинохта, арбобони давлатӣ ва воқеъӣ мебошад, ки дар натиҷаи он ба молу амволи шахсию ҷамъиятӣ зарари калон расонида шуда, боиси хавфи ҳалокати одамони бегуноҳи зиёд мегардад. Инчунин дар натиҷаи он сохти амнияти ҷамъият халалдор карда шуда ба он тарсу ваҳм ворид карда мешавад.

Тероррист кист? -шахсе, ки дар анҷом додани фаъолияти терорристӣ дар ҳама гуна шакл иштирок менамояд.

Бо сабаби хатари калони ҷамъиятӣ доштан фаъолияти гуруҳҳои терорристию экстремистӣ дар ҳудуди аксар давлатҳои ҷаҳон манъ карда шудаанд. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо аз қабили «Салафия», «Ҳизб ут-Таҳрир», «Давлати Исломӣ», «Ҳаракати исломии Узбекистон», «Гуруҳи-24», «Ал қоида», «Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон» ва дигарон манъ карда шудаанд.

Ҳамватанони гиромӣ ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиатон дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ бовар накунед.

Ба хусус ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳод намудан шахсони шубҳанок, ки шумо онҳоро намешиносед бовар накунед.

Донед, ки шахсони бегона метавонанд ба шумо таъсир расонида гумроҳ намоянд ва ба созмонҳои гуногуни экстремистию терорристӣ ҷалб намоянд.

Пеш аз сафар дар бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оид ба қонунгузории давлати қабулкунанда ва хатарҳои терорристю экстремистӣ машварат гирад.

Агар шумо дар хориҷи кишвар ҷойи кори аниқ надоред ва ба шахси даъват намуда боварӣ надоред, метавонед ба «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» муроҷиат намоед.

Гуруҳҳои терорристӣ ва экстремистӣ бо ҳар роҳ шомилшавӣ ба сафҳояшонро таблиғ менамоянд, ба хусус бо фиристодани паёмакҳо ба телефон, саҳифаҳои иҷтимоии интернетӣ (Одноклассникӣ, Фейсбук, Вайбер, Ватсайп, В Контакте ва дигар). Ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳед, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғоти доштаи ин гуруҳҳо лайк нагузоред.

Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масчидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва суҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯед.

Дар чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал намоед, балки ба Сафоратхонаву Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо дар ҳудуди Федератсияи Россия, муроҷиат намоед.

Бо кӯмаки онҳо шумо метавонед аз ҳолатҳои мазкур сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россияро огоҳ созед.

 

ШАҲРВАНДОНИ ГИРОМИҚАДР:

          Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ ва ё нофаҳмиҳо нисбат ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, шумо метавонед ба бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоед.