Албатта, касе иддао мекунад, ки гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ як ё ду иллату омилу сабаб дорад, шахси аз фалсафаю ҳикмат дур, аз ҳаёт ва қонуниятҳои иҷтимоӣ бехабар аст. Дар чунин мавридҳо дунболи як реша ва омилу сабаб гаштан кори бефоидаест. Зуҳуроти иҷтимоӣ ҳамеша сабабу иллатҳои бисёр доранд. Одатан, сабаби бемории шахс метавонад  сирояти микробу вирусҳои  гуногун  бошанд, вале агар ҷисми инсон  қавӣ ва дорои иммунитет ва ё қудрати муқовимат  ба вирусҳоро дошта бошад, ин иллатҳо коре карда наметавонанд, балки онҳоро организм худаш  хунсо ва безарар мекунад.

 Пас аз он иммунитет, он зиддизаҳр,  зиддимикробӣ  зотиро бояд пайдо кард,  иллату аворизи  хориҷиро беасар созад  ва нагузорад  он иллатҳои  зиёду  гуногун  ба  рафтори  мо  таъсиргузор бошад. Мутаассифона, коре ки имрӯз муборизони зидди вабои  ҷомеаи муосир, ки ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хатарноктар аз бомбаи атомӣ аст, экстермизму терроризм фақат мубориза ба воситаи неруи ниҳодҳои қудратиро дар мадди назар доранд ва дар ин роҳ сармояи ҳангуфтеро талаф медиҳанд. Ман намегӯям, ин ниҳодҳо барои мубориза бо чунин зуҳурот зарурат надоранд, балки  зарурати онҳо беш аз ҳар вақта  эҳсос мешавад, вале онҳо танҳо пас аз шаклгирӣ ва фаъол шудани онҳо лозим меоянд. Аммо барои ҷилавгирӣ аз олоиши зеҳнҳо бо ин вирус ва таъмини иммунитет-истеҳкоми фикрӣ ва эътиқоду имони солими динӣ чандон муфид нестанд. Ниҳоде, ки чунин қобилиятро дошта метавонад ниҳоди маърифатии ҷомеа-Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад.  Сабабҳои зиёде чун: омилҳои иҷтимоии камбизоатӣ, бекорӣ, набудани назорати лозимаи падару модарон, хости сайру сафар ва тафреҳу худозмоӣ дар задухӯрдҳо, тарғиби намояндагони ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ва ғайра низ ҳастанд. Аммо ба андешаи мо муҳимтарин ва корсозтарин омил- камсаводӣ, чи дар илмҳои дунявӣ ва чӣ дар донишҳои динӣ мебошад.То он замоне, ки дониш ҳокими мағзҳо набошад, инсон қобилияти мустақилона андешаронӣ  карданро надорад ва аз уҳдаи интихоби мустақилона ва дурусти роҳи худ низ баромада наметавонад.  

  Ф. Ахмедов, деҳаи Зимчуруд