Печать
Диданд: 464

Дар сомонаи балегӯйи ҳалқаҳои ифротии «isloh.net», маводи мамлу аз ғайбат ва таҳқир бо номи «Ҳукумат - аждаҳои миллат» ба чоп расид. Дар саргаҳи ин дарёи ғайбат шахси инфъиолӣ, фирорӣ, даҳшатафкан, пуррӯ, орӣ аз нангу номус ва сустак Муҳаммадиқболи Садриддин меистад, ки аз ҳисоби сармояи ҳангуфти душманони миллат қути лоямут ёфта, ба ҳаромхӯрӣ машғул аст. Зи нопокон мадоред умед,  Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед, басо ҳадафманд гуфтааст. Ин гуфта ба М.Садриддин рост меояд. Писаир аршади яке аз аъзои ТТЭ ҲНИ умри бешуури худро сарфи миллаткушӣ ва маҳалгароӣ кард.М.Садриддин, душмани шуурии ин миллат аст. Чанд далле аст, ки М.Садриддинро аз шерозаи ин миллат дур нигоҳ медорад:

 

 

    Чи тавре ки таҳқиқгар Комилов Ф. дар мақолаи  «Муҳаммадиқболи Садриддин – балвогари ашаддӣ ва забони гӯёи ҷинояткорон» аст, менигорад: «Ягона фарде ки аз сар задани ҳар нуқсу айб дар Точикистон табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст». Таҳлили фаъолияти се соли охири ин оппозитсионери бахтбаргашта ва ачдодаш дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.  

Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, дар асл чокар ва навкари хадамоти амниятии яке аз кишварҳои сеюм мебошад ва зимни ироаи гузоришҳо росту дурӯғро ҷамъ оварда, сари ашхоси баобрӯ мерезад. Муҳаммадиқболи Садриддин ҳушдори №1 ба ту. Ёвасароӣ ҳад дорад.  Умри ҳарфҳои ботилат кӯтоҳ аст. Ба мисли умри козибат.            

 

Ба орзуи муолиҷаи дарди бедаъвои ғайбатсарой  Муҳаммадиқболи Садриддин.

 

Каримов  Ф. сокини ш.Бохтар, муаллим