Печать
Диданд: 45

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб барои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019,  оид ба  ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...”  тадбирҳои мушаххас андешид. Амри мазкур бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 6-уми марти соли 2019 барои   иҷроба тамоми муассисаҳо пешниҳод гардида, ҳамзамон  низомнома, ҳайати комиссияи тадорукотӣ, ҳайати ҳакамон ва  ҷоизаи он таҳия ва мавриди таблиғ қарор гирифтааст. Ҳамзамон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ,  муассисаҳои таълимии ноҳия ва  филиалҳои  китобхонаҳои ҳудуди ноҳия ва дар нашри нашрияи  “Варзоб” барои қалби дўстдорони китоб инъикос ва интишор карда шудааст.

          Даври аввали озмуни мазкур дар соҳаи маориф  рўзи 16 майи соли 2019 бо иштироки ғолибони муассисаҳои таълимӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб баргузор гардида, ғолибони озмун аз соҳаи маориф ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот даврҳои аввал гузаронида шуданд.

         Дар асоси Низомнома баргузории даври ноҳиявии озмун санаи 27 июли соли 2019 дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки ғолибони даврҳои аввали озмун баргузор гардида, тавассути шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуд. 

Дар озмун 32 нафар ғолибони даври аввал, аз ҷумла 3 нафар донишҷўён ва аспирантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ,  20 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 6 нафар аъзои китобхонаҳои ноҳия, 3 нафар намояндагони синну соли гуногун аз Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот  иштирок намуданд. Ғолиби озмун дар номинатсияи аз ёд кардану  хондани осори адабиёти классики тоҷик Фараҳноз Ҷалилова- донишҷўйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино муайян карда шуд.  Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани  осори адибони Музаффар аз рўи номинатсияи аз ёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои бачагона ғолибият ба даст овард. Сокини Ҷамоати деҳоти Чорбоғ  Маликшоева Шоҳбегим  дар номинатсияи азёд     

Шоҳҷоиза насиби хонандаи муассисаи таълимии №5-и ноҳия  Раҷабова Миҷгона  гардид.

Ғолибон бо хулосаи аъзои ҳакамон барои даври ноҳиявӣ роҳхат гирифта, бо ҷоизаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.