Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Аслан ҳеҷ як давлати соҳибистиқлол ва соҳибихтиёрро бе доштани рамзҳои давлатӣ аз ҷумла, Парчами давлатӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ҳар як кишвари дунё дорои парчами хоси давлатии худ буда, парчам ифодакунанда ва ҳимоягари таърих, фарҳанг, арзишҳо ва орзуҳои миллати он кишвар аст.
Парчам аз замонҳои хеле қадим яке аз рамзҳои асосии давлатдории миллати тоҷик ба шумор мерафтааст. Мо аз саҳифаҳои пурғановати таърих огаҳӣ аз он дорем, ки маҳз тоҷикон якумин халқест, ки аввалин шуда дирафш-парчамро ба миён овардааст ва ин дирафши ковиёна аст, зеро он аз Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашма мегирад, ки чӣ тавр Коваи оҳангар дар вақти ғолиб омаданаш бар зидди қувваи бадӣ, чарминаи пешбанди худро ба ҳайси дирафш-парчам истифода бурда, баъди мағлуб намудани Заҳок ғолибияти худро бо тартиби бардоштани дирафш ба халқ нишон дод. Сипас, Коваи оҳангар бо ба даст овардани давлат ба тахт Фаридунро нишонда, Фаридун низ ин иқдоми Коваро идома дода, ба дирафши Ковиёна як ситораи дорои чор шохаи зарҳалдори ранги зард, сурх ва бунафшдорро илова намуда, аз ҳамон давра инҷониб мардуми ориёӣ соҳиби парчами худ гаштанд.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тусӣ дар Шоҳномаи худ ин дирафшро ба чунин тарз тасвир кардааст:
Фурӯ хишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “ковиёнӣ дирафш”.
Ҳамчунон, «Дирафши Ковиён» чун рамзи абадӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ то имрӯз ҳам дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз найза, шери болдор, хуршед, тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дорад.
Вақте ки мо имрӯз – дар оғози асри бистуяк ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ шоҳиди он мешавем, ки ниёгонамон дар зери парчам бо ҳам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд.
Хушбахтона, баъди садсолаҳо мардуми тоҷик ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав соҳиби парчами миллӣ – рамзи давлати мустақилу соҳибихтиёр гардид.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ ва таърихӣ дар иртибот дар омода кардани он истифода шудааст.
Дар Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, дар баробари дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, ҳамчунон Парчами давлатии Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт ва пӯшида нест, ки дар таҳия ва пешниҳоди тарҳи он олимони соҳаи санъат ва таърих аз қабили: Зуҳур Ҳабибуллоев; Анатолий Заневский; Ирина Игнатушина; Лариса Додхудоева ва дигар мардуми аҳли фарҳанг назари худро пешниҳод дошта буданд ва ин парчами давлати тоҷик, ки имрӯз ҳамчун рамзи давлатӣ шинохта шудааст, бо рангҳои хеле зебо таҷассум ёфта, ифодагари тамоми таъриху тамаддуни мардум ва арзишҳои миллии мо мебошад.
Ин буд, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари нишон ва суруди милли яке аз рамзҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд ва дар он мазмуни Парчами давлатӣ, ҳамчун рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гаштааст.
Дар баробари ин, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007 қабул карда шудааст, ки моҳият ва тартиби истифодабарии расмии Парчами давлатиро ҳамчун яке аз рамзҳои давлатӣ муқаррар менамояд.
Санаи қабули Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми кишвар ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ истиқбол гирифтанд.
Бо дарназардошти ин ва инчунин ба хотири гиромидошти нақши созандаву муассири парчам дар тарбияи ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус насли наврасу ҷавонон соли 2010 бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе оғоз ёфт ва он дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони парчам» номгузорӣ шуд.
Ҳамчунин, манораи парчами мазкур санаи 30 августи соли 2011 бахшида ба ҷашнгирии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба истифода дода шуда, дарозии манораи парчами мазкур аз 165 метр иборат буда, дар он давра ҳамчун манораи парчами баландтарини олам ба Китоби рекордҳои Гинесс дохил карда шудааст.
Ҳар як фарде, ки имрӯз ба назди Парчам ва Нишони миллӣ меояд, хуб эҳсос мекунад, ки ин ду рамз ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, мақсаду мароми неки тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудаанд.
Зикр намудан ҷоиз аст, ки Парчам дар баробари рамзи давлатӣ буданаш барои ҳокимияти судӣ муққаддасоти хос ба ҳисоб меравад, зеро шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, маҳз дар назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ савганди садоқат ёд мекунад. Зиёда аз ин, дар болои бинои суд, дар толор ва утоқҳои кории раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо Парчами давлатӣ ва тасвири нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатдорӣ ва ҳокимият гузошта мешавад.
Парчами давлатии Тоҷикистон танҳо як парчам нест, балки он далели возеҳи вуҷуди миллати тоҷик, таҷассуми орзуҳои он ва нишони пайванди устувор бо таърихи пурғановат аст. Рангҳои сурх, сафед ва сабз, ҳамроҳ бо тоҷ ва ҳафт ситора, достони тӯлониеро дар бар мегиранд, ки оғоз аз «Дирафши Ковиён» гирифта то ба истиқлоли имрӯза расидааст. Парчам наққошии таърих, фарҳанг ва орзуҳои миллатест, ки ба осоиштагии абадӣ меандешад. Ҳифзу эҳтироми ин рамзи бузург вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст, зеро дар тобиши ҳар як ранг ва дар рӯшноии ҳар як ситора, шахсияти мо ва эҳсоси мо нисбат ба Ватан инъикос мегардад.
Аз ин лиҳоз, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд.
Ҷашни парчами давлатӣ мо ҷавононро беш аз ҳарвақта водор ба он менамояд, ки бо мавқеи қавии сиёсӣ дар ҷомеа баҳри ободию пешрафти Ватани азизу маҳбубамон тавассути меҳнати аҳлонаю бунёдкоронаи ҳамарӯзаи хеш ҳиссагузор бошем.
Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло,
раиси суди ноҳияи Варзоб,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
