ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
 
       Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.  
                                                                                                                                                                                                      Эмомалӣ Раҳмон
 
       Миллати тоҷик, дорои таърих ва сунатҳои хеле қадимии давлатсозию давлатдорӣ мебошад, ки аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси он буд.
       Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.   Дар бобати Парчами миллӣ қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудааст.  Ин санадҳо имконияти истифодаи барҷастаи парчами давлатиро дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳо фароҳам меорад. Инчунин, арҷгузории расмӣ чун ифтихори миллӣ ва рамзи ватандории пиндоштани ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад ифода мекунад.
       Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ пеш аз ҳама нишонаи давлати ташаккулёфтаи комилҳуқуқи тоҷикон мебошад. Имрӯз он нишонаҳое, ки дар парчами мо дида мешавад, ифшогари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст, ки мардуми сарбаланди тоҷикон зери сояи Парчами миллӣ пирӯзии кишвари хешро мебинад.
       Парчами миллии мо дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаи махсусе чун рамзи садоқат, рафоқат ва фахру ҳувиятро дорост, ки таҷассумгари ифтихору номуси ватандорист.
       Бешубҳа, аз азал шукуҳи шаҳомати Парчами миллӣ дар зеҳни мардуми мо ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, муҳаббати ҳар тоҷику тоҷикистониро нисбат ба Ватан афзун мегардонад.
       Чуноне, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Пешвои муаззам, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханронии худ иброз доштанд: «Ойини бостонии парчамдорӣ-аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ-дар тӯли таърихи дуру дарози тоҷикон имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди мо таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд.
       Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
       Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
       Таҷрибаи гузаштаи парчамбардории миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории  ин миллати соҳибтамаддун аст.
       Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи милию давлатӣ шинохта шудааст, албатта, он дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст ва аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудааст. Дар Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бениҳоят ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ, дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, парчами кунунии Тоҷикистон  мавриди қабул қарор гирифта буд.
       Бояд гуфт, ки рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихият ба  эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ ва дигаре, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд.
       Чуноне, ки дар ин бора худи Пешвои миллат иброз медоранд: «Қабули Парчами давлатӣ дар вазъияти ниҳоят ҳассос- нахустин солҳои таърихи давлати ҷавону тозаистиқлоламон ба мардуми мо тавони тоза бахшид, эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва онҳоро нерӯ бахшид, ки таҳти парафшонии парчами давлати озоди худ сохтори конститутсиониро барқарор намоянд. Нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат маҳз зери Парчами давлатӣ сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд».
       Бояд зикр намуд, ки бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ мо аз он шукрона дорем, ки парчами мо рамзи ҳуввияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд.
       Парчам дар ҳарду давру замон ва дар ҳар давлату ҷомеа муаррифгари миллату давлат аст.
       Парчам маҳз дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, имрӯз як ҷузъи муҳими таърих ва фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад.
       Аз ин рӯ, эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
       Ифтихор аз парчами кишвар ин, ифтихори миллати куҳанбунёди мост, ки дар тӯли асрҳо ба кашмакашиҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст. Зеро имтиҳони ин эҳё ва шинохти нави Парчами миллӣ, ҳамчун хотираи арзишманди фарҳангу тамаддун ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст.
       Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллат ва нишон аз кишвари соҳибистиқлоле дар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати комилҳуқуқе бо номи Тоҷикистон мужда медиҳад.
       Инак, бо сарбаландии комил ва муттаҳидии зери як парчамона мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегӯям.
       Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон абадан ҷилвагар парафшон ва бахтовар бошад!
 
Бо эҳтиром,
Олимзода Орифҷон Олим
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират,
роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб