Печать
Диданд: 733

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқӣ мусалмони гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифродгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки инро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳизбу ҳаркатҳои дорои хусусияти дини одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеъ меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократи метавонад, динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва терорристӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд.

Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсиии ҷаҳон ва тағиру таҳаввулоти бо суръати он, тарафи вусъатёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои мутташакили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд.

Аз ин ҷост, ки ҷомеаи ҷаҳони бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бедодигариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷони ва ҳисороти бузурги иқтисодию молиявӣ нагузошт, ки дар Тоҷикистон нерӯҳои ифротгароии дини ва дигар давлатҳои осиёги мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд.

Аз ин ҷост, ки Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ, истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Фаъолиятҳои зиёдаравии дини низ ғарбгаро шуда, корвони худро аз мамлакатҳои шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло ба номи созмони ифротгароию терорристии ДИИШ дар либоси сиёҳӣ дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст.

Вале ин падидаи бад на танҳо пайвандии худро ба манзилҳои харобкардаи худ кандани нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.

Яке аз ин гунна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки моро ба ҳадафи нопоки худ кашидани буданд. Овози баланди мардуми мо «Ман Ватанамро беш аз ҳар вақта дорам дӯсттар»-пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норози ҳамавақт буданду мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар кардан намешавад.

Вазъияти ногувори амнияти дар ҷаҳон, фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти Ҷумҳурӣ саҳми худро гузорем.