Дар оғози асри XXI барои мардуми курраи Замин зарурияти тачддиди дубораи имонию эътиқодӣ, андаруни динҳои пайрави доштаашон пеш омада аст. Агар онро бо таври исломи маънидод намоем, бояд аз нав, аз арз намудани калима оғоз намоем. Бояд қайд намуд, ки дунявият дар сиёсат шакли сиёсии таъминкунандаи озодии эътиқод буда, ҳеҷ гоҳ даъвои ҳамчун идеологияи динӣ ва бединӣ будан дар ҷомаро накардааст. Ташкили давлати демократии дунявӣ маънои атеизмро надорад, баракс барои бунёди ҷомеаи шаҳрвандии муосир тамоми қишру табақаҳо, намояндагони динҳо ва пайравони ҷаҳонбинии ғайри динӣ ба ҳам созиш ва аҳлият намоянд. Давлатдории дунявӣ ҳам ифродгароӣ атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки инро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд.

Ҳамаи ин омилҳоро дар назар дошта моддаи якуми Конститутсияи Тоҷикистон сароғоз мешавад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимои буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд». Ҳамин интихоби дурусти миллати тоҷик аст, ки пойдории рушту пешрафт ва дастовардҳои имрӯзаи мо гардидааст.

Ҳамзамон бояд иқрор намуд, ки масъалаҳои судманди давлати, дунявӣ демакратӣ ва динӣ дар ҷомеаи тоҷикон мавзӯи баҳси доираҳои гунонуни сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию зеҳнӣ гардидааст.

Ҳизбу ҳаркатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задании дин дар ҷомеъ меҳисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти худро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демоктари метавонад, динро тараққи дода роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин аққалиятҳое низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида хатои маҳз ба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва милли проблемаҳо ҷои худро доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳаракати мардумии «Растохез», ки баъди интишори қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъияти дар ҶШС Тоҷикистон»-12-декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИТ-26-октябри соли 1991ташкил ёфт. Таҷрибаи таърихи нишон дод, ки агар ҳузбу созмонҳои оппазитсионӣ дар чорчӯбаи Консититутсия ба нияти нек амал мекарданд дар пешрафт ва гулгулшукуфии давлати тоҷикон саҳми босазои худро мегузоштанд. Лекин бо гувоҳӣ таърих ҷомеъаи тоҷик ба баҳри калоне ғӯттавар гардид, ки бо роҳбарии ва саҳми бевоситаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-июни соли 1997 дар шаҳри Москва байни гурӯҳҳои оппозитсионӣ ва тарафдорони давлати дунявӣ демократӣ созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ баста шуд, ки тоҷиконро бори дигар дар арсаи байналмилали ҳамчун миллати бофарҳангу сулҳдӯст муаррифи намуд. Баъди аз тарафи 30-хизбу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» 9-марти соли 1996 – имзо шуданд, дар Ҷумҳурӣ заминаи хуби бунёди ҷомеаи озоду демократӣ ба амал омад. Мутаасифона дар тасаввури баъзе афроди ҷомеъа ақидаҳои нодурусти дини ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгарои шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амали созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеъа дар гузашта дузду ҷинояткор ё нашъаманд будаанд. Ќисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги дини офарида аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд.

Гурӯҳҳои бадрафтор ва терорристӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанграфтаистодаи Сурияи Араб, Ироқ шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд, ҳалок шудаанд.

Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағиру таҳаввулоти бо суръати он, тарафи вусатёфтани низоҳои байнимазҳабӣ ва арзи ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд.

Аз ин ҷост, ки Ҷумҳури мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ, истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ низ ғарбгаро шуда, корвони худро аз мамлакатҳои шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло ба номи созмони ифротгароию терорристии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро баровардаи хайр карда истодааст.

Вале ин падидаи бад на танҳо пайвандии худро ба манзилҳои харобкардаи худ кандани нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст.

Яке аз ин гунна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки моро ба ҳадафи нопоки худ кашидани буданд. Овози баланди мардуми мо «Ман Ватанамро беш аз ҳар вақта дорам дӯсттар»-пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норози ҳамавақт буданду мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар кардан намешавад. Ҳамаи намудҳои фаъолияти ҲНИТ-ро ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди Ҷумҳурӣ ҳамчун ҳизби террористӣ қатъ гардонида шуд.

Вазъияти ногувори амнияти дар ҷаҳон, фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки мо сади роҳи амали шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушти устувори иқтисодиёти Ҷумҳури саҳми худро гузорем.