Душманони миллат байни баъзе афроди зудбовари мо корҳои ташвиқотӣ мебаранд ва бо ваъдаҳои пучи нафарони ифротгаро ҷавонони мо бовар карда,ба ин гурӯҳо пайваста ба модар, оила ва ватани худ хиёнат мекунанд.

Чи боис гардида, ки баъзе аз фарзандони нозпарвари тоҷик хоин ба камол расидаанд? Шояд шикваи падару модар ва аҳли оила аз мушкилиҳо ё назди телевизион ва компютерҳо нишаста аз саҳар то шом филмҳои тасвирӣ ва кинофилмҳою бозиҳои компютерии хусусияти экстримистидошта ва ё шояд мо ба  кӯдаконамон аз хурдӣ бозичаҳои ба мисли таппонча ва дигар яроқҳоро дода, онҳоро бодасти худ террорист ба воя мерасонем. Ин омилҳо ҳама дар ҷамъ фарзандонро хунсард ба воя расонида, ҳисси ватандӯстӣ ва одампарастиро аз онҳо мерабоянд.

 

Мутолиаи китоб ҷаҳонбинии фарзандони моро зиёд мекунад. Нафари китобхон шахсияти хирадманд ба воя расида, шуури худро боақидаҳои гуногуни дунявӣ пурсохта, барои худаш ақидаи муносибро интихоб менамояд ва ба дигар ташвиқотҳои нодуруст намегарояд. Китоб манбаи илму дониш ва ғизои маънавии инсоният мебошад. Инсон дар баробари ғизои бадан, ғизои ҷисмонӣ (варзиш) бояд ғизои маънавӣ низ бигирад..

Дар каломи Худованд оварда шудааст, ки «Агар Шумо ақли дуруст дошта бошед, ҳеҷ кас ба шумо зарар расонида наметавонад». Пас агар фарзанди мо китобхон бошад ва хирад дошта бошад, ӯро наметавонанд бо ташвиқотҳои нодуруст ба гурҳҳои гуногун даромезанд.

Ба хотири ба камол расонидани фарзанди солим волидайн дору нодори худро бояд сарф сохта, ба ҳар рафтору кирдори ҷигарбанди худ  аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Ин чиз метавонад фарзандро нисбатан меҳнатдӯст ва комил ба воя расонад ва пешгирандаи зуҳуроти номатлуб бошад.

Фарзанд амонати Парвардигор ба бандагон мебошад. Ҳар волидайн бояд қарзи худро назди Худо иҷро намояд: Гузоштани номи солеҳ, илму маълумот додани фарзанд ва издивоҷ намудани фарзанд бо ҳамсари солеҳро вазифаи худ донад. Агар ин қарзҳо адогарданд, мушкилоти гароиши фарзандон ба гурӯҳҳои ифротгаро  аз байн хоҳад рафт.

Таманно Шокирова, мудири шуъбаи рушдии иҷтимоӣ варобита боҷомеаи Дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб.